Оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳуҷҷатҳои муҳим имзо шуданд

Оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳуҷҷатҳои муҳим имзо шуданд

Дар доираи барномаи иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи Генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО), ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Эъломия дар бораи ба Самарқанд додани мақоми «Пойтахти ҷаҳонии сайёҳии маданӣ» ва Созишнома дар бораи созмон додани Академияи байналмилалии сайёҳӣ қабул гардид.

Ҳуҷҷатҳоро вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Абдуҳакимов ва Котиби генералии ЮНВТО З.Пололикашвили имзо карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: