Президенти Ӯзбекистон аҳамияти ҳамаҷониба тайёр кардани рӯзномаи нишасти сарони СҲИ-ро қайд кард

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти ҳамаҷониба тайёр кардани рӯзномаи нишасти сарони СҲИ-ро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти ҳамаҷониба тайёр кардани рӯзномаи нишасти сарони СҲИ-ро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти ҳамаҷониба тайёр кардани рӯзномаи нишасти сарони СҲИ-ро қайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 январ Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозириро қабул кард.

Котиби генералӣ сарвари давлатамонро бо раисии муваффақи Ӯзбекистон дар созмон табрик кард. Таъкид гардид, ки ташаббусҳои муҳими ба миён гузошташуда ва чорабиниҳои дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва дигар самтҳо баргузоргардида ба рушди ҳамкории амалӣ дар доираи СҲИ такони пурқувват бахшиданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи пайвастагии минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар солҳои охир гардиши моли Ӯзбекистон бо кишварҳои созмон ба 70 фоиз афзуда, миқдори корхонаҳои муштарак ва лоиҳаҳо 5 баробар зиёд гардид.

Барои баргузории нишасти навбатии созмон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд омодагии ҳамаҷониба идома дорад.

Аҳамияти пухта тайёр кардани рӯзномаи чорабинии дарпешистода махсусан қайд карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Котиби генералӣ Хусрав Нозирӣ итминон дод, ки Котибот ба кори муштараки зич ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба дар чаҳорчӯби СҲИ омода аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: