ГУЛНОРАИ КОРДОН

Дар мамлакатамон барои шаҳрвандоне, ки бо соҳибкорӣ машғул мешаванд, ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

 Дар ин ҷода ҳар кас барои обод кардани манзилаш кӯшиш мекунад ё ягон корхона ташкил карда, чанд нафар ҳамдиёрашро бо кори доимӣ банд мекунад.
Эътибори бузурге, ки таҳти роҳбарии Президент ба ривоҷу равнақи тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, аз он ҷумла, ба занону духтарони тадбиркор дода мешавад, дар ба роҳ мондани тиҷорати хурд омили муҳим  мегардад.
Соҳибкорзани варзикӣ Гулнора Фахриддинова  аз чунин имкониятҳо самаранок  истифода бурда, дар маҳаллаи Пилоли ноҳияи Чуст корхонаи хусусии “ЭКО ВАРЗИК ТЕКСТИЛ”-ро созмон дод ва  40 нафар бошандагони деҳа бо кор таъмин шуданд. Бинои холии дуошёнаи маҳалларо таъмир намуда, шароити заруриро фароҳам овард. 
– Аз ҳисоби қариб 700 миллион сӯм воми имтиёзноки филиали “Агробанк”-и ноҳия мошинҳои чокдӯзии замонавӣ харид намудем, – мегӯяд Гулнора. – Дӯхтани либосҳои мардона, занона ва бачагона, ҷилди болишт ва ҷойпӯш, – ҳамагӣ истеҳсоли 20 намуди маҳсулотро ба роҳ мондем. Бо корхонаҳои “Дилрабо СДА Текстил” ва  “Чуст-Ӯктамжон сервис” ҳамкорӣ мекунем. Чунин комёбиҳо моро ба татбиқи лоиҳаҳои нав роҳнамун месозад. Аз ҳисоби васеъ гардондани истеҳсолот мехоҳем, ҷавондухтарону заноне, ки дар ҳисоби «Дафтари занон» ҳастанд, бо кор таъмин кунем.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: