МУНОСИБ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Дар кишвари офтобии мо ҳар сол 9-Май ҳамчун Рӯзи хотира ва қадр таҷлил карда мешавад.

Дар ин рӯз одамон ба аёдати якдигар мераванд, қабристонҳоро зиёрат мекунанд. Аз қарибону гузаштагони худ ёд менамоянд. Дар майдони Хотираи шаҳри Ҷиззах ба ин муносибат пиру барно ҷамъ омаданд.

Аз ҷониби низомиён парад гузаронида шуд. Оркестр мусиқа навохт. Ҳозирин ба пояи муҷассамаи Модари мотамзада гулҳо гузоштанд.
Мувофиқи Фармони Президент «Дар бораи рағбатноксозии иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон» аз 16 апрели соли 2024 ба се нафар ҷанговарони ҷиззахӣ  мукофоти якдафъаина ба миқдори 20 миллион сӯм ва тӯҳфаҳои арзишмандро шахсан худи ҳокими вилоят Эргаш Солиев ба манзилашон бурда супурд.
Сокини маҳаллаи Қӯш-кӯпири ноҳияи Шароф Рашидов Мамашариф Содиқов яке аз он се нафар мебошад. Ӯ имсол 102 баҳори умрро истиқбол гирифт. Аз 40 ҳазор нафар иштирокчиён ҳамин се нафар ҳоло дар қайди ҳаётанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: