СОҲИБИ ЗАБОН БОШЕМ!

Мо, ки аз шумули миллатҳои кабир ҳастему худ аз ин огоҳ нестем, ба қадри бузургони хеш намерасем ва замоне ба қадри онон мерасем, ки нестанд.

Эй войи тоҷике, ки фаромӯш кардааст,
Асли худу забони худу ҳамзабони худ.                                                                                                                                                                                                                                               
ЛОИҚ 
Мо, ки аз шумули миллатҳои кабир ҳастему худ аз ин огоҳ нестем, ба қадри бузургони  хеш намерасем ва замоне ба қадри онон мерасем, ки нестанд. Мо қудрати дар як рӯз чандин оши худоӣ ва оши наҳор хӯрдан дорем, вале қудрати ҳамдеҳа, ҳамсоя ва наздикону пайвандонеро, ки фарзандону наберагонашон бероҳаи забони модарии хеш шуда истодаанд, ба худшиносиву худогоҳӣ баргардонданашонро надорем. Кӯдаки 5-6 сола дар боғча бо забони модарии худ таълиму тарбияи то синни мактабӣ намегирад. Чунон дар ғафлат мондаем, ки фардо ҳамон тифлакони забонгумкарда, бо ҳисси нафрат ба унвони бобою падари худ суханҳои қабеҳ мегӯянд.
Бе забон на кӯҳ ҳасту на дарё, на гаҳвораву на тобут, на зоту на бунёд. Бунёди миллат забон аст. Безабонии тифле ҳузновар, безабонии қавме марговар аст.
Вой бар ҳоли миллати безабон: 
Миллат чист? – Миллат меҳроб аст. Меҳроб чист? – Меҳроб кӯшиши худсозӣ дар замин аст. Агар фарзандон ба меҳроби дигар рӯйи суҷуд оранд, зоту бунёд, аслу насаби худро чӣ гуна метавонанд нигоҳ дошт?
Хунатон дар гарданам 
ҷовид монд,
Ман шуморо куштаву худ 
зиндаам,
Гиря мебояд, вале дар 
хонаам.
Назди имону шумо 
шармандаам.
Маълум аст, ки дар ин бора, бо забони модарии худ таълиму тарбия гирифтан дар Сарқонун тасдиқ шудааст. Аммо дар ин бобат раисони марказҳои миллию мадании тоҷикон дар сатҳи ҷумҳурию вилояту шаҳрҳо чӣ мегуфта бошанд? Вазифаю рисолати ин мутасаддиёни миллат, поку пос доштани забони модарӣ, миллати худ, рӯҳи муаззаму хотираи неки ниёгони бузург ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию бостонист, ки бо дастони тиллоии зодагони ин миллат бунёд шудаанд. Месазад, ки имрӯз хок ва ҳар сангу хишти бинои азими тамаддуни ниёгонро тӯтиё кунему бибӯсем ва ба нақди ҷон ҳифз намоем. 
Мақсади мо дар зиндагӣ, «Чун меҳр ба ҳар тифли тоҷик нури саҳар овардан, ҳамдарди забон будан ва дар пойи забон мурдан» бояд бошад. Мехостам, ки «Ҷаҳон луқмаи беғам бихӯрад, хоки сияҳ одам нахӯрад, то ғами одам бихӯрад».
Табиист, ки: «Дар дарун оташ набошад, шӯъла кай берун занад?» (Кошиф). Дарди ҳар як миллатдӯст, дарди фоҷиаҳои миллии аҳли башар, дарди фано шудани маънавияти миллӣ, дарди фасоду хароб гардидани ахлоқу одоби ҷамъият, дарди ноодамию ноинсофӣ, кӯрдиливу расмиятпарастӣ, авомфиребию қаллобӣ, ришватхӯрию дуздӣ нисбат ба инсону расму русум ва забону фарҳанги мардум аст. Ва агар дар ҳар тарбиятгари боғча, ҳар як омӯзгор, ҳар як бобою бибӣ ва падару модар, ҳар як роҳбари идораҳои таълимӣ шарафу номус ва ҳисси дӯст доштани забону миллат набошад, оқибат он миллату забон хору забун хоҳад шуд.
Вале имрӯз, хушбахтона, имкон фароҳам омадааст, ки ба муқаддасоту арзишҳои милливу аҷдодӣ, ба забону фарҳангу мероси ниёгон, аз ҷумла рӯзномаи ягонаи ҷумҳуриявии тоҷикии «Овози тоҷик» бо чашми меҳру муҳаббат нигарем. Дархости ман ҳамчун омӯзгори собиқ ин аст: Биёед, имрӯз «Овози тоҷик»-ро, ки ягона ҳофизу посдори забони ноби миллати овозадори мост, дастгирӣ кунем.                   
Ҳастии мо, ҷисми мо 
шӯру шарору оташ аст,
Мурда бодо зиндае, ки 
дар дили ӯ шӯр нест,
      
Нарзулло 
МУРОДУЛЛОЕВ, 
омӯзгори нафақагир аз маҳаллаи Хуфари 
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: