САМАРҚАНД БА ҚУРЪАПАРТОИИ МУСОБИҚАИ ҶОМИ ҶАҲОН МИЗБОНӢ МЕКУНАД

Соли равон кишварамон ба турнири бонуфузи Ҷоми ҷаҳон оид ба футзал мизбонӣ мекунад.

Дар майдони Регистон гузаронидани маросими қуръапартоии он ба нақша гирифта шудааст. Ин маросим 26-уми май гузаронида мешавад ва зиёда за 200 кишвари ҷаҳон метавонанд онро тамошо кунанд.
Ҳайате бо сарварии ёвари Президенти ФИФА оид ба футзал Ҳаиме Ярза ба Самарқанд омад. 
Дар майдони Регистон бо вакилони ФИФА масъалаҳои дар савияи баланд ташкил намудани маросими қуръапартоӣ ва гузаронидани он муҳокима гардид. Дар асоси тавсияҳои ФИФА аъзои Кумитаи ташкилӣ тасдиқ гардида, ба масъулон супоришҳо доданд.
Барои маълумот бояд гуфт, ки вохӯриҳои Ҷоми ҷаҳон-2024 оид ба футзал аз 4-уми сентябр то 6-уми октябр идома меёбанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти 
Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: