Президент ба Санкт-Петербург омад

  • Президент ба Санкт-Петербург омад
  • Президент ба Санкт-Петербург омад

Президент Шавкат Мирзиёев 28 декабр бо боздиди корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия омад.

Дар аэропорти байналмилалии "Пулково" меҳмони олиро губернатори вилояти Ленинград Александр Дрозденко ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Имрӯз дар пойтахти шимолии Русия ҳамоиши ғайрирасмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, ки ба рӯзномаи он масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби ин созмон дохил карда шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: