Тоҷат бишканад, короно!

Тоҷат бишканад, короно!

Эй вируси тоҷ, чун пайдо шудӣ, 
Рӯйи гетӣ муҷиби ғавғо шудӣ. 
Ту лабу бинии мардум бастаӣ,
Бо қудумат ларза бар дунё шудӣ.
Гирди олам гашта, эй боди бурут,
Ҳамчу дарди бедаво расво шудӣ.
Чун таби тан дам ба дам шуд беқарор,
Солимӣ аз ҷисми кас яғмо шудӣ.
Мотамӣ гардида даҳр аз наҳси ту,
Оби дандони саги савдо шудӣ.
Аз тарабгаҳ бурдаӣ айши фараҳ,
Банди сози Зуҳраи заҳро шудӣ.
Ҳукми ту бас аст тоҷат бишканад,
Пояи ғамхонаи дилҳо шудӣ.

Малик КАБИРОВ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: