ҲАМ ТАБИБУ ҲАМ ҲАБИБ

15-уми феврал барои Ҳабибуллоҳ Муртазоев рӯзи таърихӣ аст.

15-уми феврал барои Ҳабибуллоҳ Муртазоев рӯзи таърихӣ аст. Зеро дар ҳамин сана охирин ҷанговари байналмилали шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк карда буд.
Он айём вай 7 сол дошт. Коргардони машҳури кино Латиф Файзиев дар масҷиди Хоҷа Аҳрори Валӣ филми «Ситораи Улуғбек»-ро ба навор мегирифт. Ҳабибуллоҳ чун аксари бачагон бо ҳисси кунҷковӣ ба ин ҷо омада, ба ҳунарпешагон бо ҳавас менигарист. Ҳатто ба  онҳо тақлид мекард ва бо ин ба аҳли оила, алалхусус модари меҳрубонаш завқ мебахшид. 
Волидааш – Барно Муъминова (Худо раҳмат карда бошад!) навозишомезона ӯро ба оғӯш мекашид. Модар дар мактаби рақами 8-уми деҳаи Дукчигӣ аз фанҳои забони модарӣ ва адабиёт сабақ медоду бо душворӣ аробаи зиндагиро пеш мекашид. Зеро шавҳараш – иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон хеле барвақт вафот карда буд. Муаллима бо чор нафар фарзанд дар 32-солагӣ бева монда, кӯшиш мекард ҷигаргӯшаҳояш дар пӯшидану хӯрдан аз дигарон кам набошанд. Ба онҳо аз «Шоҳнома» ва асарҳои дигар қисса мекарду хотирашонро болида месохт. Дар натиҷа меҳри Ҳабибуллоҳ ба адабиёт афзуда, ҳанӯз то ба мактаб рафтан бисёр байтҳоро аз Фирдавсӣ, Хоҷа Ҳофиз, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Турсунзода ва дигар шоирони классику муосир аз ёд медонист.
Модар орзу дошт, ки фарзандаш касби ӯро мегирад. Нобаҳангом писари калонӣ Баҳодур бемор шуду табъи ҳама хира гашт. Алалхусус, модари бечора мурғи посӯхтаро мемонд. Дар атрофи бистари фарзанди бемораш парвона буд. Сад дареғ, ки умраш вафо накард. Писари калонӣ, дастёри оила дунёи фониро тарк намуд. Ин воқеаи нохуш ба додараш низ сахт таъсир карду вай ба модараш ваъда дод, ки табиб шуда, ба беморон шифо мебахшад. Шояд аз ҳамин сабаб баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд супурд. Соли нахуст бахт аз ӯ рӯ тофт. Як сол дар завод коргар шуда, ба имтиҳонҳо тайёрӣ дид. Соли дигар ба орзуи дил расид. Дар донишкада аз устодони меҳрубон асрори соҳаро омӯхт. Рӯзе, ки бо дипломи мактаби олӣ ба хона омад, хурсандии аҳли оила интиҳо надошт.
Фаъолияти меҳнатиро ҳамчун табиб дар шифохонаи марказии шаҳри Самарқанд оғоз намуд. Нахустин устодаш мудири шуъбаи эҳё (реаниматсия) Гарник Багдасаров буд. Вай шогирдашро духтури анестозолог таъин карда, асрори ин касбро ба ӯ омӯзонд. 
Соли 1987 тақдир ӯро ба Афғонистон бурд. Дар шаҳри Қундуз барои урдуи шӯравӣ госпитали ҳарбӣ амал мекард. Дар шифохона соати кории муайян набуд. 
– Ҳарчанд мо, шифокорон аз дидани аскарбачагони маҷрӯҳ азоби рӯҳиву ҷисмонӣ мекашидем,  фаъолият дар шароити вазнин фоидаовар низ буд. Аз Русия ҷарроҳоне даъват шуда буданд, ки истеъдоди фавқулодда доштанд. Шахсан ман аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхтам. Малака ва маҳоратам бобати ҷарроҳӣ хеле афзуд, – мегӯяд ӯ.
Баъди бозгашт ба Ватан Ҳабибуллоҳ Муртазоев дар шифохонаи шаҳр фаъолияти худро идома дод. Мудири шуъба ба нафақа баромаду ӯро ба ин вазифа таъин карданд. 
Ба зебосанами деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ, ҳамшираи шафқат Шоҳсанам Ҷалолова ақди никоҳ баст. Худо ба онҳо ду фарзанд дод, ки ба писар Зафарҷон ва ба гулдухтар Азизабону ном гузоштанд. 
Ҳабибуллоҳ Муртазоев то имрӯз посбони саломатии мардум мебошад. Беш аз сӣ сол дар як ҷо ва дар як вазифа хизмат кардан на ба ҳама насиб мекунад.
Як кори хайри ӯ ҳар моҳ аз маоши худ ба ҳисоби хонаи «Меҳрубонӣ»-и рақами якуми шаҳри Самарқанд ва Иттиҳодияи ҷанговарони байналмилали «Сиёвуш»-и ноҳияи Самарқанд 100 ҳазор сӯм гузаронидан мебошад. Вай ҳамчун ҷонишини раиси шуъбаи вилоятии Шӯрои ҷанговарони байналмилал ва ногироҳои «Veteran»-и Ӯзбекистон оид ба корҳои тиббӣ низ дар хизмати ҳамсангарон аст.
Ҳам табибу ҳам ҳабиб – қаҳрамони лавҳаи мо – Ҳабибуллоҳ Муртазоев чанд муддат раиси ҷамоати шаҳрвандони Хоҷа Аҳрори Валӣ буд ва барои ободу зебо гардидани зодгоҳ хизмати беминнат кард.

Юсуф АБДУЛЛОЕВ, 
ҷанговари байналмилал, доктори илмҳои педагогӣ.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: