Вазифаҳо оид ба коҳиш додани сарбории фиксалӣ ва рақамигардонии соҳаи андоз муайян шуданд

  • Вазифаҳо оид ба коҳиш додани сарбории фиксалӣ ва рақамигардонии соҳаи андоз муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба коҳиш додани сарбории фиксалӣ ва рақамигардонии соҳаи андоз муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба коҳиш додани сарбории фиксалӣ ва рақамигардонии соҳаи андоз муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба коҳиш додани сарбории фиксалӣ ва рақамигардонии соҳаи андоз муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба коҳиш додани сарбории фиксалӣ ва рақамигардонии соҳаи андоз муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба коҳиш додани сарбории фиксалӣ ва рақамигардонии соҳаи андоз муайян шуданд
  • Вазифаҳо оид ба коҳиш додани сарбории фиксалӣ ва рақамигардонии соҳаи андоз муайян шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев дар Кумитаи давлатии андоз оид ба вазифаҳои навбатии такмил додани соҳаи андоз ҷамъомад баргузор намуд.

Солҳои охир дар ҷумҳурӣ идоракунии андоз фаъолона ислоҳ карда мешавад. Моҳи декабри соли 2019 таҳрири нави Кодекси андоз қабул карда шуд, ки дар он меъёрҳои бевоситаи амал ҷорӣ карда шуданд. Шумораи навъҳои андоз аз 13 ба 9 кам гардид. Меъёри андози амвол аз 5 то 1,5 фоиз ва андоз аз арзиши иловашуда аз 20 то 15 фоиз кам карда шуд. Бори андоз аз музди кор қариб 2 баробар кам шуд. Дар натиҷа боварии соҳибкорон ба ислоҳот мустаҳкам шуда, даромади андоз чор баробар афзуд. Шумораи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда аз 6 ба 152 ҳазор нафар расид.

Дар Стратегияи нави рушд вазифаҳо оид ба идомаи ин ислоҳот, инчунин минбаъд кам кардани бори андоз ба иқтисодиёт ва соддагардонии расмиёти андоз пешбинӣ шудаанд.

— Мо тамоюли баланд бардоштани шаъну эътибори одамро эълон карда будем, барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ кор мекунем. Мардуми мо кай қаноатманд мегардад? Вақте андозҳо кам мешаванд ва даромадҳо зиёд мешаванд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Аз ҷумла, то соли 2026 то 25 дарсад коҳиш додани сарбории андоз ба иқтисод дар назар аст. Дар он ҳамчунин аз соли 2023 то 12 дарсад коҳиш додани мизони андоз аз арзиши изофӣ, дар оянда муттаҳид кардани андози замин ва андози амвол пешбинӣ шудааст.

Дар оғози ҷаласа шахсони масъул аз корҳои анҷомдода ҳисобот доданд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки фаъолияти мақомоти андозро такмил дода, барои ин ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ зарур аст.

Ин ба автоматикунонии пурраи равандҳои тиҷорат, рафъи монеаҳои андоз, коҳиши “иқтисоди хуфиёна” ва таҳкими захираҳои кадрӣ мусоидат мекунад.

Президент ба зарурати таъмини суботи воридоти андоз ва дастгирии соҳибкорон дар шароити кунунии зудтағйирёбанда ва душвори ҷаҳон ишора кард.

— Ман ҳамчун намояндаи андозсупорандагон ба ин ҷо омадам, — гуфт Президент.

— Афзоиши мадохилот чизи асосӣ нест. Мо бояд пеш аз ҳама системаро дуруст ба роҳ монем, омӯзонем, бори андозро кам кунем, ба соҳибкорон барои меҳнати ройгону ҳалол шароит фароҳам оварем. Кормандони андоз набояд ҷазодиҳанда, балки мададгор бошанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар баъзе мавридҳо соҳибкорон аз сабаби он ки чӣ тавр кор кардан бо барномаву талаботи навро намефаҳманд, саволҳои зиёд доранд. Дар робита ба ин, зикр гардид, ки дар асоси принсипи «Андозчӣ – ёрдамчӣ» ба соҳибкорон тарзи кор аз рӯи қоидаҳои навро фаҳмонда, фарогирии соҳибкоронро бо хизматрасониҳои электронӣ васеъ намудан зарур аст. Ба Кумитаи андоз супориш дода шуд, ки дар тамоми минтақаҳо бо соҳибкорон вохӯриҳо баргузор намуда, тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ дар назди мардум ҳисобот диҳад.

 Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки низоми андоз бояд дар дигаргунсозии корхонаҳои давлатӣ фаъолона иштирок намуда, онҳоро ба кам кардани хароҷот ва устувории молиявӣ равона созад.

Чӣ хеле ки маълум аст, мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 ноябри соли 2020 дар назди Кумитаи давлатии андоз Донишкадаи фиксалӣ созмон дода шуд. Сарвари давлат таваҷҷуҳи худро ба сатҳи нокифояи омодагии кадрҳо ҷалб кард. Аҳамияти омӯзиши кормандони мақомоти андоз бо роҳҳои нави IT-и дар система ҷорӣ кардашаванда, инчунин баланд бардоштани малакаи мутахассисон дар хориҷа қайд карда шуд.

Вазифаҳо оид ба табдил додани мақомоти андоз ба низоми аз коррупсия холӣ муайян карда шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: