КОНСТИТУТСИЯ — КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ ҶАВОНОН

8 декабр – Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ҳам дар идораи давлатии ҷамъият, ҳам рушди корчаллонӣ, умуман, дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо ҷавонони хушсалиқа ҷойгоҳи худро доранд. Ҷавонон дар ҷамъият вазифаи «хуни тоза»-ро иҷро мекунанд. Дар ба миён гузоштани ташаббусу ғояҳои нав, роҳандозии услубҳои кории замонавӣ нуқтаи назар ва саъю ҳаракатҳои онҳо нақши ҳалкунанда доранд. Дар Конститутсия, ба фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ, соҳиби касбу ҳунар гардидан, барпо кардани оила, соҳиби манзил шудан ва намоиш додани иқтидору салоҳияти ҷавонон кафолати ҳуқуқӣ дода шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар кишварамон барои ҷавонон, ки беш аз шаст фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд, аз ҷониби давлат корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд. Бино ба ҷорӣ намудани 5 ташаббусе, ки ба дониши пухта гирифтан, ба сифати шахси солим ба камол расидани насли наврас, ҳамчунин, дастгирии ҳамаҷонибаи шавқмандии ҷавонон ба фарҳанг, санъат, варзиш, технологияи ахбор ва китобхонӣ нигаронида шудаанд, корҳои пурсамар ба амал татбиқ карда мешаванд.
Барои лоиҳаи корчаллонии писарону духтарон дар доираи Барномаи давлатии «Ҷавонон — ояндаи мо» 4633 лоиҳаи корчаллонии арзишашон 719 млрд. сӯм ба амал татбиқ гардид. Дар минтақаҳо 125 «Гузари меҳнатии ҷавонон», 19 маркази кворкинги «Соҳибкорони ҷавон», ба оилаҳои ҷавоне, ки дар ҳаёти иҷтимоии мамлакат фаъол ширкат ҷустаанд, 1731- то «Хонаҳои ҷавонон» сохта, ба истифода супурда шуд. Дар мамлакат созмон дода шудани кӯдакистонҳои нав, мактабҳо, муассисаҳои таълими олӣ, шуъбаҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, иншооти фарҳангию варзишӣ, масканҳои таълими намунавии батамом наве, ки номи «Темурбеклар мактаби», «Президент мактаблари»-ро гирифтаанд, дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза, ба тарбияи кадрҳои насли нави болиғу рақобатпазир хидмат мекунанд.
Аз ҷониби парлумон доир ба ҷавонон зиёда аз 40 ҳуҷҷатҳои қонунӣ қабул ва беш аз 30 асноди байналхалқии ҳуқуқӣ ратификатсия карда шудааст.
Дар низоми таълиму тарбия низ ислоҳоти куллӣ ба амал татбиқ мегарданд. Вазорати таълими томактабӣ ҷорӣ, низоми таълими мактаб куллан ислоҳ карда шуд, таълими миёнаи ҳамагонии 11-сола аз нав рӯйи кор омад. Дар вилоятҳо муассисаҳои таълими олӣ, марказҳои илмию эҷодии нав созмон дода мешаванд. Квотаи қабул ба таълимгоҳҳои олӣ ба дараҷаи эҳсосшаванда вусъат пайдо кард, шаклҳои таълими олии ғоибонаву шабона барқарор карда шуд. Дар тӯли се соли охир дари  беш аз 15 шуъбаи донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои пешрафта боз гардид. Боварӣ дорем, ки  ҷавонони дар ин даргоҳҳо таҳсилкарда ба афзун гардидани иқтидор ва дар арсаи ҷаҳон ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кардани мамлакат хидмат мекунанд. 
Дар Ӯзбекистон сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон, бо назардошти мақсадҳои дақиқ, зина ба зина, дар асоси чорабиниҳои маҷмӯӣ пайгирона идома дорад. Конститутсия кафолати асосии таъмини ҳуқуқи ҷавонон мегардад.

Дилбар МАМАҶОНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи ҲХД Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: