«МАЛИКО, ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД!..»

Ҳаво хеле гарм бошад ҳам, оҳиста-оҳиста фасли тирамоҳ низ мегузарад.

Ҳаво хеле гарм бошад ҳам, оҳиста-оҳиста фасли тирамоҳ низ мегузарад. Рӯзҳо кӯтоҳ шудан мегиранду шабҳо дароз...  
Яке аз ҷашнҳое, ки мо бо хушу хурсандӣ истиқбол мегирем, иди қадимаи ниёгони мо “Меҳргон”, бо таъбири дигар “Иди ҳосил” аст. Ростӣ, ҳамасола ин идро хонандагони мактаби мо ҳам интизор мешаванд ва онро бо хурсандӣ ҷашн мегиранд. Ҳамаи зироат ва меваву сабзавотеро, ки мо – деҳқонзодагон тамоми сол ҷамъоварӣ менамоем, дар саҳни мактаб ба дастархони идона мегузорем, онҳоро намоиш медиҳем. 
Ба наздикӣ бо ташаббуси роҳбарияти мактабамон ҷашни “Меҳргон” таҷлил шуд. Дар саҳни мактаб дастархони пур аз меваву сабзавот ва зироати полизӣ, ки аз ҷониби хонандагони синфҳои 6-11-ум ҷамъоварӣ шудаанд, ба намоиш гузошта шуд. Барномаи адабӣ, рақсу суруд ва шеърхонии хонандагони мактаб дар васфи забон, тирамоҳ ва “Меҳргон” ба иштирокчиёни тадбир хушиву хурсандӣ бахшид. Дар тадбир омӯзгори фанни таърих Холиқбердӣ Додобоев дар бораи ҷашни қадимаи “Меҳргон” маълумот дод. 
Бахши дуюми чорабинӣ ба анҷоми моҳонаи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик бахшида шуд. Дар давоми моҳонаи забони модарӣ хонандагони мактаб фаъолияти хуб нишон доданд. Дар тадбир ва дарсҳои кушоди омӯзгорон фаъол иштирок намуданд. Дар тадбир омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик Садриддин Набиев оид ба моҳона ва анҷоми он маълумот дод. Хонандагон дар васфи забон шеъру суруд хонданд. Дар чорабинии ҷашнӣ мусобиқаҳои варзишии ресмонкашӣ, сангбардорӣ ва дастхобонӣ, инчунин байни хонандагони синфҳои 6-11-ум мусобиқаи пухтани “Оши палав” низ гузаронда шуданд. Аъзои ҳакам дар озмунҳои “Ошпази беҳтарин”, “Дастархони беҳтарин” ва ғайра ба меҳнати хонандагон баҳо гузоштанд.
Дар охири чорабинӣ хонандагон ва иштирокчиёни фаъол бинобар номгӯйҳои “Ошпази беҳтарин”, “Дастархони беҳтарин”, “Хонандаи фаъол” ва “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи ҷашни “Меҳргон” аз ҷониби маъмурияти мактаб бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Малико, ҷашни Меҳргон омад, 
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ
Бадали боғу бӯстон омад.

Хадича РУСТАМОВА,
Ситора НАЗАРОВА,
хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 43-юми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: