Шавкат Мирзиёев ба пояи муҷассамаи Аҳмад Фарғонӣ гул гузошт

  • Шавкат Мирзиёев ба пояи муҷассамаи Аҳмад Фарғонӣ гул гузошт

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев сафари расмиашро ба Ҷумҳурии Мисри Араб аз шиносоӣ бо мероси олими бузург Аҳмад Фарғонӣ оғоз намуд.

Ҳамватани мо астроном, риёзидон ва ҷуғрофиёи барҷастаи замони худ буда, дар Бағдод ва Димишқ ва аз соли 856 дар Қоҳира пажӯҳишҳои илмӣ бурда, то охири умраш дар он ҷо зиндагӣ кардааст ва илм омӯхтааст.

Олим соҳиби бисёр кашфиёту ихтирооти муҳим мебошад. Аз ҷумла, соли 861 барои чен кардани сатҳи оби дарёи Нил, ки дар ҷазираи Рауда сохта шуда буд, лоиҳаи иншоотро тартиб дод. Ин таҷҳизот, ки бо номи “Ниломер” машҳур аст, дар кори нақшагирии корҳои хоҷагии қишлоқ ва пешгӯии ҳодисаҳои табиат нақши калон бозид. Дар тӯли қариб 1200 сол, бино то асри гузашта мувофиқи таъиноти худ истифода мешуд. Имрӯз он объекти сайёҳӣ мебошад.

Соли 2007 дар хиёбони шафати Ниломер муҷассамаи Аҳмад Фарғонӣ гузошта шуд. Президент ба пояи муҷассама гулдастаҳо гузошта, хотираи аҷдоди бузургворамонро гиромӣ дошт.

Сипас Сарвари давлатамон Ниломерро аз назар гузаронида, бо олимон дар бораи таърихи бунёд ва пажӯҳишҳои Аҳмад Фарғонӣ сӯҳбат кард. Таъкид гардид, ки нақше, ки аҷдодони мо дар таърихи Миср бозӣ кардаанд ва мероси олими бузург, ки имрўз эҳтиёткорона ҳифз карда мешавад, далели дўстии азалии байни мардумони мост, ки асрҳо боз идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: