РОҲБАРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН ОИД БА ГУСТАРИШИ МИНБАЪДАИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД БА МУВОФИҚА РАСИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 март бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти интихобшудаи ин мамлакат Сердар Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлатамон ҷониби Туркманистонро бо баргузории бомуваффақияти муҳимтарин рӯйдоди сиёсӣ – интихоботи президентӣ ва пирӯзии боварибахши Сердар Бердимуҳамедов самимона табрик гуфта, ба халқи бародари Туркманистон сулҳу субот, шукуфоӣ ва беҳбудӣ орзу кард.
Ба идома додани корҳои муштарак, ки ба пайваста таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва Туркманистон нигаронда шудааст, изҳори боварӣ карда шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Динамикаи мусбати рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо бо қаноатмандӣ қайд гардид.
Аз рӯи ҷамъбасти соли гузашта ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ ва боркашонӣ хеле афзуд. Дар сатҳи минтақаҳои наздисарҳадӣ ва корхонаҳои пешқадам робитаҳои зич барқарор карда шудааст. Лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии об пеш бурда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, роҳбарони ду кишвар муҳим будани идомаи муколамаи фаъоли байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро таъкид намуданд.
Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ баррасӣ шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: