Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулла Ариповро ба ҳузур пазиранд.

Инчунин 12 март дар Душанбе мулоқоти сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулла Арипов дар назар буда, аз натиҷаи он санади дахлдор ба имзо мерасад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: