ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ

Ҳалим Бақоевич роҳхати навбатиро гирифта, ба ном ва манзили бемор назар афканду ҳамшираро ҷуст.

Ҳалим Бақоевич роҳхати навбатиро гирифта, ба ном ва манзили бемор назар афканду ҳамшираро ҷуст. Аммо ҳамшира наменамуд. Ҳалим Бақоевич саросемавор дари хонаҳоро як-як кушода, ӯро аз хонаи охирин дарёфт. Вай ҳамроҳи ду-се ҳамшираи дигар дар назди оина нишаста, ба абрӯвонаш ӯсма мекашид. 
– Визов! – гуфт бетоқатона Ҳалим Бақоевич, – зудтар бошед! 
Ҳамшира абрӯвонашро паронда хандид.
– Дар ҳамин бевақтии шаб-а? – гуфт бо ноз ва коғазеро гирифта, абрувонашро шамол додан гирифт, – қабоқатонро овезон накунед, духтур, ӯсмаамро хушконда гирам.
Нозкуниҳои ҳамшира бори аввал ба Ҳалим Бақоевич нафорид. Вай сари ҷаҳл чизе гуфтан хосту боз худдорӣ намуд. Дарро сахт пӯшида, берун баромад. Илова бар ин, ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ” низ дар ҷояш набуд. Ҳалим Бақоевич ба хонае, ки ронандагон ғун шуда менишастанд, рафт. Ронанда дар он ҷо низ набуд. Духтур дандон хоида, назди навбатдори шӯъба даромад. 
Дар мо кай тартиб мешавад?! – беихтиёр шӯрид ӯ, – парвои бемор надошта бошем, шуъбаи ёрии таъҷилӣ чӣ лозим?!
– Чӣ гап худаш, Ҳалим Бақоевич, – ба чизе сарфаҳм нарафта пурсид навбатдори шӯъба, – дурусттар фаҳмонед.
– Ронанда ку?! Ё беморро дар пуштам бардошта оварданам лозим аст?!
Навбатдор ронандаро бо баландгӯяк ҷеғ зад.
Бемор кӯдак будааст. Ҳалим Бақоевич ба ӯ ёрии нахуст расонда, зуд ба беморхона овард. Духтури қабулхона дар телефон бо кадоме гап мезад. Гуфтугӯ кашол ёфта буд, Ҳалим Бақоевич дигар худдорӣ карда натавонист:
– Ман назди шумо одам овардам, гӯсола не!
Духтур гапро кӯтоҳ карда, гӯшакро дар ҷояш гузошт.
— Инро бозсозӣ гӯяд мешавад, – гуфт духтур аз ҷо хеста истода, – хурсандам, ки он аз шумо сар шуд.
– Аввал ба бемор ёрӣ расонед, баъд писханд мезанед!
Духтур кӯдакро муоина намуда, ба шӯъбаи бемориҳои бачагона сим зад. Духтури бачаҳо ҳаял кард ва худи Ҳалим Бақоевич рафт.
– Шумо дар навбатед ё дар истироҳат?! – духтурро аз ҷои хоб хезонд ӯ, – касал ҳарчӣ шаваду хоби шумо вайрон нашавад! Ҳамин хел? Ман аз болои шумо шикоят мекунам!
Ҳалим Бақоевич беморро дар беморхона хобонд. То беҳтар шудани аҳволи вай дар сараш истод. Муҳимаш, аз ӯ касе наранҷид. Баръакс, духтурон дар назди беморон масъулият ҳис накардани худро пай бурда, қадре ҳушёр гардиданд.
Аммо Ҳалим Бақоевич пагоҳӣ, аниқтараш, пеш аз супоридани навбатдорӣ аз ҳамаи шахсоне, ки шаб ранҷонда буд, узр хоста баромад:
– Мебахшед, фарзанд чизи ширин, аҳволи ӯро дида тоқат карда натавонистам...

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: