АЗ МАРГИ Ӯ ДАР ҚАЛБИ МО САД ДОҒ МОНД

Рӯзҳои охирини фасли гармо буд.

Тирамоҳи заррин бо файзу баракоти хоси худ фаро мерасид. Бодҳои сабуки форам аз омадани рӯзҳои салқину роҳатбахш пайғом медод. Баргҳои барвақт хазонгаштаи дарахтон аз як нафаси сабуки боди сарсарӣ ба рехтан сар карданд.
Ана, як барги хазон аз як шохи дарахти азим канда шуд, чарх зада-чарх зада оҳиста ба замин афтид...
Умри одамиро низ ба чор фасли сол ташбеҳ медиҳанд пирони рӯзгордида. Агар таъбир ҷоиз бошад, дар ҳамин мавсими пурсамар, баҳраманд гаштан аз меваҳои пуршаҳду шакари боғи бунёднамудаи хеш, орамидану болидан аз самараи заҳматҳои худ, роҳат кардану давлати пирӣ рондан дар оғӯши фарзандону наберагон ба Сайрами мо насиб накард. Пайвандону ҷигарбандони худро гирифтори ғаму андӯҳи гарону дидаҳои гирён намуда, моро тарк гуфт.
Дар бораи ӯ навиштани сӯгнома бароям мушкил аст, гиря гулӯгир мекунаду қалам меларзад. Беихтиёр суханони шоири тавонои Ниҳондара, шодравон Абдуллоҳи Раҳмон ба ёдам мерасад, ки дар ёдбуди шогирд ва ҳампешаи худ Зебуннисо Шокирова бо дидаҳои ашколуд аз забони қофиласолори шоирони хамсанавис Ҳаким Низомӣ гуфта буд:
Ҳамегуфтам, ки Хоқонӣ 
дареғогӯи ман бошад,
Дареғо, ман шудам охир 
дареғогӯи Хоқонӣ.
Ман ҳам аз шогирди босадоқат, мисли хоҳар меҳрубону мушфиқ, ҳамкору ҳамфикри худ умеди бисёр доштам. Афсӯс, имрӯз дар бораи ӯ чизе менависам, берангу бенур...
Сайрамбону яке аз шогирдони муаллими забону адабиёти мактаби рақами 38, шоир Абдуллоҳи Раҳмон буд. Ман дар тӯли омӯзгории чилсолаи худ ба чунин хулосае омадам, ки дар кадом мактабе, ки муаллими соҳибилму донишманд фаъолият дорад, мактаб ба номи ҳамон устод муаррифӣ мешавад ва шогирдони беҳтарин ҳам аз ҳамон мактаб мебароянд.
Ва Абдуллоҳи шоир ҳам дар ин маскани илм мактаби дигари шоирӣ, муҳити адабии ибратбахше созмон дода буд, ки имрӯзҳо ҳам чароғи ин маҳфилро шоира Саодат Сангинова, Розия Бадалова, Маъсума Бобокалонова барин муаллимони эҷодкор фурӯзон нигоҳ медоранд.
Сайрамҷони мо аз ин маҳфили адабӣ, аз дарсҳои волои Абдуллоҳ баҳраманд гардида, фаъолияташро бо амри тақдир дар мактаби рақами 12 идома дод. Бо ибораи худи ӯ «дар мактаби зодгоҳ таълим гирифтаму дар кӯраи оташи ин мактаб пухтам».
Ҷамоаи педагогии мактаб дар таълими забону адабиёт дар ноҳия чун мактаби такягоҳ маҳсуб меёфт.
Бешубҳа, ҷамоаи ҳамонвақтаи мактаб аз муаллимони соҳибилму донишманд ташкил ёфта буд. Ба ғайр аз забону адабиёт аз фанҳои физика, математика, информатика, химия, биология муаллимони донандаи касби худ дарс мегуфтанд. Самараи меҳнати беминнати ин устодон буд, ки шогирдони зиёди ин дабистон ба макотиби олии шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва Тоҷикистон дохил мешуданд. Мактабҳо тоҷикӣ буд, репетитор набуд.
Имрӯзҳо баъзе падару модарон айби ба донишгоҳ дохил шуда натавонистани фарзандони худро дар забони тоҷикӣ таълим гирифтани онҳо дониста, тағйири забони таълимро тарафдорӣ  мекунанд ва авомона теша ба решаи забони миллати худ мезананд. Ба қавли шоир:
Ту табарро даста додӣ, 
то бибуррад решаатро,
Мебурандад, мебарандад, 
ин чӣ қисмат, ин чӣ савдо?
Сайрамбону низ дар чунин муҳити бофарҳангу илмдӯст кор кард, омӯхт, обутоб ёфт. Дар семинару конференсияҳои ноҳиявӣ бо маърӯзаву пешниҳодҳои худ ба баланд бардоштани сифати таълим, дар шогирдон тарбия намудани ҳисси худогоҳӣ, хештаншиносӣ ҳисса мегузошт. 
Соли 1995 дар хониши педагогии муаллимони  вилоят дар мавзӯи «Таълими шеъри «Дар насиҳати фарзанд»-и Эраҷ Мирзо» баромад намуда, соҳиби ҷойи дувум гардид. Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» буд.
Вай бо як диди баланд хонаи муҷаҳҳази алифбои ниёгон созмон дод. Сохтани кабинети намунавӣ барои як муаллима дар давоми таътил кори чандон осон набуд. Утоқи хати ниёгони муаллима яке аз беҳтарин кабинетҳои фаннӣ буд ва аз дигар мактабҳо омада аз вай андоза мегирифтанд. Ҳамон солҳо дар мактабҳо хати ниёгон таълим дода мешуд ва муаллима яке аз устодони ангуштшумори он буд.
Соли 2006 бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» тақдир карда шуд. Табиатан орому ботамкин буд. Мо зиёда аз 35 сол дар як ҷамоаи омӯзгорӣ кор кардем, лаҳзаҳои шодиву ғамро бо ҳам дидем, ӯ бароям ба ғайр аз хешӣ ҳамкор, шогирд, чун хоҳар ба дилу дида наздик буд. Ҳаёти худро бидуни мактаб тасаввур намекард. Ҳамин гуна дилбастаи пешаи худ буд.
Ногаҳон бемор шуд. Сеюним сол бо дарди ҷонкоҳ даст ба гиребон шуд, беморӣ ӯро аз пой афтонда, марги бармаҳал аз байни мо ба олами абадӣ бурд.
Табибон ташхиси саратон монданд. Аз рӯзи аввали фаҳмидани сабаби бемории вай дили наздикони ӯро ғами оқибати бадфарҷоми қисмати ӯ фаро гирифта буд. Вале ҳеҷ кас ба тақдир тан доданӣ набуд. Дари беморхонаҳои Тирмизу Бухоро, Самарқанду Тошкандро бо иборае охурча карданд. Гуфтанд, ки илми табобати Ҳиндустон хеле пеш рафтааст, беморон рафта шифо ёфта омада истодаанд.
Ба қароре омаданд, ки ба Ҳиндустон мебаранд. Ба назди табибони ҳинд ҳам бурданд, на як бору ду бор. Ҳамаи фармудаи табибонро ба ҷо оварданд. Боре аксе фиристод, ки дар назди Тоҷмаҳал гирифта буд. Ҳамон Тоҷмаҳале, ки чун ёдгорӣ аз ишқу муҳаббати инсонӣ, муқаддас будани хотираи инсон, чун нишонаи садоқат то ин замон вирди забонҳост. Сайрамбону оиди ин обидаи таърихӣ, мӯъҷизаи дасти инсон ба шогирдони худ борҳо бо ҳаяҷону эҳтирос дарсҳо гузаштааст. Ба вай ба чашми худ дидани мақбараи малика Мумтозмаҳал муяссар шуд, лекин бо тани солиму кайфияти хуш, бо дили лабрези шодӣ тамошо кардан, ҳаловат бурдан насиб накард. Дар ҳамаи ин сафарҳои Ҳиндустону ҷарроҳиҳои чандинкарата шавҳараш Исматулло дилашро ғаш мекард. Сайрамҷон то нафаси охирин ба меҳру дастгирӣ ва эътибори шавҳараш такя кард. Ҳатто вақти назъи ҷон ҳам дасти шавҳарашро маҳкам дошта, ҷон ба ҷонофарин супурд.
Дар яке аз аёдатҳоям дар аснои суҳбат аз такудаву сафарҳо монда шудани худро изҳор карда, ба дадеш мегӯям, ки дигар ба ҷое намеравам, чизе дар насибам бошад, тан медиҳам, давиданҳо фоида надорад. Он кас мегӯянд, ки «то ҷон дорам медавам, ба куҷое, ки бошад мебарам, ту ҳеҷ кор накун, ҳамин қади рост дар хона бошӣ шуд. Ҳеҷ як хонаро бе зан накунад. Ман медонам хонаи безану беочаро...» – гуфт.
Исматулло ҳам аз ҳамин гуна пешомад метарсид. Ба сари ӯ он рӯзи сахту гарон омад.
Исматуллову Сайрам оилае доштанд осоишта, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром пойдор буд, соҳиби ду духтару ду писар. Фарзандон дар мактаби миёна боодобу аълохон, ба ғайр аз Садбарг, ки саводи хуб дошту ҳаваси мактаби олӣ накард ва ҳоло кадбонуи хубу модари фарзандон, ҳама соҳиби маълумоту мутахассиси хуби соҳаи худанд.
Духтари калонӣ Шабнам чун ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба мактаби олӣ – факултети филологияи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд бе имтиҳон дохил шуда, бо дипломи аъло хатм намуд. Алҳол бо тарбияи фарзандон машғул аст. Духтараш Афрӯза Ҳамдамова шоҳмотбоз аст. Вай 5 бор чемпиони ҷаҳон, 12 бор чемпиони Осиё дар байни наврасон мебошад. Ба қарибӣ дар Нидерландия Олимпиадаи ҷаҳонӣ байни наврасони то 16 сола соҳиби ҷои дуввум гардид. 
Фарзандони дигари Сайрамҷон – Шаҳзоду Ҷамшед ҳам соҳиби хонаву дару фарзандони дӯстрӯ, дар корхонаҳои давлатӣ кору фаъолият доранд.
Фурсати роҳати фарзандонро дида, дар сояи давлати онҳо роҳати пирӣ рондан расида буд.
Афсӯс, сад афсӯс!
Инсон бо ҳама бузургиву иқтидор назди ҳукми парвардигор заифу оҷиз аст.  Бо ҳамон роҳи рафтагон мо низ хоҳем рафт. Инсон бояд ҳар як лаҳзаи умрро ғанимат дониста, аз паи амали хайр камар бибандад, аз худ хотираи нек монад.
Ёдат ба хайр, хоҳари азиз! 

Иноят ҶӮРАЕВА,
муаллимаи собиқадори 
мактаби рақами 12-уми 
ноҳияи Сариосиё.

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: