ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА КОҲИШ ДОДАНИ САРБОРӢ БА СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ВОБАСТА БА АЗ ҶОНИБИ ОНҲО ИҶРО НАМУДАНИ ӮҲДАДОРИҲОИ ҚАРЗӢ ДАР АСЪОРИ ХОРИҶӢ

Ба мақсади таъмини субъектҳои соҳибкорӣ бо воситаҳои дарозмуҳлати қарзӣ, коҳиш додани хавфҳои асъории онҳо, инчунин таъмини иҷрои вазифаҳои дар доираи мулоқоти кушоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо соҳибкорон муайяншуда, ки 20 августи соли 2021 бинобар бевосита омӯхтани мушкилот ва пешниҳодҳои соҳибкорон ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи соҳибкорӣ баргузор гардид:

Ба мақсади таъмини субъектҳои соҳибкорӣ бо воситаҳои дарозмуҳлати қарзӣ, коҳиш додани хавфҳои асъории онҳо, инчунин таъмини иҷрои вазифаҳои дар доираи мулоқоти кушоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо соҳибкорон муайяншуда, ки 20 августи соли 2021 бинобар бевосита омӯхтани мушкилот ва пешниҳодҳои соҳибкорон ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи соҳибкорӣ баргузор гардид:
1. Ба эътибор гирифта шавад, ки ба мақсади коҳиш додани хавфҳои асъории субъектҳои соҳибкорӣ вомҳои ба миқдори то 1 миллион доллари ИМА-и бо асъори хориҷӣ ҷудошуда, аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ба асъори миллӣ табдил мешаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки ҳангоми ба асъори миллӣ гузарондани қарзҳои бонкҳои тиҷоратии дар асъори хориҷӣ гирифташуда, аз ҳисоби Фонди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ (минбаъд – Фонд) барои пӯшондани хароҷоти фоизӣ дар қисми барзиёдии ставкаи асосии бонки марказӣ, аммо на беш аз 5 банди фоизӣ, вомҳои субъектҳои соҳибкорӣ, ки оиди додани ҷуброн шартномаҳои ҷорӣ доранд, аз эквиваленти 1 миллион доллари ИМА зиёд намебошад ва ставкаи фоизӣ, ки аз 1,75 баробари миқдори ставкаи асосии Бонки марказӣ зиёд намебошад, ҷуброн пешниҳод карда мешавад.
Дар ин бобат ба Фонд рухсат дода мешавад, ки миқдори ҷории ҷубронро оид ба қарзҳои мазкур аз нав ҳисоб карда, миқдори умумии онҳоро мутаносибан тағйир диҳад.
3. Муайян карда шавад, ки аз 1 ноябри соли 2021 вомҳо (қарзҳо), ки аз ҳисоби маблағи институтҳои байналмилалии молиявӣ ва созмонҳои молиявии ҳукуматии хориҷӣ ҷалб карда шудаанд, (минбаъд – ИБМ ва СМҲХ) аз номи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асъори хориҷӣ ба мақсади бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳои соҳибкорӣ аз ҷониби созмонҳои молиявие, ки дар лоиҳаҳо иштирок менамоянд, ба муҳлати на кам 10 сол ё ба муҳлати ҷалби онҳо аз нав маблағгузорӣ карда мешаванд.
4. Агентии оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушди назди Вазорати сармояҳо ва тиҷорати хориҷӣ якҷоя бо вазорату идораҳои барои лоиҳа масъул, ки бо иштироки ИБМ ва СМҲХ аз нав маблағгузорӣ карда мешаванд, дар асоси доимӣ бинобар натиҷаҳои ҳар як семоҳа дар сомонаи расмии худ иттилоотро дар бораи сублоиҳаҳо, ки дар доираи лоиҳаҳо маблағгузорӣ мешаванд, инчунин натиҷаҳои мониторинги татбиқи саривақтӣ ва самарабахши онҳо чоп намоянд.
5. Ба Низом дар бораи Фонди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкории назди Агентии рушди соҳибкорӣ, ки бо қарори Девони Вазирон аз 17 феврали соли 2021 №77 мувофиқи замима тасдиқ шудааст, тағйирот ворид карда шавад.
6. Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ якҷоя бо идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод ворид намояд.
7. Ба зиммаи вазири молия Т.А.Ишметов, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва коҳиш додани камбизоатӣ С.М.Холхӯҷаев ва муовини якуми вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ А.Б.Воитов барои ташкили самарабахши иҷрои қарори мазкур ҷавобгарии шахсӣ гузошта шавад.
Муҳокимаи рафти иҷрои қарори мазкур, амалӣ гардондани мутобиқсозӣ ва назорати фаъолияти идораҳои барои иҷрои он масъул ба зиммаи муовинони Сарвазир Ҷ.А.Қӯчқоров ва С.У.Умурзоқов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
27 октябри соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: