ҲАМЕША БО ШОГИРДОН ДАР АЛОҚА

Инак, наздикии ду моҳ аст, ки шогирдони мактабҳои таълими умумӣ бо сабабҳои барои ҳамагон маълум дар хона нишастаанду ҷараёни омӯзиши онҳо ба таври таълими масофавӣ сурат мегирад.

Инак, наздикии ду моҳ аст, ки шогирдони мактабҳои таълими умумӣ бо сабабҳои барои ҳамагон маълум дар хона нишастаанду ҷараёни омӯзиши онҳо  ба таври таълими масофавӣ сурат мегирад. Ёдрас бояд намуд, ки ин ҷараёни таълим дар мактаби рақами 67-уми ноҳияи Сариосиё низ дар қатори дигар мактабҳои таълимии ноҳия бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.  
Ҳоло дар мактаб 25 нафар устодони фидоиву соҳибтаҷриба ба 210 нафар шогирдони мактаб сабақ меомӯзанд.
Аз он рӯзе, ки карантин эълон шуду мактаби онлайн барқарор гардид, ҳамаи омӯзгорон ва махсусан роҳбарони синфҳо баҳри аз дарс дур накардани шогирдон, ки ҳоло дар хона нишастаанд, ба таври онлайн вазифаҳо дода истодаанд ва ин ҳолати дарсгузарӣ аз тарафи маъмурияти мактаб низ назорат карда мешавад. Метавон омӯзгоронеро ном бурд, ки баҳри иҷрои вазифа, ташкили дуруст ва самарабахши мактаби онлайн ҳиссаи босазо гузошта истодаанд. Н.Холиқов, З.Холиқова, М. Бойева, Л. Холиқова, К. Ғойибов, Ш. Олтиева ва дигарон пайваста мекӯшанд, ки хонандагон дар вақташ дарсу вазифаҳоро иҷро карда, баҳри васеъ намудани илмашон дар ҷустуҷӯ бошанд.
Бояд гуфт, ки дар таълимгоҳи мо бо вуҷуди тарзи онлайн сурат гирифтани дарсҳо байни хонандагон таҳти шиори «Дар хона бимонед!» ва «Панҷ ташаббус дар давраи оила» ва машғулотҳои варзишии тарбияи бадан (бо роҳбарии омӯзгор Нуриддин Холиқов) чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо шогирдон фаъол мебошанд ва дар хона нишаста баҳри саломатии худ ҳамеша дар ҳаракатанд. Ҳамаи машғулот бино бар ҷадвали дарсӣ сурат мегиранд.

Хадича ҲАКИМОВА, 
омӯзгори мактаби рақами 52-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: