Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Котиби генералии САҲА авлавиятҳои ҳамкориҳоро баррасӣ кард

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Котиби генералии САҲА авлавиятҳои ҳамкориҳоро баррасӣ кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Котиби генералии САҲА авлавиятҳои ҳамкориҳоро баррасӣ кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Котиби генералии САҲА авлавиятҳои ҳамкориҳоро баррасӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 ноябр бо Котиби генералии Созмони амният ва ҳамкорӣ бо Аврупо (САҲА) Хелга Шмид мулоқот анҷом дод.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо САҲА дар ҳар се самти фаъолияти он – иқтисодию экологӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Фаъол шудани робитаҳо, вусъати ёфтани гуфтушуниди ошкоро ва созанда дар вақтҳои охир бо камоли қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Танҳо дар соли ҷорӣ – соли 30-юмин солгарди ҳамкорӣ – раиси амалкунандаи САҲА Збигнев Рау ва Комиссари олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ Қайрат Абдрахмонов аз Ӯзбекистон дидан карданд. Бо Идораи институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, Ассамблеяи парлумонӣ ва Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО ҳамкориҳои судманд пеш бурда мешаванд.

Дар доираи Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ то соли 2026 лоиҳаҳо барои рушди малакаҳои рақамӣ дар байни ҷавонон якҷоя амалӣ карда мешаванд.

Зимни суҳбат аҳамияти дастгирии коршиносони сохторҳои САҲА, бахусус дар масъалаҳои идомаи ислоҳоти демократӣ ва рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон қайд карда шуд.

Зарурати пурзӯр гардондани ҳамкориҳо дар самти иқтисодӣ ва экологӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи иқтисодиёти “сабз”, рақамикунонӣ, тиҷорати хурд ва экология таъкид гардид.

Дар доираи баррасии масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар бораи татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба ҳаллу фасли эҳтиёҷоти башарии мардуми Афғонистон нигаронида шудаанд, созиш ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: