СИННИ КАМОЛОТ МУБОРАК

Адибони варзида бар онанд, ки дар бораи хурдсолону наврасон асари бадеӣ навиштан кори саҳлу осон нест.

Адибони варзида бар онанд, ки дар бораи хурдсолону наврасон асари бадеӣ навиштан кори саҳлу осон нест. Пас, онҳое, ки ин кори мушкилро анҷом медиҳанд, адибони тавонманданд.
Хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд, нависанда Зоҳир Ҳасанзода – муаллифи китобҳои «Боз баҳор меояд», «Бозгашт ба ҳаёт», «Азизи мардум», «Ривояти Оқсой» чанд сол қабл доир ба рӯзгори шигифтангез ва бегарду ғубори бачаҳою наврасон ба навиштани қиссае бо номи «Зафар» шурӯъ карда буд.
Қиссаи «Зафар»-и ӯро хонандагон хуш пазируфтанд. Ин истиқбол нависандаро водор намуд, ки ба нақли саргузаштҳои нави Зафар пардозад.
Инак, муаллиф ба қиссаи «Зафар», ки давоми саргузаштҳои Зафар мебошад, нуқта гузоштааст.
Зоҳир Ҳасанзода саргарми навиштан, худ бехабар монда, ки по ба зинаи ҳафтодуми умр қадам ниҳодааст. Гапи забонзаде вуҷуд дорад, ки ин аст: синни шасту ҳафтод... барои нависандагон, умуман, барои онҳое, ки бо меҳнати ақлӣ сарукор доранд, синни камолот аст. Воқеан, ин гап ҷон дорад. Зеро, инсон дар ин синну сол таҷрибаи зиёди ҳаётӣ меандӯзад, агар салиқаю истеъдод дошта бошад, осори мондагор меофарад. Бояд гуфт: мавсуф беш аз ним аср аст, ки бо рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳамкорӣ дорад.
Мо устод Ҳасанзодаро аз номи ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик» ва мухлисонаш бо синни камолот самимона табрику таҳният мегӯем ва ба ин муносибат ба хонандагони хушзавқи рӯзнома пораеро аз давоми қиссаи «Зафар»-и эшон пешниҳод карда, барояш тандурустӣ, умри дароз ва комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ таманно менамоем.

БАХШИ АДАБИЁТ ВА ҲУНАРИ «ОВОЗИ ТОҶИК»

ЗАФАР
(Порча аз қисса)
БОЗГАШТ

Қатор якнавохт тақа-туқкунон ба истгоҳи шаҳри Самарқанд наздик мешуд. Ҳарчанд посе аз шаб гузашта буд, мусофирони вагони рақами ҳафт ҳама ҳушёру бедор. Бо наздик шудани манзил вуҷуди собиқ сарбозонро ҳиссиёти аҷибе фаро мегирифт.
Зафар бо ҳавас ва иштиёқи беандоза аз тирезаи вагон ба берун нигарист.
Қатор, ки босуръат ҳаракат мекард, чароғҳои бешумори сари роҳ лип-липкунон лаҳзае пайдо шуда, зуд аз назар ғоиб мегардиданд. Дар партави моҳи мунир дарёи Зарафшон оинасон ба назар метофт. Зафар борҳо бо ҷӯраҳояш ба лаби ин дарёи тезҷараёни пуркафк омада гоҳе моҳидорӣ, гоҳе оббозию шиноварӣ намуда, аз манзараҳои пурмӯъҷизаи табиат баҳра бардоштааст.
Барои мардуми Маҷористон дарёи Дунай, Русия – Волга, Украина – Днепр чӣ қадар боқадр бошад, барои самарқандиён Зарафшон ҳамон дараҷа азиз аст.
Вай панҷараи вагонро кушод. Якбора бӯйи гулу ёсуман, ҳавои атромези зодгоҳ ба машомаш расид. Таппиши қалбаш аз садои чархи қатор ҳам баландтар гардид. Худ нафаҳмид, ки чӣ тавр оҳи сабуке кашид. Охир ду соли ҷудой аз хешу наздикон, зодгоҳу диёр ниҳоят ба поён расид. Ӯ қарзи ҷавонмардиро дар назди халқу Ватан аз таҳти дил иҷро кард. Аз санҷишу имтиҳон, мактаби мардонагӣ ва озмуни ҳаёт гузашт.
– Самарқанд, Самарқанд! – садои ногаҳони роҳбалади вагон риштаи хаёли ӯро канд, – тайёр шавед, пас аз даҳ дақиқа ба истгоҳ мерасем...
Зафар ҷомадон ва шинелро ба даст гирифта, аз купе ба долони борику дароз баромад. Аллакай мусофирону аскарҳо бетоқатона омодаи фаромадан буданд. Сари синаи фарохи аксари сарбозонро ордену медалҳои ду кишвар – Иттиҳоди Шӯравӣ ва Венгрия зиннат медод. Либосҳои тозаву озодаи низомӣ ҷавонмардони дар хидмат обутобёфтаро хушқаддуқоматтар, барнотар ва зеботар нишон медод. Бештари ин бачаҳо вақти сафарбаршавӣ ба хидмати ҳарбӣ пилтаи чароғ барин қоқу борик ва нимҷон буданд.
Армия онҳоро обутоб дод, ба балоғат расонд: акнун шиносҳои бо онҳо рӯбарӯшаванда ба ҳайрат наафтода намемонданд. Пешравӣ ҳам дар қаду қомат буду ҳам дар ақлу фаросат.
Қатор ҳаракаташро сусткунон садои дуру дароз баровард. Гӯё тепловоз бо нидои ғулғулаангези худ иттилоъ медод: “Эй, шаҳри азиму бостонӣ! Шербачаҳоят аз сафар омаданд, қабул намо!”.
Поезд дар перрон таваққуф кард. Зафар аз вагон фаромад. Вай ба аҳли оила, ба хотири ба ташвиш нагузоштани онҳо, хабар надода буд. Ният дошт ногаҳонӣ чӣ хел ғайб зада бошад, ҳамон тавр пайдо шавад. Аскар аз бинои вокзал ба берун баромад. Даҳҳо мошинаи сабукрав интизори хидмат расондан ба мусофирон турнақатор меистоданд. Якбора чанд ронанда сарбози ҷомадондорро дида, ба сӯяш давиданд. Онҳо ба ҷомадон часпида, баъзе илтифотомез, баъзе бо зӯриву дағалӣ ба ҳолу ҷонаш нагузошта, сӯйи мошини худ кашол мекарданд. Ин таксиронҳо аз савдогарон ҳам берӯтар буданд. Меҳру муҳаббати падару модари аскарҳо савдои онҳоро метафсонд. Зеро ҳар кадом аз бисоти худ беҳтарин савғотиҳоро пешкаш менамуданд: яке ҷомаву тоқӣ, дигаре гӯсфанд, оилаи камбизоаттар ҳар чизеро, ки ният карда бошанд, ҳимматбаландона мебахшид. Зафар баҳсу мунозираро сӯе гузошта, ба аввалин мошин нишаст ва амр дод:
– Селскӣ!
Тамоми ронандагони шаҳр хуб медонистанд, ки калимаи “селскӣ” маънои ноҳияи Самарқанд, саҳеҳтараш деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ва атрофи онро дорад. Ронанда мошинро зуд ба ҳаракат даровард. Аскар ба курсӣ бароҳат нишаста, чашм ба атроф дӯхт. Вай роҳкӯфта ва чанд шабу рӯз миҷҷа таҳ накарда бошад ҳам, аломати камхобиро эҳсос намекард. Гӯё хоки Самарқанд ба вай мададу қувва мебахшид. Аз тирезаи мошин ба чор тараф чашм медавонд.
“Аҷиб, дар тӯли ду сол қариб дигаргунии назаррас рух надодааст, – худ ба худ андешид ӯ, – ҳамон кӯчаҳои танг, хонаҳои пастакак, чароғҳои хира”. Зафар кишварҳои Аврупо, Украина, сарзамини паҳновари Русияро давр зада, ёдгориҳои меъмории рӯйи оламро бо чашмонаш дида, доираи ҷаҳонбинияш васеъ шуда буд. Акнун кӯчаҳои тангу тори Самарқанд ӯро ба ҳайрат мегузошт. Лекин сабабашро намедонист.
– Хӯш, аскар, – ронанда барои ба сӯҳбат кашидани мизоҷ аз оиначаи сақф нигоҳкунон пурсид, – хидмат чй хел гузашт?
– Зӯр! – кӯтоҳ ҷавоб дод вай.
Ронанда бо аскар аз наздик шинос шуданӣ буд. Аз ин рӯ, боз савол дод:
– Хона, аҳли оиларо ёд кардед-а?
– Албатта.
Боз хомӯшӣ ҳукмрон гардид. Беихтиёр пеши назари аскар симои волидайни меҳрубон, модаркалонҳои дуогӯӣ, додару хоҳарони дилсӯз, нисфак
– Сафари нимҷон пайдо гашт. Ба надидани онҳо аз рӯйи тақвим 747 рӯзу 21 соат шудааст. Инак, баъди чанд лаҳза дида ба дидор мерасад. Худо хоҳад!
Қалби аскар боз ба таппиш даромад. Ҳамин вақт пурсиши навбатии ронанда аз нав ба хаёлоташ пешпо зад:
– Хидмат дар куҷо гузашт?
– Дар Венгрия.
Хушбахтона, соҳиби мошин дигар саволҳои кунҷковона надод. Ва якбора мавҷи хотироти аскар ба соҳили рӯди Дунай, пулҳои овезону зебо, кӯчаҳои озодаи Будапешт, маъбадҳои асрорангез, табиати нотакрори ин кишвари фирдавсмонанд баргашт. Мардуми меҳмоннавоз ва рафтору гуфтори шоистаи таҳсини онҳо як-як ба ёдаш омаданд. Гарчанд хидмат гоҳ осуда, гоҳ бо душворӣ мегузашт, вале манзараҳои кишвари афсонавӣ як умр дар лавҳи хотираш нақш бастанд.
– Ана Селскӣ, – нидо дардод ронанда, – акнун ба кадом сӯ меравем?
Дар шаби маҳтобӣ тарҳи мақбараи Нодир Девонбегӣ ва масҷиди ҷомеъи Хоҷа Аҳрори Валиро дида, дар қалбаш эҳсоси аҷибе пайдо шуд: чанде пеш аз хонаҳои пастаки диёраш хиҷолат мекашид, акнун ҷойи онро ҳисси ифтихор фаро гирифт. Сарзамини ӯ суннату арзишҳои нотакрор дорад. Охир, ин гуна биноҳои таърихие, ки гузаштагони ӯ бунёд кардаанд, дар кадом ҷойи ҷаҳон ҳаст?
Чанд лаҳза ба бинои таърихӣ чашм дӯхта, хомӯш монд. Ронанда ҳолати мизоҷи худро ҳис кард магар ки мошинро дар сероҳа нигоҳ дошт. Аскар пичирросзанон дуо хонд ё чизҳое гуфт, ки ӯ нафаҳмид.
– Ако, ана акнун ба тарафи дасти чап меравем, баъди дусад-сесад метр хонаи мо.
“Волга” гирди гулзори сари роҳро давр зада, ба дасти чап тоб хӯрд.
Ҳамин ки назди бинои мағозаи дуқабатаи муҳташам расид, мусофир даст сари китфи ронанда гузошт. Мошин ҳаракаташро суст карду назди дарвозаи чӯбини дутабақа қарор гирифт ва беист сигнал дод. Яқин ҳама интизорӣ мекашиданд, ки якбора чанд нафар аз аҳли оила тозон ба кӯча баромаданд. Садои хурсандӣ сар то сари кӯчаро фаро гирифт. Фурсати фаромада дари мошинро пӯшидан нашуда, бародари калониаш аскарро оғӯш карда, боло бардошт ва дубора ба замин монд. Хислати аҷиб дошт Холис. Бо дӯсти наздик ё рақиби муносиб рӯбарӯ шавад, мувофиқи одати боксёрон рост истода, панҷаҳояшро гиреҳ мекарду нарм-нарм даст мепарронд. Ҳоло магар аскар ба назараш тануманд, ба қувваозмоӣ арзанда намуд, ки ба ин амали одатияш гузашт. Зафар чолокона худро ҳимоя кард. Бо вуҷуди ин, муштҳои сабук навозишомез ба китфи ӯ расиданд.
– Ана акнун ба ман спарринг, яъне рақиби арзанда пайдо шуд, – хурсандона гуфт Холис, – дар хона машқ давом меёбад.
Дили хоҳарчааш гум зада, худро ба гардани акояш партофт. Аскар ӯро аз замин озод бардошта давр занонд. Навбат ба Сафар расид.
Дугоникҳо дурудароз оғӯшгирӣ карданд. Сафар аз миёни дугоники худ гирифта хост бардорад, аммо танҳо такон дода тавонисту халос. Зафар дар навбати худ ҷавобан “навозишомез” ӯро беозор болои китф гузошта, ду-се маротиба чарх занонд. Сипас, аскар бо дигар пайвандон ва ҳамсояҳо, ки ба истиқболаш баромада буданд, самимона вохӯрдӣ кард. Вале модараш баробари дидани писари нозпарвари худ инони гиряро сар дод.
– Хурсандӣ кардан даркор, – ин ҳолро дида, кадоме луқма партофт, – шумо бошед...
– Ашки шодӣ, – ба худсафедкунӣ гузашт Муҳайёхола, – ду соли ҷудоӣ ба гуфтан осон.
– Канӣ, ҳама ба хона, – сарвари оила Ҳусейн Наҷмӣ одамонро ба дарун даъват намуд, – марҳамат!
Ҳама аскарро миёнагир карда вориди ҳавлӣ шуданд. Дар айвони калони оинабанд кӯрпача густурданд, дасторхон партофтанд. Ронандаро ба сари дасторхон даъват карданд.
Аскар аз фурсат истифода бурда барои ивази сару либоси низомӣ ба хонаи хоб гузашт. Муҳайёхола шоду масрур дари шифонери зардчатобро кушода, либосҳои писарашро, ки шуста, уту зада монда буд, ба рӯйи кати хоб партофт. Афсӯс, курта ва шим тангӣ карданд. Модар ин ҳолро дида хиҷил шуд.
– Пагоҳ аз мағоза навашро мехарем, – падар аз тану тӯшнок шудани фарзанд хурсанд назди меҳмонон рафт, – дар як шаб осмон омада ба замин намечаспад.
Сафар ба синаи фарох ва мушакҳои дамидаи дугоникаш бо ҳавас нигарист. Аз камгӯшт, лоғар будани худ афсӯс хӯрд. Либосҳояш ба назараш калону васеъ, фаҳӯлу ноҳинҷор намуд. Ҳолати ботинии ӯро атрофиён дарк накарданд. Зафар аз хона баромада сари дасторхон ҷой гирифт. Ҳамсояҳо аз ӯ ҳолу аҳвол пурсиданд. Вай ба қадри имкон ҷавоб дод.
Холис рӯйи лаълӣ куртаву ҷома ва ду дона нони калон оварда, дар назди ронанда гузошт. Ҳусейн Наҷмӣ ба неву нестони меҳмон нигоҳ накарда, дар кисааш чанд сӯми бақадр андохт.
– Акнун ба ман иҷозат, – ронанда ҳаракати аз ҷо хестан кард, – дер шуд.
– Додарамон дуруст мегӯянд, – фикри ӯро қувват дод Зарифамак, – мо ҳам мехезем. Як пиёла чой нӯшидем. Аскар монда шуда омадааст, истироҳат кунад, – гӯён даст ба дуо бардошт. Зарифамак дуру дароз оятҳои Қуръони каримро хонд. Сипас ҳама баробар омин карданд.
Зарифамаки зираку рамузфаҳм рост гуфта буд. Аскар шаби нахуст дар хона бо хотири ҷамъ сар ба болин монду чашмонаш зуд пӯшида шуданд. Хобу хоболуд ба чанд пурсишҳои Сафар нимғурма ҷавоб дод. Пас аз лаҳзае ба хуррок кашидан даромад.
(Давом дорад).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: