ПАДАР ПАХТАКОРУ...ДУХТАР ДӮЗАНДА

Табиати одамӣ ҳамин хел: дар аввали кор аз навоварӣ, яъне аз тарзу услуби нави кор, ё худ аз оғоз кардани кори барояш бегона андак меҳаросад.

Гумону шубҳаҳое мисли “оё аз ӯҳдааш мебаромада бошам?”, ”оё ин корам дуруст бошад?”, “оё шарманда намешавам?” ӯро ором намегузоранд...
Аммо ҷараёни пуршиддати имрӯзаи зиндагӣ чу дарёи маст маҷроҳои нав ба нав мехоҳад. Бармеояд, ки зиндагӣ  моро ба роҳи нав ҷустан водор мекунад...
Ба пайдо шудани “кластер”-ҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз се сол ҳам нашудааст. Аммо дар ҳамин муддати кӯтоҳ ҳам ин услуби корбарӣ бартариятҳои худро нишон дода тавонист ва онҳое, ки ба дурустии чунин тарзи корбарӣ шубҳа доштанд, хатои худро дарк карданд...
Соли сипаригашта пахтакорони вилояти Сирдарё 190 ҳазор тонна ҳосили пахта ғундоштанд. 120 ҳазор тоннаи ин ҳосилро “Бек кластер”, “Боёвут техагро”, “Индорама агро” ва “Политекс Сирдарё” барин кластерҳое, ки дар вилоят фаъолияташонро ба роҳ монданд, истеҳсол карданд. Ҳоло сухан аз хусуси яке аз ин кластерҳо меравад.
Расо як сол қабл, яъне дар аввали соли 2019 овоза шуд, ки фермерони ноҳияи Сайҳунобод ба тарзи корбарии “кластер” мегузаранд ва аз ин баъзеҳо шод шуданду  ҳавсалаи баъзеҳо пир шуд. Дере нагузашта соҳибкори ботаҷриба Дилмурод Абдураҳмонов бо хоҷагиҳои фермерии ноҳия шартнома баста, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Политекс Сирдарё”, яъне кластери нисбатан хурдро таъсис дод. Бо қарори махсуси ҳукумат ба ин ҷамъият 17450 гектар замин ҷудо карда шуд.
Барои бомувафаққият таъмин кардани кори кластер таҷрибаи пешқадами Туркия, Хитой ва Исроил амиқ омӯхта шуд. Дар ҳамкорӣ бо мутахассисон Институти хокшиносӣ таркиби хоки ҳар як қитъа замини ба ихтиёри кластер додашуда то ду метр амиқӣ таҳлил гардид ва дар асоси ин таҳлили илмӣ барои ҳар як қитъаи зироаткорӣ тадбирҳои мелиоративию агротехникӣ таъин карда шуд. Корҳои заминҳамворкунӣ бо воситаи асбобҳои лазерӣ амалӣ гардид. Ҷамоаи кластер бо мақсади баланд бардоштани ҳолати мелиоративии замин, таъмини шаффофии корҳои агротехникӣ ва дар оянда рӯёндани ҳосили баланд аз ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзагролизинг” ба маблағи 14614,9 миллион сӯм воситаи гуногуни техникаи хоҷагии қишлоқро бо роҳи лизинг харид.
Алҳол ҷамоаи кластер ба ҳосили соли ҷорӣ тайёрӣ мебинад. Аз ҷумла захираи поруҳои маъданӣ, воситаҳои ҳимояи зироат, регуляторҳои ривоҷдиҳии зироат барпо карда мешаванд. Бо ин мақсад аз ҷамъияти саҳҳомии “Максам Чирчиқ” аллакай 80 тонна селитра, 2900 тонна сулфат, 1800 тонна карбамид... ва дигар поруҳои маъданиву воситаҳои кимиёӣ, ангезандаҳо харид шуданд.
Алҳол бо мақсади аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин намудани фаъолияти барқарори кластер хоҷагиҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ ташкил карда мешаванд. Ғайр аз ин мувофиқи реҷаи ҷамоаи кластер ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Сайҳунобод сохтмони заводи газвор идома дорад, ки бояд моҳи августи соли ҷорӣ ба истифода супорида шавад ва 700 нафар ҷавононро бо кор таъмин намояд. Барои сохтмони ин корхона бо яке аз ширкатҳои шаҳри Мёнҳенгладбахи Олмон ба маблағи беш аз 18,5 миллион евро шартнома ба имзо расидааст. Дар ояндаи наздик дар асоси технологияи Чин бунёди заводи истеҳсоли равғани пахта ва корхонаи кӯчаки истеҳсоли орд пешбинӣ мегардад.
Таҷрибаи яксола нишон дод, ки дар оядаи на чандон дур ҳосилнокии замин ба 45 сентнерӣ расонда мешавад. Ба деҳот овардани саноат, аллакай гапи нав нест, дар пеши назари пахтакорон аз нав коркард шудани ашёи хоми онҳо табиист, ки ба ғайрати онҳо ғайрат зам мекунад. Яъне падар пахтакору ҳамсар бофанда ва духтари онҳо дӯзанда хоҳад шуд...

Тӯхтамиши БОҚӢ, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик” дар вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: