Назаре аз Белорус: МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА ОЛИЙ МАҶЛИС МАҚСАДИ ҲУКУМАТРО БОБАТИ БО ХАЛҚ БАРГУЗОР КАРДАНИ МУЛОҚОТИ НАМОИШКОРОНА НЕ, БАЛКИ СОФДИЛОНАВУ ОШКОРОРО СОБИТ МЕНАМОЯД

Дар гузориш бо хабарнигори ОИ «Дунё» профессори факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Белорус Виктор Шадурский фикру ақидаҳои худро нисбат ба Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистон ба парлумони мамлакат ва рушди кунунии ҷумҳурӣ иброз дошт.

Дар гузориш бо хабарнигори ОИ «Дунё» профессори факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Белорус Виктор Шадурский фикру ақидаҳои худро нисбат ба Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистон ба парлумони мамлакат ва рушди кунунии ҷумҳурӣ иброз дошт. 
Аз ҷумла, вай қайд намуд, ки «бидуни ҳама гуна муболиға метавон изҳор дошт, ки Ӯзбекистони босуръати баланд инкишофёфтаистода, изҳороти санҷидашуда ва амалҳои қатъии сарвари он Шавкат Мирзиёев боиси эътибори ҷиддии сиёсатмадорон ва коршиносони хориҷи наздику дур мегарданд».
– Дар Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис баробари дастурҳо ва маълумоти умумӣ,  нақшаҳои мушаххаси амалиёт низ дар ин ҳуҷҷати бузургу  пурмазмун нишон дода шудаанд, – гуфт коршинос. – Дар он бисёр рақамҳо ва санадҳо таҳлил мешаванд, ҳаҷми захираҳои молиявӣ, ки барои ҳаллу фасли вазифаҳои аз  ҳама ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ равона хоҳанд шуд, баён меёбанд. Корбурди муносибате, ки баҳои умумӣ ва қарори махсусро дар бар мегирад, шаҳодати он мебошад, ки ҳукумат вазъиятро дар мамлакат хуб медонад, ҳамчунин доираи корҳои пешистодаро дар сатҳи шаҳрҳо, деҳот ва ҳатто маҳаллаи муайян дарк менамояд. 
Равандҳои асосие, ки дар Муроҷиатнома равшан ба назар мерасанд, талаботи шаффоф ва ошкоро дар ҷараёни қабул кардани қарорҳо дар тамоми зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, баррасии манфиатдории ҷамъиятӣ ба шумор мераванд. Истифодаи васеи механизмҳое чун низоми баррасии ҷамъиятӣ, мониторинги ҷамъиятӣ, эътироф кардани нақши мусбати созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ аз ин ҷумла мебошанд. Он ҷиҳат, ки иштироки воқеӣ, на фақат намоишкоронаи аҳолӣ барои баҳодиҳӣ бар қарорҳои давлат ва чорабиниҳои идоравӣ имкон медиҳад аз бисёр хатоҳои ҷиддӣ халос хурад, дигаргуниҳои заруриро ҳамзамон бо инҳо ба  назария ва амалия ҷорӣ кунад. Маҳз чунин сиёсат барои демократияи воқеӣ шароит фароҳам меорад, волоияти ҳуқуқро таъмин месозад. Тавре ки Президент Шавкат Мирзиёев изҳор дошт: «Ошкорбаёнӣ ва озодии сухан ин тақозои замон, талаботи ислоҳот дар Ӯзбекистон мебошад». 
Баробари он ки Муроҷиатнома сазовори баҳои мусбати роҳбарони сиёсии мамлакат шуд, боиси эътибор ва дастгирии васеъ аз ҷониби ҷомеаи Ӯзбекистон гардид, дар он душворӣ ва мушкилоти ҷиддии мамлакат: бекорӣ, даромади пасти садҳо ҳазор ҳамватанон, (ба хусус дар деҳот), тамаъгарӣ, сатҳи нокофии тайёр кардани кадрҳои идоракунанда ва дигар ҳодисаҳои манфӣ кушоду равшан эътироф карда мешаванд. Ин мақсади ҳукуматро бобати бо халқ баргузор кардани мулоқоти намоишкорона не, балки софдилона ва рӯшодро собит  менамояд. 
Дар бунёди Ӯзбекистони нав роҳбарияти мамлакат ба ҷавонон такя мекунад. Исботи ин раванди муҳим нафақат «Соли дастгирии ҷавонон ва таҳкими саломатии аҳолӣ» эълон гардидани соли 2021 мебошад. Моҳияти роҳи интихобшуда аз вусъат додани имконияти ҷавонон бинобар гирифтани таълими миёна ва олӣ, аз дастгирии маънавиву моддии писарону духтарони соҳибистеъдоди  оилаҳои камтаъмин иборат аст. Ба фикри мо, қарор бобати дар мамлакат созмон додани мактабҳои махсус оид ба илмҳои табиӣ, ба сифати самти  бартаринок муайян намудани  таълими физика ва забонҳои хориҷӣ дар соли фарорасида сазовори эътибор мебошад.
Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки дар Муроҷиатнома истинод ба монеаҳои берунӣ, ки таълими дохилиро бозмедоранд, вуҷуд надорад. 
Президент аз ҷаҳон ноошноёнро нафақат намеҷӯяд. Баръакс, вай ба роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, СУТ, роҳбарони кишварҳои хориҷӣ барои кӯмакашон дар давраи пандемия миннатдорӣ баён мекунад. Роҳбари давлат пешрафтҳои мусбатро дар муносибат бо Иттиҳоди Аврупо, сохторҳои байналхалқии молиявӣ таъкид менамояд. Метавон хулоса кард, ки  Ӯзбекистон воқеан аз хориҷа ноошноёнро намекобад, балки шариконро меҷӯяд!
Президенти Ӯзбекистон дуруст таъкид месозад, ки вазифаҳои дар соли 2021 пешбининамудаи мамлакатро иҷро кардан осон нест. Вале ман худро дар сафи рӯҳбаландҳо гузошта, бисёр мехоҳам, ки Ӯзбекистони дӯст ба комёбиҳои пешбиникардааш муваффақ гардад, то ки дар натиҷаи сиёсати татбиқнамуда некӯҳоливу фаровонҳолии миллионҳо нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон беҳтар шавад.
Таҷрибаи мусбати Ӯзбекистон аз ҷониби кишварҳои дигаре, ки дар давраи гузариш «саргум» шудаанд, албатта, истифода хоҳад шуд. Нафақат моҳияти миллии  ислоҳоти Ӯзбекистон, балки биниши байналхалқии он низ аз ҳамин иборат мебошад. 

АИ «Дунё»,
МИНСК. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: