РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ МУҲАББАТ БА ВАТАН

Имсол сокинони Ватани сермиллати мо 31-солагии иди асосии миллӣ – Рӯзи истиқлолият, ташкил ёфтани давлати соҳибихтиёри Ӯзбекистонро ҷашн гирифтанд.

Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» таҳти мавзӯи «Ӯзбекистон: 31-солагии истиқлолияти давлатӣ» пурсиши телефонӣ баргузор намуд, ки ба зоҳир намудани фикру ақидаи ӯзбекистониён дар бораи зинаҳои муҳимтарин дар бунёди Ӯзбекистони Нав, ҷараёни навсозӣ ва ислоҳсозии давлат ва ҷамъият, муваффақиятҳо ва дастовардҳо, ки дар ҳаёти шаҳрвандон ба амал омадаанд, нигаронда шудааст.
Пурсиш нишон дод, ки дар шуури ҷомеа Рӯзи истиқлолият яке аз ҷашнҳои асосии давлатӣ, рамзи ваҳдати миллӣ ва масъулият барои имрӯзу фардои кишварамон мебошад. Аксарияти ӯзбекистониён, яъне 70,4 фоиз 31-умин солгарди истиқлолияти давлатиро дар рӯҳияи баланди идона, бо эҳсоси ифтихор ва муҳаббати хосса нисбат ба Ватан пешвоз гирифтанд. Назари маъмул ин аст, ки Ӯзбекистон дар нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу оромӣ дар кишвар, пешгирии низоъ ва бархӯрдҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳарбӣ ба натиҷаҳои баланд ва дигаргуниҳо ноил шудааст (79,2 фоиз).
Инчунин тадқиқот зоҳир намуд, ки ба гуфтаи 69,2 фоизи пурсидашудагон арзиши афзалиятнок ва дастоварди истиқлолият баланд шудани нуфузи кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ва эътирофи байналмилалии Ӯзбекистон мебошад. Ба ақидаи 65,8 фоизи шаҳрвандон сулҳу ваҳдати байни миллатҳо, конфессияҳо омили муҳими рушди устувори кишвари мо дар тӯли солҳои истиқлолият мебошад.
Дар баробари ин 61,2 фоизи иштироккунандагони пурсиш татбиқи тамоюлҳои иқтисоди бозаргонӣ, фароҳам овардани шароит барои сармоягузорӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, бунёди соҳаҳои нави саноат, мувозинати ҳамаҷонибаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, истифодаи оптималӣ ва самарабахши иқтидори онҳоро яке аз муваффақияту комёбиҳои асосии Ӯзбекистони соҳибистиқлол номиданд. 62,6 фоизи иштирокдорон ба тадбирҳои амалӣ дар кишвар ҷиҳати ҳифзи модару кӯдак, таъмини имтиёзҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи оилаҳои камбизоат ва пешгирии бекорӣ баҳо доданд.
Солҳои охир дар кишварамон ба насли наврас ва ҷавонон, дастгирӣ ва бо кор таъмин намудан, ҳифзи иҷтимоӣ, мазмуннок ташкил кардани вақти  холӣ, мустаҳкам намудани ҳисси дахлдории онҳо ба ислоҳот дар кишвар, тарбияи арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ эътибори хосса дода мешавад, таъкид намуданд 44,7 фоизи пурсидашудагон.
Илова бар ин 48,8 фоизи пурсидашудагон рушди варзиш ва тарбияи ҷисмониро дар кишвар қайд карданд, ки инро ҷоизаҳои сершумори варзишгарони мо дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқ менамоянд.
Мувофиқи маълумоти расида 43,5 фоизи пурсидашудагон чунин мепиндоранд, ки дар соҳаи тандурустии кишвар дигаргуниҳои назарраси мусбат ба амал омадаанд: барои беҳтар намудани саломатии шаҳрвандон тадбирҳо фаъолона амалӣ карда мешаванд, кори ёрии аввалияи тиббию санитарӣ беҳтар мегардад, поликлиникаҳои нави оилавӣ ва бунгоҳҳои духтурии оилавӣ кушода шуда, кори системаи ёрии тиббӣ беҳтар мегардад, телемедитсина ривоҷ ёфта, ба ҳифзи модар ва кӯдак, коҳиш додани хатарҳо барои солим ва ҳаёти авлоди наврас эътибори хосса дода мешавад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки хусусияти муҳими сатҳи зиндагии аҳолӣ қобилияти харидорӣ ва мавҷуд будани шароити мусоид барои хариди калон, имконияти беҳтар намудани шароити манзилии шаҳрвандон, харидани молҳои муҳими истифодаи дарозмуҳлат, қонеъ гардондани эҳтиёҷоти иҷтимоӣ хидмат мекунад. Тавре ки иштирокчиёни пурсиш қайд карданд, дар солҳои охир онҳо тавонистанд мошини нави истеҳсоли ватанӣ харидорӣ намуда, туйи арӯсии худ ё фарзандони худро баргузор кунанд, таъмири асосиро анҷом дода, мебелҳояшонро нав кунанд. Барои иштирокдорони пурсиш комёбии назаррас ин буд, ки онҳо маълумоти олӣ гирифтанд ва маблағи шартномаи таълимро пардохт карданд. Пурсидашудагон инчунин изҳор доштанд, ки онҳо тавонистанд ҷуғрофияи сафарҳои худро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам ба хориҷи кишвар васеъ кунанд.
Умуман тадқиқот нишон дод, ки афкори умум ҷонибдори вектори рушди Ӯзбекистони Нав, ки ба таҳкими суботи ҷомеа, таъмини амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва нуфузи байналмилалии кишвар нигаронда шудааст, бартарӣ дорад. Натиҷаҳои пурсиш тасдиқ менамояд, ки ҷаҳонбинии шаҳрвандон, муносибати онҳо ба меҳнат, зиндагӣ тағйир ёфта, маданияти ҳуқуқӣ, шуури сиёсӣ ва фаъолияти иҷтимоии аҳолӣ меафзояд, арзишҳои маънавию ахлоқии онҳо таҳким меёбад, мавқеи шаҳрвандии одамон, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шахсӣ барои тақдири Ватан меафзояд.
Бинобар ақидаи пурсидашудагон, Рӯзи истиқлолият – рамзи муҳаббат ба Ватан, намоиши ваҳдати сермиллати ӯзбекистониён, ифтихори миллӣ аз он аст, ки кишвар сол то сол дар пешрафти худ ба комёбиҳои бештар ноил мегардад.

Бинобар маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» мухбири ӮзА М.ИСАЙЧЕВА тайёр кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: