ШАРШАРАИ МАШҲУРИ НИАГАРА БОЗ БО РАНГҲОИ ПАРЧАМИ ӮЗБЕКИСТОН ҶИЛО ДОД

Дар рӯзи таҷлили 31-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (дар ИМА ва Канада 31 август) яке аз ҷойҳои ҷолиби диққати сайёҳии Амрикои Шимолӣ – шаршараи ба ҷаҳон машҳури Ниагара боз бо рангҳои байрақи давлатии мамлакатамон ҷило дод.

Тибқи иттилои сафорати Ӯзбекистон, ки дар Канада низ номнавис шудааст, азимтарин шаршараро дар нимкураи ғарбӣ бо рангҳои парчами Ӯзбекистон рӯзи 31 август соати 22:30 ба вақти маҳаллӣ (1 сентябр соати 7:30 ба вақти Тошканд) мардум мустақиман тамошо карданд. Равшансозии шаршараи Ниагара бо рангҳои парчами Ӯзбекистон 15 дақиқа давом кард.
Ба иттилои сафорат, ҳамватанони мо аз тамоми гӯшаву канори Канада ва Иёлоти Муттаҳида ба шаршара Ниагара барои дидани ин манзараи зебо омаданд. Илова бар ин, намояндагии дипломатии мо якҷоя бо ҳамватанони худ  Рӯзи истиқлолиятро дар шаҳри Ниагара васеъ таҷлил намуд, ки дар он ҷо ба муносибати 31-умин солгарди истиқлолият бо рақсу сурудҳои ӯзбекӣ зиёфати тантанавӣ, имкони чашидан аз палови анъанавии ӯзбекӣ ташкил карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки шаршараи Ниагара соли гузашта бо иштироки ҳамватанони мо, сайёҳони сершумор аз манотиқи мухталифи ҷаҳон, ҳамчунин сокинони маҳаллӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон бори аввал бо рангҳои парчами Ӯзбекистон ҷило дода шуда буд. Ҳар сол миллионҳо сайёҳон аз шаршараи Ниагара дидан мекунанд. Бари шаршара 792 метр, баландиаш 53,6 метр, ҳаҷми оби фуромада 2,2 миллион литр дар як сонияро ташкил медиҳад. Дар системаи равшании шабонаи шаршараи Ниагара 1400 чароғҳои ҷудогона истифода мешаванд.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: