УМЕД АСТ КАМХАРҶ МЕГАРДАД

Аз қадимулайём бобою момоҳои мо «ҳамаро ба тӯй расонад» гуфта даст ба дуо бардоштаанд.

Аз қадимулайём бобою момоҳои мо «ҳамаро ба тӯй расонад» гуфта даст ба дуо бардоштаанд. Бо сабаби пешгирии пандемия тӯю маърака, тантанаҳои оилавӣ як муддат манъ шуда буд. Дар натиҷаи оҳиста-оҳиста ба ҳудуди «сабз» ва «зард» гузаштани мавзеъҳо барои тӯй, маърака ва тантанаҳои оилавӣ бо иштироки на зиёда аз 30 нафар ва риоя намудан ба қоидаҳои карантин муайян карда шуда буд. Дар натиҷа, мардум чорабиниҳояшонро дар хонадон ва ҳавлиҳои худ бо иштироки 30-40 нафар, танҳо хешу таборе, ки сокини ҳамон ҳудуд ҳастанд, бо риоя ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ баргузор намуданд.
– Рӯзи тӯйи хонадоршавии писарамро маълум карда будем. Пандемия фаро гирифту баргузории тӯйҳо манъ гардид. Духтарбачаро дуру дароз «сарбанд» карда мондан ҳам хуб нест. Баъди камтар нарм шудани вазъият тӯйро гузаронидем. Ташвиш ва харҷи тӯйро фикр карда, шабҳо хобам намебурд. Тӯй таҳти назорати фаъолони маҳалла баргузор шуд. Хонаам дар ошёнаи 9-ум ҷойгир аст. Хонаи калонро ба меҳмонон, дигарашро ба домоду арӯс ва 2-3 нафар дугонаю ҷӯраҳояшон омода намудем. Бо суханҳои неку самимӣ, рақсу бозии меҳмонон тӯй пурфайз ва ихчам гузашт. Маблағе, ки аз тӯй зиёдатӣ кард, ба пардохти аъзобадали хонаи нав, ки барои оилаҳои ҷавон ҷудо карда шудааст, мерасад, – мегӯяд Хонзода Орифова аз маҳаллаи Соғунии пойтахт.
Доир ба гузарондани тӯйҳои 30 нафара фикру мулоҳизаи аҳолиро аз саҳифаҳои расонаҳои хабарӣ дидану хондан мумкин аст, ки мақсади асосӣ ба ҳаёти хушбахтонаи ҷавонон ва ба душвориҳои моддӣ дучор нашудани волидон нигаронда шудааст.
– Тӯйи суннатии набераам бо риоя ба қоидаҳои карантин барпо гардид. Ҳофизони маҳалла бо иҷрои ҷоннок давраро тафсонданд. Назар ба гуфтаи писарам, маблағи зиёдатӣ, ки орзуву ҳавас гуфта, солҳои тӯлонӣ нахӯрдаву напӯшида ҷамъ карда буд, ба харидани автомобил низ мерасад. Ҳаммаҳаллаам арӯс фароварданӣ буд. Барои ба тартиб даровардани ҳавлию хона ва харҷи тӯй камтар қарз гирифт. Баъди гузарондани тӯйи камхарҷ қарзашро зуд баргардонд. Аз андешаи баргардонии қарз, ки солҳои тӯлонӣ азият мекашид, халос шуд. Офаридгор, ҳамаро ба нияташ расонад, – мегӯяд дигар сокини ҳамин маҳалла момои Муҳаббат.
— Тӯйҳои камхарҷ, албатта, ба манфиати соҳибтӯй аст. Аз  деҳаи ҳамсоя арӯс овардам.
Аз тарафи қудоҳо 20 нафар, хешу наздикони худам 15-20 нафарро ташкил намуданд. Анъанаи хуби мардуми мо дар он аст, ки ба тӯй бе тӯёна намеоянд. Нону фатир, санбӯсаю шириниҳои аз тӯй зиёдатиро ба оилаҳои серфарзанд, пирони танҳо ва беморон дастовез карда додем, — мегӯяд сокини деҳаи Ширини ноҳияи Вобкент Насиба Раҷабова. Оре, карантини имрӯз ба мо сарфакорӣ, расидан ба қадри меҳнати ҳалол, камтарӣ, хоксорӣ ва дигар хислатҳои неки инсониро боз як бори дигар хотиррасон намуд. Дар кӯча даҳҳо ҷӯраи домоду арӯс бо ҳаёҳу, бо корвони мошинҳо нагарданд ҳам мешудааст. Ин бетартибиҳо баъзан сабабгори ҳодисаҳои нохуш низ мешаванд. Ба туфайли пурзӯр гардидани вазъияти имрӯза маъракаву маросимҳо боз як муддат манъ карда шуд.
Баъд аз ин, умед дорем, ки тӯйхонаҳои пургунҷоиш, дабдабанок, ҳофизони ба навбат истода, раққосаҳои пулчини дилхиракунанда, нону хӯрокиҳои зиёдатӣ, ки соҳибтӯй дар уболи онҳо мондааст, такрор намешавад. Умед дорем, ки ин рӯзҳои танг зуд паси сар мешаванд, диёрамон  осуда, мардум боз тӯю сур, тантана ва маъракаҳои худро хотирҷамъона, бе исрофкорию худнамоӣ баргузор хоҳанд намуд.

Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: