ҲАРБИЁНИ МО БО ИШТИРОКИ АВВАЛИНИ ХУД ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ТРИАТЛОН БА НАТИҶАИ ИФТИХОРӢ МУВАФФАҚ ШУДАНД

Мувофиқи нақшаи тақвимии Шӯрои байналхалқии варзиши ҳарбӣ (CISM) 3-4 июли соли 2021 дар шаҳри Лансаротеи Испания чемпионати 22-юми ҷаҳон дар байни хидматчиёни ҳарбӣ оид ба триатлон баргузор гардид.

Мувофиқи нақшаи тақвимии Шӯрои байналхалқии варзиши ҳарбӣ (CISM) 3-4 июли соли 2021 дар шаҳри Лансаротеи Испания чемпионати 22-юми ҷаҳон дар байни хидматчиёни ҳарбӣ оид ба триатлон баргузор гардид. Триатлон дар худ навъҳои шиноварӣ, велосипедронӣ ва давиданро муҷассам кардааст.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз 14 мамлакати ҷаҳон 154 нафар триатлончиҳои пурқуввату номдор барои ғолибият талош варзиданд.
Мувофиқи шарти мусобиқа иштирокдорон бояд 4 километр масофаро дар об шино карда, 180 километрро бо велосипед гузашта, 42 километру 195 метр масофаро бо давидан тай мекарданд.
Дар ин мусобиқае, ки навъи хеле мураккаби варзиш ба шумор меравад, ҳазорҳо варзишгарони тоифаҳои байналхалқӣ нирӯи худро санҷиданд. Дастаи яккачини Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таърихи шӯрои варзиши байналхалқии ҳарбӣ (CISM) бори аввал иштирок карда бошад ҳам, дар талошҳои шавқовар нирӯ ва иродаи худро барои ғалаба зоҳир намуда, дар ҳисоби ҷамоавӣ баъд аз намояндагони Федератсияи Русия ҷойи дуюмро ишғол кард.
Ҳамватанамон, намояндаи Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчии ҳарбии шартномавӣ Алина Ҳакимова дар байни тамоми иштирокдорон сазовори ҷойи дуюм шуд, дар байни варзишгарони аз 18 то 24-сола бошад, ҷойи аввалро ба даст овард. Ҳамчунин Алина ба чемпионати ҷаҳон оид ба триатлон, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Кона (ИМА) баргузор мегардад, барои иштирок роҳхат гирифт.
Намояндагони дастаи яккачини мо аз варзишгарони кишварҳои оид ба триатлон машҳури дунё, аз ҷумла Испания, Фаронса, Олмон, Белгия, Венгрия пеш гузаштанд.
Варзишгаронамон бо кӯмаки Федератсияи триатлони Ӯзбекистон ва мураббиёни ботаҷрибаи маркази варзиши Вазорати мудофиа ба мусобиқа тайёрии ҷиддӣ дида буданд. Намояндагони аз шароитҳои фароҳамовардашуда бомуваффақият истифода бурдаи мо аз ҳар ҷониб обутоб ёфтанд ва бо натиҷаҳои ҳангоми мусобиқа бадастовардаи худ ба эътимод ва эътибори нисбати онҳо зоҳиргардида ҷавоби муносиб доданд.
Бояд таъкид кард, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз аз байни кишварҳои Осиё танҳо дастаи яккачини Ӯзбекистон иштирок кард. Бешубҳа, шартҳои мусобиқа осон набуданд, бинобар ин дар он аз ҳар давраи мураккаб бо комёбӣ гузаштан худ як ғалаба буд.
6 июл намояндагони дар ин мусобиқаи бонуфуз ба комёбии баланд ноилгардидаи моро дар Фурудгоҳи байналхалқии ба номи Ислом Каримови Тошканд таҳти садоҳои мусиқии оркестри ҳарбӣ ба тарзи тантанавӣ пешвоз гирифтанд. Дар маросим мутасаддиёни варзиши мамлакат, хешу ақрабои хидматчиёни ҳарбӣ ва варзишгарон иштирок карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: