Сафари расмии Президенти Эрон ба Ӯзбекистон сурат мегирад

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ 14-16 сентябри соли равон бо боздиди давлатӣ ба кишварамон ташриф меорад.

Музокироти сатҳи олии Ӯзбекистону Эрон ва дигар чорабиниҳои барномаи сафар дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки раҳбарон масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро баррасӣ намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар бахшҳои тиҷорат, ҳамкорӣ, инноватсия, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ ва ғайра таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Бинобар ҷамъбасти мулоқот имзои як қатор санадҳои муштарак дар назар аст.

15-16 сентябр Президент Иброҳим Раисӣ дар чорабиниҳои ҳамоиши самарқандии СҲШ иштирок мекунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: