Шавкат МИРЗИЕВ: "ФАЗИЛАТҲОИ БЕҲТАРИНИ ИНСОНИИ ХАЛҚАМОН ИМРЎЗ БЕШТАР НАМУДОР МЕГАРДАД"

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 апрел дар аввали ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои шуғл, бори дигар ба корҳое, ки дар кишвар оид ба муқовимат бо сирояти коронавирус амалӣ мегардад, таваҷҷӯҳ зоҳир кард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 апрел дар аввали ҷамъомади видеоселекторӣ  бахшида ба масъалаҳои шуғл, бори дигар ба корҳое, ки дар кишвар оид ба муқовимат бо сирояти коронавирус амалӣ мегардад, таваҷҷӯҳ зоҳир кард.

Сарвари давлат, аз ҷумла, қайд намуд:

– Он далел ба ҳамаи мо тақвият мебахшад, ки то имрӯз дар Ӯзбекистон садҳо ҳамватанони мо сиҳат шуда, ба реабилитатсия гузаронда шуданд. Бори дигар ба тамоми ҳамватанонамон, ки вазъияти ба миёномадаро хуб дарк намуда, ба қоидаҳои карантин бечунучаро риоя карда, чораҳои андешидашударо васеъ дастгирӣ намуданд, ташаккур мегӯям.

Аз ин фурсат истифода карда, аз номи худ ва аз номи мардум бори дигар ба табибони фидокорамон, ки шабу рӯз бо пандемия мубориза  бурда,  қаҳрамонии ҳақиқӣ нишон медиҳанд, инчунин ба кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, ҳолатҳои фавқулодда, мудофиа, инчунин Гвардияи миллӣ, ки бо онҳо дар як саф истода хидмат мекунанд, миннатдорӣ изҳор менамоям.

Дӯстони азиз!

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 20 апрел баргузор шуд, мо оид ба ҳарчи зудтар баргаштан ба ҳаёти муқаррарӣ, тадриҷан сабук гардондани низоми карантин дар мамлакат бо риояи пурра ба талаботи байналмилалӣ ва миллӣ чораҳои асосиро муайян намудем.

Дар айни замон, дар минтақаҳои аз вирус холӣ  ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ қатъӣ риоя намуда, корхонаҳои саноатӣ, объектҳои сохтмонӣ, хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерҳо корҳояшонро пайваста ба роҳ мемонанд.

Ман аз деҳқонон ва фермерҳо, роҳбарон ва коргарони кластерҳо, ки имрӯзҳо ягон дақиқаи барояшон ғаниматро аз даст надода, дар саҳроҳо ва замини наздиҳавлигӣ собитқадамона  заҳмат мекашанд, сипосгузорам.

Албатта, мо мубориза алайҳи пандемияи коронавирусро як лаҳза ҳам қатъ нахоҳем кард. Ин масъалаи ниҳоят муҳимест, ки ба саломатӣ ва ҳаёти аҳолии мо дахл дорад.

Дар баробари ин, мо бояд чунин масъалаҳои таъхирнопазир, ба монанди бо ғизо ва чизҳои зарурӣ таъмин кардани аҳолии 34 миллионнафараи кишвар, пешгирии коҳиши даромади шаҳрвандон, дастгирӣ намудани ҳамватанони ба кӯмак эҳтиёҷмандро фавран ҳал намоем.

Барои ин бояд соҳаву бахшҳои пешбари иқтисодиёти мо устуворона кор кунанд. Чӣ тавре ки мебинед, ҳамзамон як қатор масъалаҳои мураккабро ҳал кардан зарур аст.

Ҳамаи моро он чиз хушнуд мегардонад, ки мардуми мо ва ҷомеа таъсиси ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак»-ро бо мақсади дар ин лаҳзаи вазнин кӯмаки мақсаднок расондан ба қишрҳои эҳтиёҷманди ҷомеа қабул карданд.

Андеша ва акси садоҳои самимии шаҳрвандони мӯътабар, олимони мӯҳтарам, арбобони дин, намояндагони фарҳанг ва санъат,  доираҳои тиҷоратӣ ва ҷавонон дар телевизион, саҳифаҳои рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз он далолат медиҳад, ки ин иқдоми нек аз худи мардум мебарояд.

Ин фикру ақидаҳои самимӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замони душвор, вақте ба сари мардум мусибат омад, фазилатҳои беҳтарини инсонии аз қабили омодагӣ ба дастгирӣ ва кӯмак, эътибор ва ғамхорӣ, ки  аз замонҳои қадим ба халқи мо хос мебошад, имрӯз бештар зоҳир мешаванд.

Дар суханони шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ як маънои амиқ ниҳон аст: "Марди саховатманд дар зери сояи дарахти биҳишт аст".

Мехоҳам ба ҳамаи ҳамватанони мо, соҳибкорони беғараз, ки ин ташаббусро самимона дастгирӣ мекунанд ва дар ин кори хайр саҳм мегузоранд, суханони дар китобҳои муқаддас изҳоршуда: "Мукофоти некӣ танҳо некӣ аст"-ро хотиррасон кунам.

Ба ҳамаи соҳибкорон ва фермерон, намояндагони ассотсиатсияҳои хоҷагидорӣ, вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳое, ки ба эҳтиёҷмандон, оилаҳои камбизоат бо ғамхорӣ  ва эҳтиром дасти мадад дароз мекунанд, ин корҳои некашон албатта якчанд баробар шуда бармегардад.

Таъкид мекунам: давлат ва ҷамъият, дар навбати худ, соҳибкорони олиҳимматро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Ба онҳо дар ҳеҷ бобат вазнинӣ нахоҳад афтид.

Аз ин рӯ, итминон дорам, ки ҳаракати умумихалқии "Саховат ва кӯмак", ки ваҳдати давлат ва халқ, қудрати онҳоро нишон дод, дар сафҳаҳои таърихи нав ҷойгоҳи муносиб хоҳад гирифт.

Дар арафаи моҳи мубораки Рамазон.

Падарон ва модарон, бародарон ва хоҳарон, мардуми боимону боэътиқодамонро самимона, аз сидқи дил ба муносибати ин айёми муборак муборакбод менамоям!

Ба ҳамаи шумо сулҳу оромӣ, хушбахтии оила ва шукуфоиро таманно дорам!

Умедворам, ки бо вуҷуди мушкилоти мавҷудаи муваққатӣ, Рамазон чун ҳамеша ҳамеша хонаву дилҳои моро шод мегардонад, ба мамлакат фаровонӣ ва шукуфоӣ мебахшад, эҳсоси дилсӯзиро пурзӯр мегардонад.

Аз фурсат истифода бурда, аз номи худам ва аз номи халқамон бародарони мусулмони кишварҳои дуру наздикро самимона муборакбод намуда, ба онҳо сулҳу беҳбудӣ таманно дорам.

Ба ҳамаи мо аён аст, ки бо марҳамати Худованди бузург дар моҳи Рамазон орзуҳои нек иҷобат мешаванд.

Дар ин моҳи муборак  ҳамамон бо рӯзаҳоямон, дуоҳои самимӣ ва корҳои некамон аз Офаридгор хоҳиш менамоем, ки мо ва ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро аз ин мусибат зуд раҳо созад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: