ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГ ДАР ЭЪЗОЗУ ЭҲТИРОМАНД

Дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр ҳоким вилояти Навоӣ Нормат Турсунов бо ҳамроҳии роҳбарони муассисаҳои масъул ба хонадони иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон, бошандаи шаҳри Ғозғон Турсунқул Эргашев ташриф овард.

Зимни мулоқот ҳоким табрикнома ва хати миннатдории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро хонда дод. Ба Турсунқул Эргашев 20 миллион сӯм мукофоти якдафъаина ва дигар туҳфаҳои қимматбаҳо супорида шуд.
Т. Эргашев наздики 50 сол омӯзгорӣ намудааст. Бо ҳамсараш апаи Ободи  моҷармӣ 6 нафар писар ва як нафар духтарро тарбия намудаанд, ки ҳоло сарбаландона дар бунёди Ӯзбекистони Нав саҳм мегузоранд.
Қаҳрамони мо дар соли 1941 ба ҷанг рафта, дар округи ҳарбии Урали Ҷанубӣ хизмат намудааст. Дар озод намудани шаҳрҳои Донбасс, Киев ва Чехословакия иштирок намудааст. Борҳо ярадор шудааст. 30 апрели соли 1945 пас аз табобат дар госпитал ба Ғозғон бармегардад.
– Пас аз ҷанг дар омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд таҳсил намудам, – мегӯяд Турсунқул Эргашев. – Ба ҷавонон аз фанни таърих дарс гуфтаам. 
Рӯзҳои душвори гузаштаро ёд карда, шукронаи имрӯз дорад ӯ. Аз камоли фарзандон, набераву абераҳо шодмонӣ дорад. Шукри осмони софу ҳаёти осоиштаи мардум дорад.
Фаъолияти меҳнатии Турсунқул Эргашев аз ҷониби давлат хуб қадршиносӣ шудааст. Бобои Турсунқул бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқ», медали «Ҷасорат» ва ордени «Дӯстӣ» тақдир гардидааст. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: