Рафиқ Нишонов: «Ӯзбекистонро ояндаи дурахшон интизор аст, вай эҳё мегардад»

Сӯҳбат

Моҳи январ арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Рафиқ Нишонов 95-сола мешавад. Ӯ дар ноҳияи Бустонлиқ таваллуд шуд. Донишкадаи омӯзгории Тошкандро хатм намуд, номзади илмҳои таърих аст. Ба сифати раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Тошканд, Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИҶШС дар Шри-Ланка, Ҷумҳурии Малдив ва Шоҳигарии Ӯрдун кор кард. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, раиси Президиуми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, Котиби аввали КМ Партияи коммунистии Ӯзбекистон буд. 
Муҳтарам Рафиқ Нишонович, Шумо розиед, ки суҳбатро бо савол дар бораи дарозумрӣ оғоз намоем. Лутфан бигӯед, ки барои дарозумрӣ чӣ бояд кард?
– Ман дар яке аз гӯшаҳои зеботарини Ӯзбекистон таваллуд шудаам. Мо обро аз дарёи амиқи кӯҳии Чирчиқ мегирифтем. Таъми хуби ин оби сардро ман то ҳол метавонам дар хотири худ ҳар лаҳза барқарор кунам. Ин хотира ба ман эҳсоси хушӣ мебахшад.
Дар Ӯзбекистон ноҳияҳои дорои обу ҳавои хуш ва чашмаҳои ҳаётбахш зиёданд. Дар сайёраи Замин ҷое, ки чунин фаровону харбуза, тарбуз, ангур, хурмо, анҷирҳои зиёд ва шаҳдовар дошта бошад, кам пайдо мешавад. Ҳамаи ин меваҷот манбаи муҳимтарин витаминҳо мебошанд. 
Деҳаи мо тақрибан 300 оила дошт, ки ба ҳар кадоми онҳо хоҷагӣ 20 сотихӣ замин дода буд. Мо картошка, ҷуворимакка, гандум кошта, парвариш мекардем. Ҳатман харбуза, тарбуз, сабзавот, нахӯд ва кабудӣ меруёнидем. Ноштои анъанавӣ: ин чойи кабуд ва нони гарм бо ангур ҳисоб меёфт. Аз солҳои кӯдакӣ дар хотири ман чойи сабзи № 95-и «самарқандӣ» боқӣ мондааст, ки фоида ва таъми онро тавсиф кардан душвор аст. Вале, тавре ки шумо медонед, дарозумрӣ фақат аз обу ҳавои тоза ва хӯроки серғизо вобаста нест. Вай, пеш аз ҳама, аз тарзи зиндагӣ, дуруст ба роҳ мондани меҳнати сермаҳсул бо истироҳати оқилона вобаста аст. Аҷибаш ин аст, ки бекорӣ ба саломатӣ танҳо зарар мерасонад. Ман боз кайфияти хуб парваридан ва аз дил дур карда тавонистани ғаму андӯҳро маслиҳат медодам, дар ҳама кор бояд барои пирӯзӣ ва муваффақ шудан ба комёбӣ саъй кард. 
– Ба фикри шумо, муваффақиятҳои Ӯзбекистон аз чӣ иборатанд? 
– Президент Шавкат Мирзиёев, агар содатар карда гӯем, дар мамлакат воқеан, инқилоби «ором» баргузор кард. Вай қатъиян ва оромона қарор ва дастурҳои кӯҳнаро рад намуд, барои рушди босуботи минбаъдаи Ӯзбекистон шароит фароҳам овард. 
Роҳбари Ӯзбекистон дар маърӯзаҳои ҷолиби худ дар Ассамблеяи Генералии СММ, дар муроҷиатномаҳояш ба Маҷлиси Олӣ ғояҳои навро дақиқ кор карда баромад ва роҳҳои мушаххаси пешрафти стратегии Ӯзбекистонро пешниҳод кард. Ташаббусҳои шахсии Президент Шавкат Мирзиёев бобати ба роҳ мондани муносибатҳои қарини дӯстона бо кишварҳои ҳамсояи минтақа воқеияти нави сиёсиро ташаккул доданд. Қонунҳо дар бори ҳифзи сармоя ва навгониҳои дигар боиси афзудани эътимод ба тиҷорат, ҷалби сармояҳои ҷиддӣ гардиданд. Чунончи, ҳамдиёри мо, ватандӯсти ҳақиқии Ӯзбекистон, тоҷири тавонои Русия Алишер Усмонов барои дастгирии мардум дар замони карантин, ки ба пандемия алоқаманд мебошад, ҳамчунин барои бозсозии корхонаҳои бузург ва сохтмони иншооти нав, аз ҷумла бунёди Маркази бузурги тамаддуни исломӣ маблағ ҷудо мекунад. Бисёр лоиҳаҳои ӯ, аз ҷумла ба рушди таълим, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиши мамлакат нигаронида шудаанд.
–  Солҳои охир дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ӯзбекистон тағйироти назаррас амалӣ шуданд. Лутфан бигӯед, ки барои шумо ибораҳои «Эҳёи Ӯзбекистон», «Ӯзбекистони нав» чӣ маънӣ доранд?
– Ӯзбекистон мушаххасан эҳё мегардад. Ман бовар дорам, ки онро нафақат таҷаддуд, балки эҳёи воқеӣ дар пеш аст. Ин андеша ба дили ман қувват мебахшад. Вай беасос нест. Дар диёри азизи ман барои пешрафт тамоми имкониятҳо: мардуми меҳнатдӯсту соҳибистеъдод, сарвати бебаҳои табиӣ мавҷуданд. Агар аз ҳамаи ин дороӣ дуруст истифода бурда шавад, ҳамкориҳои муфиди тарафайн бо ҳамсояҳо, бо тамоми кишварҳои ИДМ фаъолона инкишоф ёбанд, муносибатҳо бо Русия, Чин, Ҳиндустон, давлатҳои дигар ба роҳ монда шаванд, бовар дорам, ки  дар бобати рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, бинобар беҳтар шудани некуҳолии аҳолӣ хеле зуд натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд.
Дар бораи Эҳё мехоҳам зикр намоям, ки дар таърихи сарзамини мо ду Эҳё – Эҳёи Шарқ дар асрҳои IX-XII ва Эҳёи Темуриён будааст. Дар Эҳёи аввал сухан аксаран дар бораи эҳёи дониш ва анъанаҳои улуми атиқии олимони бемисли Мовароуннаҳр – Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ал-Хоразмӣ меравад. Онҳо дар пояи дарки эҷодии мероси бостонӣ пешрафти илмии воқеан дорои аҳамияти ҷаҳониро содир намуданд, ки бидуни он пешрафти кунунӣ ғайриимкон мебуд. 
Дар даврони Темуриён, баъд аз юриши харобкори қӯшунҳои Чингизхон, эҳё ва пешрафти санъат, ҳунар, меъморӣ, назм, адабиёт ва илмҳои дунёвӣ мушоҳида мегардад, ки ҳуқуқ доданд дар бораи мафҳуми Эҳёи Темуриён сухан гӯем. Агар эҳёҳои якуму дуюми асрҳои миёнаро бо зуҳуроти алломаҳои воқеии илм вобаста донем, эҳёи ҳолоина бояд тамоми табақаҳои ҷамъият, аз хурд то бузургро фаро бигирад. Танҳо ҳамон вақт вай метавонад ва бояд ба дигаргунии ҳаёти мардуми мо, ба пешрафти назарраси иқтисодиёт, илм ва техника таъсир гузорад. Ман чунин андеша дорам.
– Баъзеҳо шуморо шогирд, ҳатто дӯсти Шароф Рашидов медонанд, баъзеи дигар баръакс. Шумо чӣ мегӯед?
– Шароф Рашидович ба таърихи мо ҳамчун арбоби намоёни сиёсӣ ва давлатӣ ворид гардид. Вай беш аз 20 сол мамлакатро хеле самарабахш идора кард. Роҳбари хоксор, корчаллон ва баробари ин сераталаб буд, ҳеҷ гоҳ овозашро баланд намекард, аз суханони ҳақоратомез истиҳола менамуд. Номзадии маро бар вазифаи котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияи Октябри шаҳри Тошканд дастгирӣ кард, сипас хоҳиш намуд, ки роҳбари кумитаи иҷроияи шаҳри Тошканд бошам. Баъд аз чанд сол бошад, ман он лаҳзаи ғайрирасмиро хуб дар ёд дорам, занг зада, хоҳиш намуд, ки «барои як дақиқа» ба наздаш дароям (шояд, ҷиҳати хуб доштани суҳбати пешистодаро бо ин сухан ифода мекард) ва тақрибан ҳадаҳа гуфт: «Рафиқ Нишонович, пагоҳ бо хатсайри аввалин ба Маскав парвоз кунед, субҳи дигар бояд дар КМ ҲКИШ бошед». Силсилаи вохӯриҳои кабинетӣ бо суҳбати хеле аҷиб бо Леонид Илич Брежнев хотима ёфт, ки ӯ онро чунин хулоса кард: «Шуморо Шароф Рашидович ба вазифаи котиби КМ Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон тавсия намуд. Мо ӯро дастгирӣ мекунем ва ба шумо комёбиҳо орзу менамоем».
Ҳафт соли кори дӯстона бо Шароф Рашидович хеле пурмаҳсул буданд. Пас аз вафоти Шароф Рашидович пленуми июнии КМ Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон баргузор шуд, ки таҳти фишори котибияти КМ ҲКИШ ба амал омад. Аз минбар котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон И. Усмонхӯҷаев роҳбари собиқро барои усули нодурусти сарварӣ, роҳ додан ба изофанависӣ дар пахтапарварӣ сахт танқид кард. Он замон Шароф Рашидовичро тақрибан тамоми мансабдорон танқид мекарданд. Вале аслан айбдор Маскав буд ва инро ҳама хуб медонистанд. Аммо, вақте ки худи Л. Брежнев Шароф Рашидовро руйи рост ба ин кор маҷбур мекард, кӣ ҳад дошт сартобӣ кунад. Шароф Рашидов ҳам чӣ кор карда метавонист?! Боре дар охири солҳои 60-ум Ш. Рашидов, ки аз Маскав баргашта буд, ба ман гила кард, ки: «Бояд боз рақами ҷамъоварии ҳосили пахтаро баланд бардорем. Ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ Леонид Илич дар ҳузури тамоми аъзои Бюрои сиёсӣ аз ман пурсид, ки дар нақша чаҳор миллиону нуҳсад ҳазор тонна пахта навишта шудааст, барои панҷ миллион тонна кардани он чӣ намерасад? Ман хомӯш мондам, зеро дар назди ҳама ба Брежнев эътироз карда наметавонистам», – гуфт ӯ. Бо вуҷуди нуқсону камбудиҳо ва роҳгумзаниҳои таассуфовар, ман Ш. Рашидовро шахсияти ғайриоддӣ ва роҳбари беҳамто меҳисобам.  Муносибати ман ба ӯ, умуман, хеле мусбат мебошад, зеро агар ҳаққи гапро гӯем, дар он замон ба вазифаи баланди дипломатӣ тавсия дода, Шароф Рашидович маро аз таъқибҳои минбаъда, ки тамоми роҳбарияти онзамонаи ҷумҳуриро фаро гирифта буданд, халос кард. 
Ба қисмати дуюми саволи шумо баргашта, мехоҳам бигӯям, ки одамон гуногунанд, тавре ки мегӯянд, шаҳрбандон ҳасту даҳонбандон нест, яке аз асли воқеаҳо хабардор аст, дигаре намедонад ва ҳамин тариқ онҳое, ки медонанд чунин суханҳои мухталифро ба забон меоваранд.   
– Бигӯед, ки дар он замони душвори шӯравӣ ба шумо, роҳбарон оё фишор буд? Оё шумо кор ё суханонеро, ки намехостед иҷро кунед ё бигӯед, бар рағми хоҳиши худ мекардед ё мегуфтед? 
– Ман инро намехостам фишор гӯям. Тамоми сиёсати шуравӣ чунин буд аз минбар дигар гап мезаданду дар асл кори дигар мекарданд. Дар ҳаёти ҳамарӯза боз кори сеюм мешуд. 
Ман ҳоло – дар пиронсолагӣ дар бораи ин ғароиботи сиёсати шӯравӣ, ҳарчанд худ дар дохили эҷодкорони ин сиёсат будам, бисёр андеша мекунам. Оре, дар ин ё он давраи он, ҳангоми ҳаллу фасли ин ё он вазифаҳо завқу шавқи оммавӣ мавҷуд буд, вале баробари ин бисёр ғоя ва барномаҳои «таърихӣ», ки дар анҷуманҳои ҳизби ягонаи ҳукмрон эълон мешуданд, рӯйи коғаз мемонданд. Чунончи, шиори барои аксар маълум, ки дар анҷумани XXII-и ҳизб ба миён гузошта шуда буд, яъне «насли ҳолоинаи мардуми шӯравӣ дар даврони коммунизм зиндагӣ хоҳад кард» аз санҷиши замон нагузашт ва ба сафсата табдил ёфт. Маҳз дар ҳамон даврон мамлакат мушкилоти норасоии хӯроквориро эҳсос кард, шаҳрвандони худро таъмин карда натавонист. Ман он даврро, ки дар Тошканд одамон аз субҳи содиқ барои нон ба навбат меистоданд ва модарам аз орди ҷуворимакка барои мо, фарзандонаш нон мепухт, хуб дар ёд дорам. 
– Рафиқ Нишонович, насли калонсол суханронии шуморо дар яке аз ҷамъомадҳои воқеъ дар Тошканд ёд дорад, шумо он замон ибораи «шарофрашидовчигӣ»-ро бо мазмуни бағоят манфӣ ба забон оварда будед. Боиси истифода бурдани ин ибора чӣ буд?
– Барои он ки ба ин саволи шумо ҷавоб диҳам, мо бояд ба муҳити он рӯзҳо баргардем. Дар тамоми мамлакат «бозсозӣ» давом дошт, дар кишвари мо бошад, дар ҳама ҷо гурӯҳи тафтишотӣ бо сарварии Гдлян ва ҳамсафи ӯ Иванов амал мекард. Ҳар рӯз гоҳ ин, гоҳ дигаре, баъзан одамони боинтизому бовиҷдонро низ ҳабс мекарданд. Вале аз ҷониби дигар, дар ҳақиқат, изофанависӣ, ҳамчунин дигар қонунвайронкуниҳо вуҷуд доштанд. 
Ҳамчун раиси Президиуми Шӯрои Олӣ ба муносибати солгарди навбатии Инқилоби Октябр маърӯза карда, ман бори аввал ин мафҳумро барои дақиқ кардани тарзи роҳбарии авторитарӣ, ки он замон дар Ӯзбекистон чун дар тамоми Иттифоқи собиқ амал мекард, истифода бурдам. Ҳеҷ интизор набудам, ки ибораи «шарофрашидовчигӣ» чунин мустаҳкам мавқеъ пайдо мекунад. Маърӯза маъқул дониста шуд. Баъзеҳо фикри маро дастгирӣ карданд, баъзеи дигар норозӣ буданд, мегуфтанд, ки «Масъаларо тезу тунд кардан магар шарт буд? Коҳи куҳнаро бод додан чӣ зарурат дошт?».
Бешубҳа, ибораи «Кори ӯзбек», ки дар Марказ истифода мешуд, нафрати маро меовард. Оё чунин беадабӣ дуруст: воқеаву ҳодисаҳои нохуби ошкоршударо ба номи як халқи тамом ҳукм кардан магар ҷоиз аст?! Ҳол он ки аз ин воқеаву ҳодисаҳо худи ҳамин халқ ҷабри бештар дидаст. Иллатҳои ошкоршуда, пеш аз ҳама, бар муқобили ин халқ равона шудаанд, халқи оддиро ғорат кардаанд, пулҳои аз онҳо ситондаро барои порадиҳӣ, хариди автомобилҳои «Волга», бунёди қасрҳо, ба даст овардани чизҳои қимматбаҳо ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам дар Маскав истифода бурдаанд. 
Асоси ин фактҳоро ошкор накарда, пеш рафтан имконнопазир буд. Бозсозӣ солимгардонии ҷамъиятро дар назар дошт. Дар анҷумани дуюми намояндагони халқи ИҶШС, ки моҳи декабри соли 1989 ба вуқӯъ пайваст, ҳамраиси комиссияи санҷиши кори ин гурӯҳи тафтишотӣ, депутат В. Ярин маълумотҳои  зеринро эълон кард: аз ҷониби мақомоти ҳуқуқу тартибот дар Ӯзбекистон зиёда аз 800 парвандаи ҷиноӣ тафтиш шуд. Беш аз панҷ ҳазор нафар, аз ҷумла 600 кормандони маъмурӣ, 10 нафар Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ҳабс гардиданд. Аз айбдорон ба арзиши сад миллион сӯм маблағ ва ашёи гаронбаҳо ситонида шуд. 
Онҳоро сафед накарда, мегӯям, ки оё чунин ғоратгарӣ ва тамаъгарӣ танҳо дар Ӯзбекистон вуҷуд дошт? Изофанависии пахта тақрибан дар тамоми ҷумҳуриҳои пахтапарвар ҷой дошт. Дар Қафқоз бобати парвариши чой чунин қаллобӣ мавҷуд буд. Модоме ки назорати воқеан давлатӣ нест, чаро фиреб надиҳанд? Аз он ҷойҳо ҳам пул ва ҳам қуттиҳои коняк ба Кумитаи план ва Вазорати молия мерасиданд, то ки ғоратгариҳо сарпӯш карда шаванд. Ба фикри ман, Ӯзбекистонро барои ибрат ба дигарон интихоб карда, рафиқон аз ҳад гузарониданд. Ман дар даврони ибтидоии кори гурӯҳи тафтишотии Гдлян ва Иванов дар мамлакат набудам. Вале эътироф мекунам, ки сараввал ба онҳо бовар доштам, ба нуқтаи назари қаҳрамони кино Глеб Жеглов: «дузд бояд дар маҳбас хобад» ҳамфикр будам. Бо вуҷуди ин, бисёр мехостам, ки то имкон ҳаст,  худам ба таги ин корҳо бирасам. Бо гузашти вақт бисёр чизҳоро дарк кардам ва барои худ хулоса баровардам. Ҷиноятҳои воқеии ашхоси соҳиби мансабҳои баланд  касро ба ғазаб меовард. Вале ба ман баъзе усулҳои тафтишот, ки оҳиста-оҳиста маълум мешуданд, маъқул набуд. Ман шоҳиди таҷрибаи зишти паҳншудани ин амалиёт: аввал ба ҳабс гирифтани инсон ва баъд собит кардани айби ӯ гардидам. Ҳангоми тафтишот эътироф кардани порагирӣ, барои он ки айбдори навбатӣ ба паси панҷара равад, кифоя буд. Дар ҳабсхонаҳои муваққатӣ, ки  айбдоршаванда мувофиқи қонун бояд аз се рӯз бештар дошта нашавад ва ҷойхоб, ҳаммом, хӯроквории маҳдуд мавҷуд бошанд, одамонро моҳҳо нигоҳ медоштанд. Ман намедонам, ки далелҳои ашёӣ чӣ гуна ба даст оварда мешуданд ва оё ба айбдоршавандагон таъсири ҷисмонӣ расонида мешуд, вале воқеан гурӯҳи Гдлян ва Иванов фишори рӯҳиро истифода мебурд. Ва боз фишори сахти рӯҳиро. Дар ҳабсхонаҳо бисёр хешовандон, пирон, маъюбон, модарони серфарзанд нигоҳ дошта мешуданд. Ҳодисаҳоеро медонам, ки занони соҳиби ёздаҳ-дувоздаҳ фарзандро зери назорат нигоҳ медоштанд, бо ҷинояткорони ашаддӣ дар як камера мегузоштанд, ки ба онҳо тазъиқ оварданд. Сипас «бинобар набудани таркиби ҷиноят» касони саломатӣ бохта, тарсидаву, маҷрӯҳшударо ба хонаҳояшон ҷавоб медоданд. 
Дар сартосари ҷумҳурӣ тарсу воҳима ҳукмрон буд. Бисёр ҳамдиёрони поквиҷдон аз он дар ҳайрат буданд, ки чаро одамонро бидуни тафтиш, таҳти ҷинояти умумӣ  ҳабс мекунанд? Ба назди ман  шиносу ношиносе меомаданд, ки аз ин воқеаҳо ба дод омада буданд. Ҳангоме ки ман раиси Президиуми Шӯрои Олӣ шудам, муроҷиатҳо зиёд мерасиданд. Миқдори мактубҳо аз занон, модарон, фарзандони механизаторҳои ҳабсшуда, ҳисобдорон, сардорони бригадаҳо, мудирони анбор меафзуд. Ба онҳо эътибор надодан ғайриимкон буд: зеро номаҳо аз оилаҳои камтаъмин, серфарзанд, бесаробонмонда, онҳое, ки рӯзашон бо душворӣ мегузашт, мерасиданд.
Чаро ин тавр, ғам мехӯрдам ман, барои изофанависӣ ҳабс кардани роҳбарон дигар асту деҳқонҳои оддӣ, каммаълумот, ночору ғайр аз ба иродаи роҳбар сар фуровардан дигар  роҳи наҷот надоштаро ҳабс кардан кори тамоман дигар. Бо аъзои Президиум маслиҳат карда, қарор додем, ки барои омӯхтани «парвандаҳо» комиссия таъсис диҳем. Барои ин кор чӣ қадар саъю кӯшиш лозим бошад ҳам, бояд фаҳмем, ки дараҷаи айби ҳар кадоме аз даҳҳо ҳазор ҳабсшудагон чӣ гуна аст ва кӣ ба чӣ сазовор мебошад. Шӯрои Олӣ ҳуқуқи авф кардан дорад. Муҳлати ҳафзи баъзеҳоро кӯтоҳ кардем. Ба фоҷиаи ба сари халқи ман омада, ки баъзан онро ба геносид шабоҳат медиҳанд, кӣ айбдор мебошад?  Гдлян ва Иванов пайваста изҳор медоштанд, ки ҳаракати онҳо ба шахсони дуюмдараҷаву сеюмдараҷа не, балки ба гунаҳкорону айбдорони асосӣ нигаронида шудааст. Бешубҳа, тафтишоти онҳо асосан ба роҳбарони ҷумҳурӣ нигаронида шуда буд, онҳо мехостанд аз тариқи ин мансабдорон ба аъзои Бюрои сиёсӣ бароянд. Вале «фиристодаҳои» Маскав ҳар киро дар назар надошта бошанд, ба меҳвари тафтишот хоҳу нохоҳ бисёр кас ҷалб гардид. Яъне халқи қаторӣ, ки прокурорҳо дар сухан аз тақдири онҳо ғам мехурданд, ҷонибдорӣ мекарданд, ба курсии ҷиноят нишонда мешуд. Ба моҳияти масъала дахл намекунам: дар ибтидо Ш. Рашидов саъй кард, ки ба гдлянчиён зиддият нишон диҳад, чизеро ҳифз ва собит намояд, вале на дар шакли қатъӣ. Роҳбари соҳибтаҷрибаву бонуфуз дар назди Марказ истодагарӣ карда наметавонист.
Дар ягон ҷойи дигар фишори Марказ ба иқтисодиёт чунин харобӣ наоварда буд, тавре ки ба дараҷаи ҳаёти Ӯзбекистон овард. Суханони тарғиботии: «Мамлакат ба «тиллои сафед» эҳтиёҷ дорад!», «Дӯстони мо аз лагери сотсиалистӣ ба нахи пахта ниёзманд мебошанд», борҳо такрор мешуданд, маҷбур мекарданд, ки заминҳои нав аз худ карда шаванд, оби рӯдҳои Амударё ва Сирдарё, ки ба баҳри Арал мерехтанд, ба таври ваҳшиёна исроф шаванд, мардум маҷбуран ба кор ҷалб карда шавад, норасоии қувваи корӣ аз ҳисоби донишҷӯёну мактаббачагон пур гардад. 
– Ҷумҳуриро нафақат «кори пахта», балки мусибатҳои дигар низ ба ларза оварданд, чунончи он замон ба дӯши мо воқеаҳои Фарғона низ бор гардид. 
– Дар бораи муносибатҳои тезутунди байнимиллӣ низ чанд сухан гуем. Соли 1989. Ҳафтаи дуюми ҷамъомади анҷумани якуми депутатҳои халқии ИҶШС идома дошт. Бегоҳии 3 июн дар меҳмонхона яке аз зангҳои дар ҳаёти ман мудҳиштарин садо дод. Аз Фарғона хабар доданд, ки дар деҳкадаҳои Тошлоқ, Комсомол, Марғилон фоҷиа рух додааст, туркҳои мехсетиро саркӯб мекунанд. Як гурӯҳи муташаккили ҷавонон ба хонаҳо ворид шуда, онҳоро ғорат менамоянд, соҳибони онҳоро ваҳшиёна мекушанд, биноҳоро оташ мезананд. 
Худи ҳамон шаб депутатҳои халқӣ, раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Ғ.Қодиров ва котиби аввали кумитаи ҳизбии вилояти Фарғона Ш. Юлдошев, ки дар Маскав буданд, ба Ӯзбекистон парвоз карданд. Ғ. Қодиров сарвари комиссияи ҳукуматии ҷумҳурӣ таъин гардид. 
Пагоҳӣ дар анҷуман шӯру ҳаяҷон ба миён омад: дар Ӯзбекистон чӣ ҳодиса рӯй медиҳад? Горбачёв ба ман муроҷиат карда пурсид: «Дар бораи он воқеаҳо чӣ гуфта метавонӣ?», вале ман ҳанӯз аз аъзои комиссия маълумоти дақиқ надоштам. Аз ин хусус аз ҷойи нишастам, ба минбар набаромада, хабар додам. Илова кардам, ки бинобар маълумоти ман, ба бетартибиҳо талоши ҷиддӣ дар бозор сабаб шудааст: турки месхетӣ савдогарзани ӯзбекро ҳақорат кардааст, ба сӯйи ӯ тақсимчаи қулфинойдорро ҳаво додааст. Як гурӯҳ ӯзбекҳои атроф ба ҳимояи зан шитобидаанд. Талош ба дараҷаи ҷанги хунӣ расида, дар оқибати он ҷавони маҳаллӣ ҳалок шудааст. Баъдан маро барои ин суханонам танқид карданд! Бо он айбдор намуданд, ки миқёси воқеаҳои содиршударо намедонам. Баръакс ман медонистам: медонистам, ки дар қалби одамон бояд чӣ қадар ҳисси бадбинӣ бошад, ки як зиддияти маишӣ ба зиддияти азим табдил ёбад!  Бо вуҷуди ин намехостам изҳороти пешакӣ диҳам. Зеро дар Ӯзбекистон низ телевизор тамошо мекарданд. Як сухани нобаҷои роҳбари ҷумҳурӣ метавонист барои сар задани хурӯҷи сахти минбаъда оташак бошад. Чун ҳоло сухан аз он рафт, мехоҳам бигӯям: бояд тафриқаи байни мафҳумҳои «баҳона» (ки худ аз худ метавонад сабабгори ногаҳонии фоҷиа бошад) ва «сабаб»-ро, ки бинобар дақиқиаш наметавонад ногаҳонӣ бошад, идрок кард. Он замон ман дар бораи асли воқеаҳо нахостам  ҳақиқатро гӯям. Фақат зикр намудам, ки «Комиссия ба ҷойи воқеа рафтааст. Хулосаҳои ҳамаҷонибаи онро мо ба шумо мегӯем». Баъд аз як рӯз бо вазири корҳои дохилии ИҶШС В. Бакатин ман ба Фарғона рафтам. Дар арафаи сафар бо Ғ. Қодиров суҳбат кардам. То ин дам ба ҷумҳурӣ шуъбаи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ИҶШС сафарбар карда, аз соати нуҳи бегоҳии 4 июн вақти комендантӣ ҷорӣ карда шуд. Ғайрат Қодиров гуфт, ки вазъият қисман таҳти назорат қарор дорад. 
Ҳангоме ки мо ба Вадим Бакатин аз ноҳияҳои зарардида боздид ба амал меовардем, бо мошини боркашоне рӯ ба рӯ шудем, ки дар он ҷавонон буданд, дар даст чӯб, оҳан ва шишаҳои боомехтаи оташгиранда пур доштанд. Ин дар ҳоле ки дар қитъаҳои хафноктарин ҷанговарони қӯшунҳои дохилӣ меистоданд. Муҳофизони моро дида, ронандагони мошинҳои боркашон бозистоданд, ҷавонони савор аз мошин худро партофта, ба чор сӯ парешон шуданд. 
Дар роҳ мо бо В. Бакатин маслиҳат карда, ба хулосае омадем, ки бояд нирӯҳои Вазорати корҳои дохилӣ бештар карда шавад. Бо хоҳиши ҷумҳурӣ миқдори қӯшунҳо то ба 13000 расонида шуд. Барои он ки туркҳои месхетӣ аз ҷазо ҳифз карда шаванд, мо ба тартиби таъҷилӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Ленинободи Тоҷикистон лагерҳо созмон додем. Ба он ҷо кашондани одамон оғоз ёфт, хаймаҳо зада, пухтани таом ба роҳ монда шуд, бошишгоҳи муваққатӣ таҳти муҳофизати пурзӯр қарор гирифт. Ман барои як рӯз ба Маскав парвоз кардам, то ки саъю кӯшишҳои минбаъдаро бо М. Горбачёв маслиҳат кунам. 
Дар ин ҷо бояд тавзеҳ диҳам, ки туркҳои месхетӣ чӣ тавр сокини Ӯзбекистон шуданд. Маълум аст, ки соли 1944, ҳангоми ҷанг бо баҳонаи таъмин сохтани амнияти сарҳадҳои шӯравӣ беш аз 100 ҳазор нафар туркҳои месхетӣ, ки дар ноҳияҳои сарҳадии Гурҷистон бо Туркия зисту зиндагӣ мекарданд, иҷборан ба Ӯзбекистон кучонида шуданд. Ногуфта намонад, ки аз ҳар кадоми онҳо дар бораи он ки гӯё ихтиёран кӯчидаанд, забонхат гирифта шуд. Дар тӯли даҳсолаҳо муроҷиати онҳо ба роҳбарияти Иттиҳоди собиқ оид ба бозгардондан ба Ватан беҷавоб мемонд. Роҳбарият аз ҳаллу фасли сиёсии ин масъалаи ҷиддӣ канораҷӯйӣ мекард. Туркҳои месхетӣ, ки бо нишондоди Маскав маҷбур буданд дар Ӯзбекистон зисту зиндагӣ кунанд, барои озодии худ ба ҳама чиз тайёр буданд. Барои ҳал кардани ин масъалаи талошӣ қувваҳои вайронкоре, ки дар солҳои «бозсозӣ» ба миён омада буданд, низ дахл карданд. Дар натиҷа воқеае, ки бо тақсимчаи қулфиной дар бозори Фарғона ибтидо гирифт, ҷангу талошҳои туркҳои месхетӣ бо ҷавонони ӯзбек дар пивохонаи Қувасой ва саркӯбиҳо дар Паркент рух доданд. Ба ҳамааш тоқат кардан мумкин буд, вале паҳн шудани хабар дар бораи аз ҷониби туркҳои месхетӣ таҷовуз ба номӯси ӯзбекзан косаи сабри мардумро саршор кард. Ин исёнҳо дар Фарғона, Қӯқанд ва Қувасой боиси оқибатҳои даҳшатовар гардиданд. Дар натиҷа хунрезӣ ба амал омад. Роҳбарияти Гурҷистон масъалаи ба Ватани худ баргардондани туркҳои месхетиро ҳатто шунидан намехост. Бинобар ин бо қарори ҳукумати шӯравӣ туркҳои месхетӣ аз Ӯзбекистон ба Нечерноземеи Русия кучонида шуданд. 
Ба Фарғона ман, дубора бо раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Н. Рижков омадам. Зарур буд, ки пеши роҳи бетартибиҳо гирифта шавад. Он замон кӯчондани туркҳои месхетӣ ба ману Николай Рижков ягона роҳи дурусти ҳаллу фасли масъала намуд. 
Ифтихор мекунам, ки соли 1991, ҳангоми кор дар Шӯрои Олии ИҶШС бобати омода намудани  Қонун «Дар бораи сафед кардани халқҳои таъқибшуда», ки ин кӯчонидани иҷбориро «дар сатҳи давлатӣ сиёсати нодуруст ва геносид» эътироф кард, бевосита иштирок доштам.
– Шумо дар бораи сиёсати кунунии хориҷии Ӯзбекистон чӣ гуфта метавонед?
– Ҳамчун сиёсатмадори солдида мегӯям, ки: мавқеи ҳолоинаи мамлакат дар корҳои байналхалқӣ ба ман маъқул аст. Ӯзбекистон барои олам боз гардид ва муносибати дӯстонаву ҳамкориро бо тамоми кишварҳое, ки аз ин яксон манфиатдор мебошанд, татбиқ менамояд. Ӯзбекистон ба  блокҳои ҳарбӣ зид аст, омода мебошад дар кори иттиҳодияҳои бунёдкори чӣ минтақавӣ ва чӣ миқёси ҷаҳонӣ иштирок кунад. Ҳамчун сиёсатмадори таҷрибадор мегӯям, ки ин барои муқаррар кардани муҳити воқеан дӯстона ва ҳусни тафоҳум, ба хусус бо кишварҳои ҳамҷавор, хеле муҳим мебошад. 
– Ҳарчанд аз чун шумо шахси бузургсол пурсидани ин чандон бамаврид нест, мехостем донем, ки ҳоло бо чӣ кор машғул мебошед?
– Алҳол ман хонандаи ашаддии хотираҳо, ба хусус ёддоштҳои дӯстони қарини худ, дипломатҳо ва сиёсатмадорони машҳур мебошам. Бидуни шак, вақт бетаъсир намегузарад. Вале бовар кунед, ман аз синни 80 гузашта бошам ҳам, бисёр таклифҳои корӣ мегирифтам. Бинобар эътиқоди ман, агар инсон саломат бошад, ақли худро «истифода» бурда тавонад, пешпо додани ӯ душвор аст. Ин сифатест, ки ман онро дар одамон хеле қадр мекунам, бисёр саъй намудам, ки ин хусусиятҳоро дар фарзандони худ тарбия намоям, ба набераҳо, ки шаш нафаранду калониҳошон аллакай мустақил мебошанд, ҳамчунин абераҳо, ки низ шаш нафар мебошанд, талқин мекунам. Ҳангоме ки насли ҷавони оила ҷамъ меоянд, яке аз онҳо, албатта чунин таклиф мегузорад: «Биёед, бобоямонро тамошо мекунем». Дар хонаи мо бойгонии ғанӣ ва бисёрсолаи видеоӣ ҳаст. Онҳо аз тамошои ин бойгониҳо чӣ қадар завқ мебаранд!
– Мо мехостем фикру ақидаи шуморо дар бораи муносибатҳои дӯстии халқҳо ва манфиатҳои миллӣ шунавем.
– Ҳам дӯстии халқҳо ва ҳам манфиатҳои миллӣ мафҳумҳои басо муҷаз, нозук ва муҳим мебошанд. Онҳоро бояд эҳтиёт кард ва ҳифз намуд. Ин, фикр мекунам, кори муқаддас мебошад. Муаммо дар он аст, ки мо дар даврони шӯравӣ бештар ба дӯстии халқҳо эътибор додем, манфиатҳои миллии халқҳо бошанд, қадре фаромӯш шуданд. Албатта, ҳамаи ин зарур аст, вале набояд яке ба дигаре муқобил гузошта шавад. Онҳоро як хел эҳтиёт кардан ва мустақимона ба ҳаёт татбиқ намудан лозим. Солҳои охир муҳит дар тамоми Осиёи Марказӣ хеле беҳтар шуд. Ман мехостам бигӯям, ки ҳаво тоза, нафаскашӣ осон гардид. Муносибатҳои дӯстонаву некҳамсоягӣ барқарор мешаванд ва  хеле беҳтар мегарданд. Ин ҳатман ба кори неку мубораки оянда хидмат хоҳад кард. 
То ҳол бисёриҳо бо эҳтиром, мехостам бигӯям, бо ҳасади сафед дар бораи рӯҳи байналмилалии Ӯзбекистони он замона ҳарф мезананд. Дар ибтидои солҳои 2000-ум мо низ Хазинаи  байналхалқии байнимиллиро созмон додем. Мақсади мо бо кӯмаки тоҷирони машҳури хориҷӣ ҳарчи бештар суд овардан ба кишварҳои собиқи шӯравӣ буд. Ман ба тоҷир-соҳибкори машҳур Алишер Усмонов телефон кардам. Мо барои кишварҳои зиёд, ғайр аз Ватани худамон, корҳои бисёреро анҷом додем. Монеаҳое, ки он замон мавҷуд буданд, ба мо имкон намедоданд, ки корҳои андешидаи худро татбиқ намоем. Ҳатто барои сохтмони иншооти хурд низ даҳҳо муоҳида ва тавсияҳо лозим буданд, вагонҳо моҳҳо дар анборҳои гумрук нигоҳ дошта мешуданд, ба мо мавҷуд набудани конвертатсия халал мерасонид. Президент Шавкат Мирзиёев тамоми ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, мушкилоти конвертатсияро дар муҳлати хеле кутоҳ ҳаллу фасл кард. Алҳол ҳатто дар бахши дурдасттарини бонк низ метавон ҳар қадар маблағро конвертатсия кард.
Медонед, бо вуҷуди синну соли худ, ман аз корҳое, ки дар мамлакат содир мешаванд, хуб хабардор  ҳастам. Технологияи замонавӣ ба ин имкон медиҳад. Фикр мекунам, боз як дастоварди Президент Шавкат Мирзиёев ин решакан кардани меҳнати маҷбурӣ мебошад. Хурсандиовар аст, ки дар мавсими имсола барои ҷамъоварии пахта аз берун қувваи корӣ ҷалб карда нашуд. Вобаста ба ин ман солҳои 60-уми асри гузаштаро ба хотир меоварам. Он замон саёю кӯшиш бобати барои хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён аз моҳи октябр оғоз намудани маъракаи ҷамъоварии пахта ва маҳдуд шудан ба як моҳ дастгирӣ нашуда буд. Ман умедворам, ки минбаъд ҳамеша чунин мешавад, илм, техника, технология васеъ ҷорӣ мегардад, пахтакор ҳосили худро худаш ҷамъ меоварад. 
– Пас масъалаи ба бачагон аз кӯдакӣ тарбия намудани эҳсоси меҳнатдӯстиро чӣ гуна метавон ба роҳ монд?
– Оё ман ба ин муқобилам? Худам аз кӯдакӣ то замони ба фаъолияти ҷамъиятӣ ҷалб шудан дар саҳро будам. Агар ин ҷараён бо падару модар, калонсолони оила дар қитъаи назди ҳавлӣ ё худ хоҷагии фермерӣ ба роҳ монда шавад, хеле хуб аст. Муҳим он аст, ки меҳнат маҷбурӣ набошад ва ба таҳсил зарар нарасонад. Ҷавонон бояд хонанд. Ин хеле муҳим мебошад, бинобар ин мегӯям, ки самти пазируфтаи рушди иқтисодиёт дуруст мебошад. 
Дар сиёсати Президенти Ӯзбекистон барои ман пешниҳоди озодӣ ба расонаҳои ахбори оммавӣ  хеле маъқул аст. Дар замони кор мо аз ин хусус фақат орзу мекардем. Алҳол, ба фикри ман, ҳукумат танҳо як талаб дорад, фақат танқид накун, балки роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷударо нишон деҳ, қонугузориро халалдор макун, ҳарифи худро эҳтиром намо, ҳақиқатро навис. Яъне самти стратегии роҳбари Ӯзбекистон дуруст аст, халқ ӯро дастгирӣ менамояд ва ман фикр мекунам, Ӯзбекистон ба комёбиҳои бузург ноил хоҳад шуд. 
– Рафиқ Нишонович, барои суҳбати ошкоро, пурмуҳтаво ва ҷавобҳои дақиқу аҷибатон ташаккур.

Мусоҳибон 
Ирисмат Абдухолиқов, 
Раҳимҷон Султонов.

ӮзА.                                       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: