Дар минтақаҳои Ӯзбекистон стансияҳои автоматии назорати ҳаво насб карда шуданд

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи муштараки Фонди « Zamin » ва Агентии хидмати обу ҳавошиносӣ шаш стансияи автоматии назорати ҳаво ба минтақаҳои Ӯзбекистон оварда шуд. Ду донаи онҳо ба шаҳрҳои Ҷиззах ва Гулистон оварда ва насб карда шуданд.

Дар айни замон, мутахассисон танзим ва ба корандозии озмоишии стансияро анҷом медиҳанд, ки пас аз он дар платформаи monitoring.meteo.uz. маълумоти охирин дар бораи ҳолати ҳаво дар вақти воқеӣ дастрас хоҳанд шуд.

Пеш аз ба кор андохтани стансияҳо барои кормандони Ӯзгидромет оид ба танзим ва истифодабарии стансияҳои насбшаванда машғулиятҳои амалӣ гузаронида мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: