«ҚАДАМҲОИ НИМ АСР»

Январ Иноятовро мардуми Қашқадарё эҳтиром мекунанд.

Ҳаёти ин шахс ба хидмати халқ бахшида шудааст. Солҳои 1971-1975 ва 1988-1992 дар Деҳқонобод, солҳои 1984-1988 дар ноҳияи Шаҳрисабз роҳбари аввал шуда кор кардааст. Мушкилоти мардумро осон намуда, роҳу кӯпрукҳо сохт, боғу роғ бунёд кард. Меҳнатҳои самарабахши чандинсолааш ба таври бояду шояд қадр шуданд. Я. Иноятов бо унвони фахрии «Ходими хидматнишондодаи хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», орденҳои «Эл-юрт ҳурмати», «Меҳнат шуҳрати» ва медалҳо мукофотонида шудааст. 
Ӯ ҳоло 86 сола аст. Бо вуҷуди ин  дар хидмати халқ мебошад. Аз соли 1971 депутати шӯрои депутатҳои халқи вилояти Қашқадарё, айни замон ба ҳайси мушовири раиси вилоят оид ба кор бо собиқадорон фаъолият дорад.
Чанде пеш дар бинои мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъати рақами 5-уми ноҳияи Деҳқонобод муаррифии китоби ӯ «Қадамҳои ним аср» баргузор гардид. 
Дар китоб роҳи тараққиёти ноҳияи Деҳқонобод дар 50 соли охир ва зиндагии пурмаҳсули деҳқонободиҳо инъикос ёфтааст. Муаллиф бисёртар воқеаҳои бо чашми худ дидаро ба қалам додааст. Дар китоб душвориҳое, ки роҳбари якум аз рӯзҳои аввали ташкилёбии ноҳия рӯ ба рӯ  шуда буд, азобу машаққати ӯ дар ҳалли мушкилот тасвир ёфтааст, ки хонандаро бефарқ намемонад. 
Инчунин, дар китоб табрикоти Президент Шавкат Мирзиёев ва суханҳои нек дар бораи Январ Иноятов оварда шудаанд.  
Дар маросими муаррифии китоб узви Сенати Олий Маҷлис Абдураҳим Эркаев, ҳокими ноҳия  Зоир Алиқулов, собиқадорони меҳнат Алламурод Тоҷиев, Ҳусниддин Нуриддинов, Норменглӣ Худоёров ва дигарон дар бораи роҳи ҳаёти пурмазмун ва корҳои наҷиби Иноятов ва арзиши китоб сухан ронданд.

Абдуқаюм БЕККАМОВ,
ноҳияи Деҳқонободи 
вилояти Қашқадарё.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: