Намояндаи махсуси Президенти Ӯзбекистон бо намояндаи РКО СММ оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ мулоқот кард

2 марти соли 2022 намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Иргашев бо намояндаи Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳои Осиёи Марказӣ Ҳанс Фридрих Шоддер мулоқот кард.

Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо  дар Афғонистон баррасӣ шуд.

Х.Ф.Шоддер ба саъю кӯшиши Ӯзбекистон барои муқаррар намудани сулҳи дарозмуддат ва пойдор дар Афғонистон баҳои баланд дод.

Зарурати фаъол гардонидани ҳамкорӣ дар самти расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон қайд карда шуд.

Намояндаи РКОГ ба роҳбарияти Ӯзбекистон барои мусоидат дар ташкили маркази бисёрфунксионалии нақлиётию логистикӣ дар шаҳри Тирмиз барои расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон изҳори сипос намуд. Дар робита ба ин, имкони густариши истифода аз ин марказ ба унвони як нуқтаи аслии интиқоли борҳои башардӯстона барои кумак ба амалиёти Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон на танҳо дар Афғонистон, балки дар Эрон ва Осиёи Марказӣ низ баррасӣ шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: