ЁДБУДИ ШОИРИ ХУШНОМ

Ба вафоти шоири номвари ӯзбек Ойдин Ҳоҷиева як сол пур гашт.

Ба ин муносибат дар пойтахт бо иштироки шоиру нависандагон, олимону муҳаққиқон ва алоқамандони адабиёт ва эҷод ёдбуди ӯ баргузор гардид. Ёдбуд ба рӯзи таваллуди шоир созгор афтод. Нахуст ба онҳое, ки сари дастархонанд, доири фаъолияти ибратбахши шоира филми кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд. Хусусан суханронии Қаҳрамони Ӯзбекистон Иброҳим Ғафуров (ҳамсари шоир) диққати умумро ба худ кашид, ки мегуфт: «Ойдин на ҳама вақт, танҳо дар лаҳзаҳое, ки асири илҳом аст, қалам ба даст мегирифт». Яке аз шогирдони зиндаёд Мунаввара таъкид сохт, бонувони эҷодкор замонҳое гирди Зулфияхонум ҷамъ меомаданд, баъди вай ба Ойдинапа такя карданд, ки ӯ, хусусан адибҳои ҷавонро модарвор таҳи қанот мегирифт».  
Муовини аввали раиси Иттиҳоди нависандагон Минҳоҷиддин Мирзо иброз дошт дар равнақи адабиёти муосири ӯзбек адибаҳо ҳам саҳми босазо дошта бошанд, чанде аз онҳо, аз қабили Зулфия Исроилова, Ҳалима Худойбердиева ва Ойдин Ҳоҷиева базарбтар қалам ронданд ва осори мондагор мерос гузошта, ба дараҷаи шоири мардумӣ расиданд. 
Оиди он ки Ойдин Ҳоҷиева дар байни дугонаҳои ҳамқалами худ овози ба худ хос дошт, Шоири мардумии Ӯзбекистон Маҳмуд Тоир бо ҳарорат ҳарф зад ва шеъри муассире хонд. Намояндагони дин низ раҳматиро ба некӣ ёд оварда, бо амри маъруф ва тиловати оят ба марҳум охирати обод дархост намуданд.
Зодгоҳи Ойдин Ҳоҷиева деҳаи Бӯстони ноҳияи Қизилтеппа аст, ки дар он аз қадим тоҷикону ӯзбекон умр ба сар мебаранд. Риштаи филологии Донишгоҳи давлатии Тошканд-ро хатм кард. Азбаски овони донишҷӯйӣ бо шеърҳои навмашқона, вале ҷолибаш эътибори аҳли қаламро ба худ кашида буд, роҳбарияти онвақтаи маҷаллаи «Шарқ юлдузи» ӯро ба кор хонд ва Ойдин дар ин идора ба сифати ходими адабӣ ва мудири шуъба 11 сол фаъолият бурд. Баъд дар маҷаллаи  «Саодат» ҳамроҳ бо Зулфияхонум кор кард. 
Ба журнали «Гулхан» сармуҳаррир таъин карданд. Баъд сармуҳарририи «Саодат», айни замон иловаи он «Гулчеҳралар»-ро ба ӯҳда гирифт ва дар ин вазифа то соли 2013 фаъолият намуд. Баъди сабукдӯшӣ солҳои охири ҳаёти худро пурра ба оила ва эҷод бахшид.
Соли 1970 аввалин дафтари шеърҳояш бо унвони «Шабнам» рӯйи чоп дид. Солҳои ҳафтодум беҳтарин китобҳои дигари ӯ, аз қабили «Манзилҳо», «Суруде, ки дӯст медорам», «Духтари заркокул ва офтоб», «Гули орзу», «Тароват», «Наво», «Духтараки бибӣ» чун меваи ниҳоли навбар ба дасти хонанда, аз ҷумла хонандаи хурдсол расиданд. Дар солҳои ҳаштоду навад ба дӯстдорони назм «Достонҳо», «Хушхабар», «Модари меҳрубон», «Чашмасор меҷӯям», «Нури дидаи ман», «Ситораи боварӣ» ва дар оғози садаи бистуякум «Шуълаи шом», «Туҳфаи субҳ» барин дафтарҳои шеъриаш армуғоне буданд арзанда. Айни замон ба забони русӣ чаҳор, ба қароқалпоқӣ як маҷмуааш рӯйи дунё дид.
Аввал танҳо шеър нависад, бо ҳидояти устодаш Зулфияхонум дар публитсистика қалам санҷид. Чун журналисти сеҳрбаён низ худро шиносонд.
Достонҳояш мисли «Арӯс», «Таъзим ба ҳаёт», «Достони бачагӣ», айни замон, таваҷҷуҳи дӯстдорони поэмаро ба худ кашид.
Дар ашъораш тараннуми ватан, зебоиҳои табиати диёр ва меҳри падару модар, орзуву ормони абадии ҳаёт ва матонати инсон маҳак ва мавзӯи асосӣ қарор гирифтаанд. Чун идомадиҳандаи анъанаи классикон қасидаҳои ҳасбиҳолӣ низ эҷод кард. Истиқлолу озодиро ситоиш сохт, озодии шахс ва фикрро талқин сохт. Мегуфт эҷодкор дар баробари эҳтиром ба ақидаи дигарон бояд фикри мустақилона дошта бошад. Дар майдони сухан ҷасорат нишон диҳад, дурӯ набошад ва хушомад назанад.
Зодгоҳи худ Бухороро бисёр дӯст медошт ва зуд-зуд хокҷои азизон дар гӯшаҳои барояш муқаддарро зиёрат мекард. Бо гулдастаи шеър ва мақолаҳо, ки дастоварди арзанда буданд, ба Тошканд бармегашт.
Ҳар эҷодкори бухороӣ дар васф ва тараннуми зодгоҳи хеш меҳрнома дорад дар намуди шеър ё дигар жанрҳои адабию публитсистӣ. Дар миёни онҳо «Таронаи Бухоро»-и Ойдин, фикр мекунем, таровати дигар дорад ва хеле самимӣ иншо шудааст.
Баробари эҷоди бадеӣ дар корҳои ҷамоатӣ, хусусан, таъмини фаъолнокии бонувон саҳми муносиб гузошт. Масъалаҳои дардноки зиндагӣ марбут ба ҳаёти занон, меҳнати пурмашаққат ва рӯзгори сангини онҳоро дар як қатор мақолаҳои публитсистиаш ҷасурона ба миён гузошт. Доираи васеи хонандагон аз ҳар гӯшаю канор ӯро ҳамовозӣ намуданд. Мақолаҳои долузарбаш дар мавзӯи модар ва тифл воқеан ҳаётӣ ва қобили таваҷҷуҳ буданд ва якчанд сол пеш иншо шуда бошанд ҳам гумон мекунем дар рӯзҳои мо низ аҳамияти худро гум накардаанд. Дар солҳои навадум Бунёди «Баркамолии милливу иҷтимои»-ро сарпарастӣ намуд.
Ойдин Ҳоҷиева ба сифати мутарҷим аз осори Ш.Петефи, Р.Казакова, М. Дилбози, М. Абулқосимова ва дигар адибони номвар ба ӯзбекӣ намунаҳо баргардондааст. Айни замон шеърҳояш ба русӣ, украинӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, белорусӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва урду тарҷима шудаанд. Аз шоирҳои тоҷик бештар ба Гулрухсор таваҷҷуҳ дошт ва шеърҳояшро бармегардонд.      
Вақте дар «Саодат» кор мекард, бо эҳтимомаш ба мавзуи Тоҷикистон саҳифаҳо бахшида мешуд. Вале як муддат миёни ду кишвар муносибатҳо чӣ тавр сард шуд, ба ҳамаамон маълум. Гоҳ-гоҳ ба наздаш мерафтам. Доир ба вазъи адабиёти тоҷик суолҳо медод. Боре гуфт дугонаҳои ҳамқаламамро пазмон шудам, вале байни мо вақтҳои охир умуман алоқа нест, аз шумо хоҳиш, шеърҳои нави онҳоро агар дарёб созед, маро баҳраманд кунед, ҳеҷ не ба тарҷумаашон машғул шавам, худро таскин диҳам.
Ойдин Ҳоҷиева ба тоҷикӣ низ шеър мегуфт. Дар «Овози тоҷик» чанд ғазалаш чоп шудааст. 
Хидматҳои шоёни шоира дар равнақи адабиёти миллӣ бо унвони фахрии «Шоири мардумии Ӯзбекистон», орденҳои «Эл-рт ҳурмати» ва «Фидокорона хизматлари учун» тақдир карда шуд.
Вай чун инсони меҳрубон ва эҷодкори шинохта дар дилу хотири мардуми мо ҳамеша манзил гирифтааст.

М.ШОДИЕВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: