ҚАРОБАТ ЗИЁД МЕГАРДАД

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбарияти «Қишлоққурилишбанк» доир ба ҷамъбасти соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбарияти «Қишлоққурилишбанк»  доир ба ҷамъбасти соли ҷорӣ  нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияти бонк, кормандону ходимони масъули он ширкат варзиданд.
Маълум аст, ки дар мамлакати мо барои дастгирии соҳибкорон, иқтидори худро зоҳир кардани онҳо шароит фароҳам оварда мешаванд. Ҳамчунин ба онҳо пешниҳод намудани хидматҳои манфиатовари бонк аз вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд.
Мувофиқи гуфтаи раиси сарраёсати «Қишлоққурилишбанк» Алишер Муродов қабул шудани қарори Призидент “Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба рушди оммавикунонии хидмати бонк” аз 12 майи соли 2020 ба аҳолӣ, соҳибкору корчаллонон, сармоядорони хориҷӣ низ як қатор қулайиҳо фароҳам овард. Барои иҷрои қарори мазкур ходимони «Қишлоққурилишбанк» ба аҳолӣ, субъектҳои тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, хоҷагиҳои фермерӣ аз наздик кӯмак мерасонанд. 
 Аз ҷумла, то 1 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби бонк ба аҳолӣ бо воситаи ипотека тақрибан 1,9 триллион сӯмина вом ҷудо гардид, ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорӣ бошад, зиёда аз 35 ҳазор корти пластикии корпаратив ҷорӣ карда шуд. Алҳол шумораи терминалҳои пардохт, ки ба нуқтаҳои савдо ҷойгузин карда шудаанд, 22 ҳазорро ташкил намуда, нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 93 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар ҳудудҳо 220 банкомат ва 77 офисҳои бонкӣ гузошта шуданд. 
Ҳоло назар ба маълумоти мутахассисон барои ба сайёҳони  хориҷӣ қулайиҳо фароҳам овардан имконияти ба воситаи терминал аз кортҳои пластикии байналхалқии ҷаҳон қабул кардани пардохтҳо васеъ гардид. Ходимони «Қишлоққурилишбанк» баҳри ба аҳолӣ расонидани хидмати босифат ва дар оянда васеъ кардани қаробати он бо мизоҷон саъю кӯшиш мекунанд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: