Федератсияи бокси Ӯзбекистон дар Осиё беҳтарин эътироф шуд!

Дар шаҳри Бангкоки Таиланд Конгресси ғайринавбатии Конфедератсияи бокси Осиё баргузор шуд.

Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои рушди бокс дар минтақа баррасӣ шуда, инчунин ҳисобот оид ба мусобиқаҳои дар соли 2022 баргузоршуда шунида шуд.

Боиси хушнудист, ки Федератсияи бокси Ӯзбекистон аз рӯи натиҷаҳои медалҳои ба даст овардааш дар соли 2022 ҳамчун «Федератсияи беҳтарин»-и Осиё эътироф гардида, соҳиби ҷоизаи махсуси Конфедератсияи бокси Осиё гардид.

Ҷоизаро мушовири раиси Федератсияи бокси Ӯзбекистон Малик Бабаев қабул кард.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: