Муаллим ва шогирд

Аз сабаби бемории муаллими синфҳои поёнӣ ба ҷойи ӯ муаллими нав ба кор омад.

Аз сабаби бемории муаллими синфҳои поёнӣ ба ҷойи ӯ муаллими нав ба кор омад. Ӯ дарсро оғоз бахшид ва аз бачаҳо мавзӯи гузаштаро пурсид. Вақте навбат ба яке аз талабаҳо расид ва ӯ ҷавоби нодуруст дод, ҳамсабақонаш хандиданду ӯро масхара карданд. Муаллим пай бурд, ки ин шогирд пайваста мавриди тамасхур қарор мегирад. Ҳангоме ки дарс ба охир расид, муаллим он талабаро ба наздаш хонд ва ба ӯ варақае дод, ки дар он байте навишта шуда буд. Аз ӯ хост, ки то фардо байтро аз ёд кунад. Рӯзи дигар муаллим байтро дар тахтаи синф навишт ва баъди чанд лаҳза онро пок кард, аз талабаҳо хоҳиш намуд: Ҳар нафаре, ки байтро аз ёд карда бошад, даст бардорад. Ҳеч кас даст боло намекард. Танҳо касе, ки дасти худро боло бурд, ҳамон талабае буд, ки дирӯз мавриди тамасхури ҳамсолон қарор гирифта буд. Ҳамсабақонаш аз ин, ки ӯ тавонист дар муддати кӯтоҳ байтро аз ёд кунад, ҳайрон шуданд. Муаллим ӯро таҳсину офарин гуфт ва аз ҳамсабақонаш хоҳиш кард, ки барояш кафкӯбӣ кунанд. Тӯли як моҳ муаллими нав ин усулро давом дода, аз шогирдонаш мехост, ки ҳамсабақи худро мавриди лутф қарор диҳанд. Кам-кам нигоҳи талабаҳо нисбат ба ҳамсабақашон тағйир ёфт ва дигар ӯро масхара намекарданд. Ӯ низ ба худ боварӣ пайдо кард. Ба хотири боварӣ ба худ шавқу завқ ба дарс, ки муаллим ба он донишомӯз бахшида буд, тамоми талоши худро ба харҷ медод, ки он эҳсоси хуби беҳтар буданро дар назари дигарон ҳифз кунад.  Бо баҳои хуб соли таҳсилро ба анҷом расонд. Бад-ин тариқ мактаб ва сипас донишгоҳи бонуфузеро хатм карду касби докторӣ гирифт. Ӯ ҳоло беҳтарин мутахассиси пайванди ҷигар дар ҷаҳон аст.

Таҳияи Далер АЗИЗОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: