Дар Ӯзбекистон истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини "Лочин" ба роҳ монда шуд

Ўзбекистон дар Осиёи Марказӣ истеҳсоли аввалин дастгоҳи парвозкунии бесарнишинро ба роҳ мемонад.

Дар ин бора хидмати матбуоти Кумитаи давлатӣ оид ба саноати мудофиа хабар дод.

Гуфта мешавад, ки дар назди кумита Маркази илмӣ-истеҳсолии маҷмӯъҳои ҳавопаймоии бесарнишин таъсис дода шудааст.

 Истеҳсоли аппаратҳои бесарнишини парвозкунии «Лочин» ва квадрокоптер бори аввал дар Осиёи Марказӣ азхуд карда, дар Ӯзбекистон ба роҳ монда шуд. Илова бар ин, онҳо ба талабот ва стандартҳои байналмилалии техникӣ комилан мувофиқанд.

"Лоиҳаи пешниҳодшуда якбора якчанд ҳадафҳоро пайгирӣ мекунад: иҷрои вазифаҳои разведкавӣ, расонидани зарбаҳо, назорати воқеии вақт, ба даст овардани маълумот ва идоракунии ҷараёни тирпарронии артиллерия. Илова бар ин, дастгоҳ дар соҳаи кишоварзӣ, нафту газ, хоҷагии ҷангал, роҳи оҳан, геология, иктишофи геологӣ, картография, топография, дефолиатсияи зироатҳо, мониторинги мамнӯъгоҳҳо, роҳҳо, инфрасохтори иҷтимоӣ ва иншооти муҳим ва дигар мақсадҳо истифода мешавад,

-- гуфта мешаваддар хабар.

Ҳамзамон, марказ бо таҷҳизоти технологӣ, аз қабили агрегатҳои васлкунӣ, таҷҳизоти технологӣ ва махсус, иншооти санҷишӣ (озмоиши лабораторӣ), ки барои истеҳсол, васлкунӣ, таъмир ва хидматрасонии системаҳои бесарнишин заруранд, пурра муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин бобат хидмати матбуоти Кумитаи давлатӣ оид ба саноати мудофиа хабар додааст, менигорад  “Uzreport”. Дар баробари ин, дар марказ лоиҳаҳои ояндадор оид ба ташкили истеҳсоли маҷмӯъҳои ҳавопаймоии бесарнишин, ки дар сатҳи стратегӣ истифода мешаванд, инчунин ташаккули корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба рушди инноватсионии (НИОКР) соҳаи авиатсияи бесарнишин амалӣ карда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: