МУЛОҚОТИ ОШКОРОВУ САМИМӢ

Дар ноҳияи Қӯштеппа ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев бо ҷавонон мулоқот баргузор кард.

Дар ноҳияи Қӯштеппа ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев бо ҷавонон мулоқот баргузор кард. Он хеле ошкорову самимӣ гузашт.
– Дар се соли охир Президенти мамлакат теъдоди қабули квотаҳо ба донишгоҳҳои кишварамонро аз 90 ҳазор ба 204 ҳазор боло бурд. Дар донишгоҳҳои вилоят соли равон 23 ҳазор ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд, – гуфт Шуҳрат Ғаниев.
 Ҳоким афзуд, ки дар донишгоҳҳои қаламрави вилоят устодоне кору фаъолият мекунанд, ки ба илму фарҳанг, тарбия ва ба камол расонидани ҷавонон саҳми беназир мегузоранд.
Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки ҷавонони ноҳияи Қӯштеппа дар боло рафтани эътибор ва нуфузи вилоят ҷаҳд мекунанд. Дар миёни онҳо аълохонҳо, варзишгарони моҳир ва иштирокчиёни мусобиқаҳои гуногуни фанниву варзишӣ хеле зиёданд. Яке аз ин ҷавонон хатмкунандаи коллеҷи нақлиёти ноҳия Амирбек Орипов мебошад. Вай дар мусобиқаҳои зиёди вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз рӯи бокс ширкат варзидааст. Ҳоло ният дорад, ки дар Донишгоҳи давлатии Фарғона таҳсил намояд ва дар баробари омӯзиш дар назди ин донишгоҳ мактаби боксро ташкил карда, ҳамтоёни худро машқ диҳад.
Мадина Ҳошимова гуфт, ки мактаби махсуси рақами 2-юмро бо медали тилло хатм кардааст. Ӯ мехоҳад, ки ба донишгоҳ дохил шавад ва дар оянда муаллимаи забон ва адабиёт шавад. Ҳамчунин, Шоистахон Ҳамроалиева, Оминахон Ҷабборова, Шерзодбек Одилов, Зулолахон Муъминова, Муҳаммадрасул Миролимов барин ҷавонони ноҳия, ки мактабҳои таълимоти умумӣ ва коллеҷҳои касбу ҳунарро хатм кардаанд, иброз доштанд, ки ба донишгоҳҳо даромада, соҳиби касбу кор мешаванд ва ба халқу Ватани азизи худ хидмат мекунанд.
Тавре ки дар мулоқот гуфта шуд, Файзулло Маъруфҷонов сехи трикотаж ташкил кардааст ва ҳафт нафар ҷавонон ҳоло дар ин  сех бо кор таъмин карда шудаанд. Аҳлиддин Каримов парвариши занбӯри асалро интихоб кардааст. Ҳокими вилоят ваъда дод, ки ба ин ду ҷавони ноҳия барои тавсеаи фаъолияти соҳибкориашон 30 миллион сӯмӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда медиҳад.
Ректорони Донишгоҳи давлатии Фарғона, бахшҳои фарғонагии Донишгоҳи ахбору технологияи Тошканд, Академияи тиббии Тошканд, Донишкадаи политехникии Фарғона ва амсоли онҳо дар ин мулоқот ширкат варзиданд ва ҷавононро аз навигариҳои шартҳои қабул хабардор намуданд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: