ТАРТИБИ ҶУДО КАРДАНИ СУБСИД МУАЙЯН ШУД

Бо қарори ҳукумат низомномаи маъмурии хидматрасонии давлатӣ дар бораи ҷудо намудани субсиди яквақта аз буҷети маҳаллӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатии таълим барои ташкили фаъолияти таълими забонҳои хориҷӣ дар деҳот тасдиқ шуд.

Тибқи низомнома, субсид ба ташкилотҳои ғайридавлатии таълимӣ барои мақсадҳои зерин ҷудо карда мешавад:
барои бо технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, мебел, воситаҳои техникии таълим ва дигар анҷомҳо муҷаҳҳаз гардондани бино ва дарсхонаҳо;
барои таъмини китобҳои дарсии зарурӣ, адабиётҳои таълимию методӣ ва дигар захираҳои китобхонаю ахбор, барои музди меҳнат ба педагогҳое, ки бо ташкили раванди таълим ҷалб карда мешаванд.
Ташкилоти ғайридавлатии таълимӣ барои гирифтани субсид тавассути бақайдгирии электронӣ дар Портали ягонаи интерактивии хидмати давлатӣ то санаи 10-уми моҳи аввали ҳар семоҳа дархост пешниҳод мекунад.
Ба муроҷиатнома инҳо илова карда мешаванд:
– нақшаи тиҷорат барои 2 сол;
– расонидани маҳсулот ё иҷрои кор, хидматҳо, шартномаҳои хоҷагие, ки имзо шудаанд;
– шартномаҳои меҳнатӣ бо кадрҳои педагогӣ;
– шаҳодатномаҳои тасдиқкунанда оиди сатҳи дониши забонҳои хориҷии ҳайати педагогӣ;
– шартномаҳои иҷораи бино ё синфхонаҳои дар раванди таълим истифодашаванда (барои ташкилотҳои ғайридавлатии таълимӣ, ки дар асоси иҷораи амволи ғайриманқул фаъолият мекунанд).
Аз довталабони субсид талаб кардани маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки дар боло зикр нашудаанд, қатъиян манъ аст.
Аз аризадиҳанда барои истифодаи хидмати давлатӣ маблағ ситонда намешавад.
Ин тартиб аз 1 октябри соли 2022 эътибор пайдо мекунад.

Мухбири худамон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: