ЗИНДАГИИ ИБРАТБАХШИ МУАЛЛИМИ ҶАНГОВАР

Зиндагии инсон шабеҳи рангинкамон аст.

Он ба ҳар ранг ҷило медиҳад. Ҳаёти инсон якранг набудааст. Он пасту баландӣ ва бурду ноомадиҳо доштааст. Шириниву завқи зиндагӣ ҳам дар ҳамин будааст. Дар ин ҳама ҷараён инсонро сабру бардошт, маънавияти воло зарур мебошад.
Қаҳрамони мо аз ин ҳама таззодҳо орӣ набуд. Санҷишҳои зиндагӣ ӯро аллакай овони кӯдакӣ имтиҳон карда буд. Турсунмурод  дар сесолагӣ аз падар ятим монд. Тарбия ва парвариши ӯ ба зиммаи модар ва бародараш Субҳон монд. Ба умед ӯро Турсунмурод ном ниҳодаанд. Ӯро умри дароз хостанд, то ба мақсаду мурод бирасад. 
Турсунмурод 10 феврали соли 1918 дар деҳаи зебоманзари Миёни донич аз оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Овони кӯдакиву наврасии ӯ дар ҳамин деҳаи бағали кӯҳ гузаштааст. Деҳаи Миёни донич ду гузар дошт: Миёни доничи поёнӣ ва Миёни доничи болоӣ. Деҳа дар самти чапи сой дарозо тӯл кашида буд. Хонаҳо аз санг бунёд ёфта, гузарҳоро тангнои дара аз ҳам ҷудо менамуд. Овони наврасии Турсунмурод байни ду гузар сари сангу харсангҳо ва қуллаҳои кӯҳӣ бо ҳамсолонаш гузаштааст. Бачаҳои кӯҳистон одатан чустучолок ба воя мерасанд. Кӯҳгардӣ онҳоро одат буд. Ҳаррӯз ба қуллаи номдори Тахти сафо буромаду фуромад доштанд.
Соли 1930 дар деҳа мактаб ташкил ёфт. Турсунмуроди дувоздаҳсола ба мактаб рафт. Ӯро шавқи баланд бурд ба хондан. Қобилияти хуби қабул дошт. Зуд хондану навиштан омӯхт. Мехост ҳунар омӯзад, ба модару бародар кӯмак намояд. Ба ин мақсад моҳи сентябри соли 1936 ба курси панҷмоҳаи муҳосибии шаҳри Ҷиззах дохил шуд. Пас аз хатми он дар колхози «Ҳаёти нав» дар вазифаи ҳисобчӣ фаъолият намуд. Ӯро, ки қобилият ва саводи хуб дошт, ба газетаи «Париж коммунаси» ба кор даъват намуданд. Солҳои 1937-1939 он ҷо ҳамчун ҳуруфчин фаъолият намудааст.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шараф, дарси мардонагӣ буд. Моҳи октябри соли 1939 Турсунмуроди обутобёфтаро ба хидмати ҳарбӣ даъват намуданд. Сол ноором буд. Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз ёфт. Омодагии ҳарбиро хуб гузашт. Рутбаи сержантро гирифт. Олмони фашистӣ аҳдшиканона ба сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум намуд. Турсунмуроди ҷасурро рӯзҳои аввали оғози ҷанг ба хати пеши фронт сафарбар намуданд. Ӯ дар хати пеши фронти дуюми Белорус чун командири бригадаи артиллеристӣ адои хизмат намуд. Ӯро чун командири кордону фаъол ҳамон соли 1941 ба сафи ҳизби коммунист пазируфтанд. Бригадаи артиллеристони Турсунмурод дар озодкунии шаҳри Валдай фаъол иштирок намуд. Барои ин корнома Турсунмурод бо медали «За отвагу» сарфароз гардонида шуд. Дар ҳамин муҳориба ҷароҳат гирифт. Пас аз се моҳи табобат боз ба хати пеши фронт баргашт. 
Соли 1942 ҳангоми мудофиаи роҳи Волокаламск – Ленинград дар ҷанги болои яхи кӯли Илмен бори дуюм захм бардошт. Пас аз табобат боз ба фронт баргашт. Ва ҳангоми озодкунии шаҳри Новохапёрск бори сеюм маҷрӯҳ гардид. Ду моҳ дар госпитали шаҳри Ярославл табобат гирифт. Барои корномаҳояш бо медали «За боевие заслуги» тақдиронида шуд.
Ӯ, ки забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекиро хуб медонист ва ба замми ин таҷрибаи ҳуруфчинӣ дошт, ба газетаҳои дузабонаи «За Родину» ва «Ватан учун» ба кор фиристоданд. Кор дар редаксия ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, маънавияту маърифати Турсунмурод бетаъсир намонд. Ин ҷо ӯ бо нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, адибони ӯзбекзабон Назармат Эгамназаров ва Ваҳҳобҷон Ашуров паҳлу ба паҳлу фаъолият намуда, бо онҳо ошноӣ пайдо намуд. Бо чунин адибони номдор ҳамкорӣ намудан бахт буд Турсунмуродро. Ва то дами вопасин бо онҳо робитаи қавӣ дошт.
То моҳи ноябри соли 1946 ӯро дар редаксия нигоҳ доштанд. Ба ҷавонон сиру асрори ҳуруфчиниро омӯзонд. 
Турсунмурод охири моҳи ноябри соли 1946 ба зодгоҳ баргашт. Ва аз 10 декабри соли 1946 дар мактаби рақами 28-уми деҳаи Эҷ (ҳоло мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато) чун омӯзгори забони русӣ фаъолияти худро оғоз намуд. Турсунмуроди ташнаи илм мунтазам дониш ва таҷрибаи худро такомул медод. Ба ин ҳама қонеъ нагардида, солҳои 1949–1952 факултаи таърихи Институти муаллимтайёркунии Самарқандро хатм намуда, ба гирифтани ихтисоси муаррих ноил гардид. Ва то синни нафақа ба фарзандони ҳамдеҳагон дарс гуфтааст. 
Чандин насли деҳоти Эҷро ҳаққи устодӣ дорад. Ба вижа муаллифи ин сатрҳоро. Тақрибан ҳашт сол аз устод сабақ гирифтаам. Зиндагиномаи устод худ як сабақест ҷавононро. Аввалин духтаре, ки аз деҳоти Эҷ хондан рафтаву маълумоти олӣ гирифтааст, маҳз духтари устод Моҳбика мебошад. Ин духтари шуҷоъ техникуми тиббиро хатм намуда, сипас факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ду писари устод – Ҷӯрабой ва Султонмурод пешаи падарро интихоб намуда, ҳоло ба кори омӯзгорӣ машғул мебошанд. Касби падарро сарбаландона пеш мебаранд.
Устод Турсунмурод натанҳо омӯзгор, балки боғбони моҳир низ буданд. Ҳамон себу шафтолу, ангуру чормағзҳои устодро ёд дорем. Ҳар фасли тирамоҳ сатил-сатил аз он меваҳои шаҳдбор ба мактаб меоварданд. Каминаро иттифоқ афтода, ки чанд сол бо устод якҷо фаъолият намудаам. Симояш ҳамон дар ёдам. Ҷуссаашон он қадар бузург набуд. Хеле чустучолок, марди меҳнаткаш буданд.
Умри пурбаракат ва ҳаёти намунавиро аз сар гузарониданд. Омаданро рафтан будааст. Устоди меҳрубон ва мушфиқи садҳо шогирдон соли 2000-ум реҳлат намуданд. Мегӯянд, ки кори неку зикри хайр зинда кунад номро. Аз устод кори неку зикри хайр боқӣ мондааст. 

Ӯзбакбойи  РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: