Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки чорабиниҳои бузурги ФИФА дар кишвари мо баргузор карда шавад

  • Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки чорабиниҳои бузурги ФИФА дар кишвари мо баргузор карда шавад

Масъалаҳои оммавӣ гардондани футбол дар кишвари мо ва якҷоя баргузор намудани чорабиниҳои бузург дар рафти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбари Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфантино, ки 5 май баргузор гардид, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Роҳбари созмони бонуфузи ҷаҳонии варзишӣ ба ислоҳоте, ки дар кишварамон оид ба рушди футбол, ба он васеъ ҷалб намудани ҷавонон ва духтарон, тарбияи истеъдодҳо, фароҳам овардани инфрасохтори дастрасу замонавӣ, тайёр кардани мураббиёну мутахассисони соҳибихтисос татбиқ мегарданд, баҳои баланд дода, онро ҳамаҷониба дастгирӣ намуд.

Вай роҳбари Ӯзбекистонро бо пирӯзии ба қарибии мунтахаби миллии ҷавонон дар ҷоми Осиё самимона табрик гуфт, ки ба гуфтаи ӯ боз як тасдиқи самарабахшии корҳои амалӣ дар ин самт мебошад.

Зимни вохӯрӣ бо қаноатмандии хоса сатҳи баланди ҳамкории зич ва судманд байни Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ва ФИФА қайд карда шуд, ки дар доираи он дар айни ҳол оид ба ташкил кардани кластери замонавии футбол дар мамлакати мо тадбирҳо андешида мешаванд.

Ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои ҷаҳонии варзишӣ ва чемпионатҳо дар Ӯзбекистон, тавсеаи кумаки техникӣ дар омодагии дастаи мунтахаби миллӣ, рушди инфрасохтор ва иқтидори Ассотсиатсияи мо, инчунин таҳияи механизми хоста гирифтани футболбозони боистеъдод таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: