Шавкат Мирзиёев бо намояндагони доираҳои корчаллони Покистон вохӯрд

  • Шавкат Мирзиёев бо намояндагони доираҳои корчаллони Покистон вохӯрд
  • Шавкат Мирзиёев бо намояндагони доираҳои корчаллони Покистон вохӯрд
  • Шавкат Мирзиёев бо намояндагони доираҳои корчаллони Покистон вохӯрд

Президент Шавкат Мирзиёев 4 март дар шаҳри Исломобод бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Покистон вохӯрд.

Дар он роҳбарони ширкатҳои «Нишат Групп», «Гетз Фарма», «Пирамид Ложистикс», «Эжаз Груп», «АКД Груп», «Бах Нобел Групп», «Нажиб Файбэр», «Сапфир Груп» ва бисёр ширкатҳои дигар, ки активҳои умумии онҳо беш аз 40 миллиард долларро ташкил медиҳанд, иштирок карданд.

Сарвари давлатамон зимни сафарҳои хориҷӣ ба баргузории чунин мулоқотҳо вақти алоҳида ҷудо мекунад. Ин ба соҳибкорон рӯҳияи баланди Ӯзбекистонро ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд нишон медиҳад ва боварии онҳоро мустаҳкам мекунад.

Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки механизмҳои бозор дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ҷорӣ карда шуда, монеаҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ халал мерасонанд, бартараф карда шуданд. Дар асоси Стратегияи нави рушд корҳо оид ба васеъ гардондани иштироки тиҷорати хориҷӣ идома доранд.

Солҳои охир муносибатҳои Ӯзбекистону Покистон ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд. Аз ҷумла, дар соҳаи тиҷорату иқтисодиёт ва сармоягузорӣ робитаҳои мунтазам барқарор шудаанд. Дар солҳои охир ҳаҷми муомилоти мол 5 баробар афзуд. Сарфи назар аз пандемия гардиши мол аз аввали сол ба 70 фоиз афзуд.

Президенти мамлакат дар оғози нутқи худ натиҷаҳои пурсамари гуфтушунидро бо Сарвазири Покистон қайд намуд.

– Дар рафти сафари мазкури таърихӣ мо ба созишнома дар бораи савдои имтиёзнок имзо гузоштем. Мо ба мувофиқа расидем, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт ва транзит таҳти назорати махсус гирем. Мақсади асосии мо фароҳам овардани низоми интиқоли бемамониат ва ҳарчи зудтари маҳсулот байни мамлакатҳоямон мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Изҳори итминон карда шуд, ки ин талошҳо равобити тиҷоративу иқтисодиро ба таври қобили мулоҳиза тақвият бахшида, барои солҳои наздик ба 500 миллион доллар ва дар оянда ба 1 миллиард доллар расондани гардиши мол заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Бинобар ҷамъбасти анҷумани тиҷоратӣ, ки дар арафаи сафари Президенти Ӯзбекистон баргузор гардид, дар Исломобод созишнома дар бораи татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба маблағи 800 миллион доллар дар соҳаҳои бофандагӣ, дорусозӣ, сохтмон, саноати кимиё, бонку молия ва дигар ба даст омаданд. Таъкид шуд, ки ҳамаи ин лоиҳаҳо ба барномаи кооператсияи саноатӣ дохил карда шуда, иҷрои онҳо таҳти назорати қатъӣ гирифта мешавад.

Сарвари давлатамон аз шарикони покистонӣ даъват кард, ки портфели лоиҳаҳои муштаракро зиёд кунанд.

– Имрӯз ман мехостам пешниҳодҳои дақиқи шуморо шунавам. Дар ин ҷо аъзоёни ҳукумат, шахсони масъули соҳаҳои саноат ҷамъ омаданд. Мо омодаем фароҳам овардани тамоми шароиту кафолатҳои барои тиҷорати шумо дар Ӯзбекистон заруриро баррасӣ намоем, – гуфт Президент.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои нави ҳамкорӣ ва имкониятҳо дар солҳои гуногун табодули афкор намуданд. Лоиҳаҳои пешомаднок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари давлатамон нақшаҳои тоҷирони Покистонро маъқул дониста, ба шахсони масъул дастур дод, ки «харитаи роҳ»-ро таҳия кунанд, ки он тамоми ташаббусҳо ва шартномаҳоро дар бар мегирад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: