РОБИТАҲОИ ПАРЛУМОНӢ БО КУРИЁ

Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева ҳайати Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Куриёро қабул намуд.

Ба давраи нав воридшавии робитаҳои парлумонӣ дар рӯзҳои мо, рушду равнақи тозаи муносибатҳои дӯстона байни халқҳоямон, ба дараҷаи шарикии стратегӣ баромадани ҳамкориҳои дуҷониба дар риштаҳои гуногун дар вохӯрӣ алоҳида таъкид гардид. 
Инчунин гуфта шуд натиҷаҳои тиҷоративу сармоявӣ дар вазъи барқарор буда, дар Ӯзбекистон бо иштироки капитали Куриё наздик ҳазор корхона самаранок  фаъолият мебарад. Баробари ҳамин имконияти боз ҳам баландтар бардоштани натиҷаҳо бинобар ба амал баровардани лоиҳаҳои нави муштарак мавҷуд мебошад.
Зимни вохӯрӣ дар асоси таҷрибаи Куриё таҳти кумаки Агентии байналхалқии KOICA  дар Ӯзбекистон ҷорӣ намудани сохтори «Парлумони электронӣ» муҳокима карда шуд.
Гранте, ки дар асоси ин лоиҳа ҷудо мешавад, дар навбати аввал ба таъмини шуғли занон ва ҷалбсозии онҳо ба соҳибкорӣ истифода хоҳад гашт. 
Масъалаи дар Куриё фароҳам овардани шароитҳои қулайи корӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон ба дараҷаи парлумонӣ низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

 

ПОЕЗДИ САЙЁҲӢ ТАҲТИ ҲАМКОРӢ
 БО ИТОЛЁВИҲО

Дар доираи Форуми байналхалқии сармоягузории Тошканд байни ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва ширкати «Arsenale Group»-и Итолиё оиди лоиҳаи нави сайёҳӣ ҳуҷҷат ба имзо расид. Кушода шудани «The Samarkand ekpress» таҳти ҳамкорӣ бо итолёвиҳо барои сайёҳӣ ба диёри мо дари имкониятҳоро васеътар хоҳад кушод.
Ин қатора натанҳо воситаи нақлиётист, балки платформаест, ки сайёҳонро ба таърихи Ӯзбекистон ва ҳаёти имрӯзаи он, анъана ва арзишҳои мардумии маҳал, меъмории милливу замонавии ин диёр шинос мекунад. Купеҳо васеъ ва бароҳат, таомҳо хушлаззат, хидматрасонӣ дар поезд ба дараҷаи баланд. Дар оинаҳои панорамавии он намоиш ёфтани ландшафту манзараҳои нотакрори Ӯзбекистон низ ба таассуроти хуш ва фаромӯшнопазир гирифтани сайёҳон мусоидат менамояд.

М.ШОДИЕВ, мухбири «Овози тоҷик».          

 


СЕМИНАРИ МУФИД
Фасли гармо ҳам дар мекӯбад. Ин аз фаро расидани мавсими ҳосилғундории маҳсулоти ғалладона хабар медиҳад. Имсол дар саҳроҳои ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ гандуму ҷав хуб сабзида, ҳосили фаровон дорад. 
Ҳосили бо меҳнати пурмашаққат расонидаи хоҷагиҳои фермериро дар муддати кӯтоҳ, босамар ва беталафот ғундошта гирифтан вазифаи муҳим мебошад.
Бо сарварии ҳокими ноҳияи Кармана Валиҷон Адизов, роҳбарони секторҳо, роҳбарони масъули соҳа ва комбайнчиён бахшида ба босифат ва самараноку беталафот ғундоштани маҳсулоти ғалла семинари амалӣ баргузор гардид. Семинар бевосита дар парки комбайнҳо барпо гардид.
Ҳоким дар семинар маърӯза намуда вазифа ва ӯҳдадориҳои ҳар як шахси масъул, комбайнчиён, таъмини комбайнҳо дар мавриди зарурӣ бо сӯзишвории дизелӣ, таъмини ҳолати омодагии комбайнҳо дар мавриди дарав муайян намуд ва маслиҳатҳои худро дод.
Иштирокдорони семинар бо ҳолати омодагии комбайнҳо ба дарав шинос шуданд. Калиди комбайнҳои нав, ки соҳибкорони хоҷагиҳои фермерӣ харид намудаанд, ба соҳибонаш супорида шуд.

 

ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО БАРҚ БЕҲТАР
 МЕГАРДАД

Бунёди корхонаву муассисаҳо, биноҳои истиқоматӣ ва хидмати маишӣ талаботро ба барқ афзоиш медиҳад. Дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ дар ҳаллу фасли ин ҷараён чораҷӯйиҳои назаррас андешида шуда истодааст. 
Бо ин мақсад неругоҳи такягоҳии (подстансия) 110/ 35/ 10 kV «Ӯзбекистон» бо дувумин трансформатор бо иқтидори 40 000 kVA таҷҳизонида шуд. 
Трансформаторҳои пуриқтидор ба ҷойи ду трансформатор, ки ҳар кадом 16 000 kVA иқтидор дошт, гузошта шуд. Иқтидори неругоҳи барқ ду баробар афзуд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Навоӣ.

 

 

ШОДМОНИҲО ДАР  ВАРЗИК

Қариб ҳар сол дорбозон ба деҳаи санъатдӯстон — Варзик сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд. Ду сол қабл ҳунардорони фарғонагӣ,  соли гузашта гурӯҳи «Дорбозони Косонсой» ҳунарнамоӣ карда бошанд, ба наздикӣ ҷамоаи «Дорбозони Чуст» як ҳафта меҳмони муштариён гардид.

Гурӯҳи ҳунарӣ соли 1991 ташкил ёфта, то ҳол бо баромадҳои рангоранги худ байни ҳаводорон маълуму машҳур аст.
Ба гурӯҳ солҳои  охир Муродулло Раззоқов роҳбарӣ кард, баъди вафоти ӯ ду сол аст, ки  сарвариро Шоҳиҷаҳон  Ғаниеви ҷавон ба ӯҳда гирифтааст. 
Дорбозони чустӣ бо намоишҳои гуногуни худ ба тамошобинони варзикӣ завқу шавқ бахшиданд. 
Гурӯҳ ба вилоятҳои Андиҷон, Фарғона, ҳамчунин ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва маҳалҳои дури Русия сафари ҳунарӣ карда, ризову мамнун баргаштаанд. 
— Мақсаду нақшаи ояндаи мо, — шарҳ дод сарвари ҷамоа Шоҳиҷаҳон Ғаниев, —  баромадҳоямонро бою гуногун гардонида, миқёси сафари ҳунариамонро васеъ намудан аст.
 
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: