Дар шаҳри Тошканд мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" оид ба дзюдо оғоз мешавад

Имрӯз, 1-уми март дар Тошканд мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" оид ба дзюдо оғоз мешавад. Дирӯз дар арафаи мусобиқа маросими қуръакашӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ  вазири варзиши Ҷумҳурии Ўзбекистон Адҳам Икромов, котиби генералии КМО Ойбек Қосимов, муовини раиси Кумита, раиси Федератсияи дзюдои кишвар Азизҷон Комилов, инчунин масъулини Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) иштирок карданд.

Аввалин шуда директори генералии IJF Влад Маринеску ба сухан баромада, қайд кард, ки имсол кишвари мо ба мусобиқаи  "Тоскулоҳи бузург" омодагии муносиб дидааст. Ҳамчунин Адҳам Икромов ва Ойбек Қосимов дар бораи омодагиҳо ба ин мусобиқа, натиҷаҳои интизорраванда ва тадбирҳои таблиғи дзюдо дар кишвар суханронӣ карданд.

Дар ин мусобиқа 495 дзюдочӣ аз 68 кишвари ҷаҳон барои медалҳо мубориза мебаранд. Марҳилаи интихобӣ соати 09:00 ва блоки ниҳоӣ соати 17:00 оғоз мешавад. Намоиши дзюдо дар маҷмааи «Хумо Арена»-и пойтахт баргузор мешавад.

Бо натиҷаҳои қуръакашӣ бо истинод шинос шудан мумкин аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: