РАИСИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИС БО РАИСИ ИҶЛОСИЯИ 75-УМИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ ВОХӮРД

6 июни соли 2021 раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо Раиси иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи генералии СММ Волкан Бозкир мулоқот кард.

6 июни соли 2021 раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо Раиси иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи генералии СММ Волкан Бозкир мулоқот кард.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва пешомадҳои ҳамкории Ӯзбекистон бо СММ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки солҳои охир муносибатҳои дуҷониба ва мулоқоти тарафайн ба дараҷаи сифатан нав баромаданд.
Аз ҷумла, кишвари мо ба рушди ҳамкорӣ бо СММ эътибори махсус медиҳад ва чораҳои дахлдор меандешад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дар бораи корҳое, ки бинобар муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ амалӣ гардидаанд, маълумот дода шуд.
Чунончи, қайд гардид, ки бобати назорати татбиқшавии мақсад ва вазифаҳои миллӣ дар соҳаи рушди устувори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даврони то соли 2030-юм, Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба соатҳои парлумонӣ ва ҷамъиятӣ, рейтинг ва индексҳои байналхалқӣ Комиссияи парлумонӣ таъсис ёфт.
Ғайр аз ин 23-24 июни соли равон дар Бухоро анҷумани байналхалқии «Ҳамкории ҷаҳонии байнипарлумонӣ бобати татбиқ сохтани Ҳадафҳои рушди устувор» баргузор шуд. Анҷумани мазкур бобати баррасӣ ва коркарди баённомаи махсус доир ба баланд бардоштани нақши парлумонҳо барои муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмин кардани ҳуқуқи инсон нақши муҳим бозид. Дар анҷуман Баённомаи Бухоро қабул карда шуд.
Раиси Ассамблеяи генералии СММ Волкан Бозкир ба дигаргуниҳое, ки дар соҳаи сохтори давлатӣ ва ҷамъиятии Ӯзбекистон, озодкунии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқлими сармоявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон татбиқ мегарданд, баҳои баланд дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сиёсати ҷавононро дар мамлакат, ҷараёни иҷрошавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи ногироён, масъалаи таъмин сохтани баробарии гендериро муҳокима карданд, ҳамчунин муваффақиятҳои ин соҳа, аз ҷумла тасдиқ гардидани Стратегияи муваффақшавии баробарии гендериро дар Ӯзбекистон то соли 2030-юм таъкид намуданд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ба минбаъд амиқсозии ҳамкорӣ ва амали тарафайн тайёранд, онҳо вобаста ба масъалаҳое, ки барои ҳар ду тараф муҳим мебошанд, мубодилаи афкор карданд. Дар бораи идома додани мулоқоти мунтазам, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ муоҳида ба имзо расид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: