ЗАНОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕМ

Занон нисбати мардон рӯҳан қудратноктар.

ЗАНОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕМ
Занон нисбати мардон рӯҳан қудратноктар. Ҷони духтарбача сахт, писарбачаро, ки нозук аст, бояд эҳтиёт кард, мегуфтанд модаркалони раҳматиам.
Зан – тимсоли сабр...
Вале имрӯзҳо сароии сабри бонувон, даст ба худкушизании онҳо, мутаассифона, бештар ба назар мерасад, ки ин басо ташвишангез.
Аз ҳама бадаш ин зумра танҳо худро не, кӯдакони бегуноҳи худро низ ба доми аҷал гирифтор месозанд, ки ин гуноҳ болои гуноҳ.
Чанде пеш дар нуқтаҳои иҷтимоӣ хабар оиди аз болои кӯпрук бо ду кӯдакаш худро ба дарё афкандани як зани намангонӣ паҳн гардид. Сонӣ сокини шаҳри Ширин – ҷавонзани ба ҷонаш сершуда худро ба канал партофтан хост. Зани 31-сола аз вилояти Навоӣ қасд кард бо ин гуна роҳ ба ҳаёти худ ва 3 нафар духтари хурдсолаш нуқта гузорад, хайрият фоҷиа пешгирӣ карда шуд. Сабаб пурсанд, гуфтааст шавҳарам бинобар писар надоштанамон бисёр ҷабр мекунад, таъна мезанад, ки ту «духтарзо!»
Ба наздикӣ, назар ба маълумотҳое, ки идораҳои ҳифзи ҳуқуқ расонданд, зани 38-сола аз вилояти Намангон писари чаҳорсолаашро ба бар гирифт ва худро ба дарёи Норин партофт. Хуб ҳам ин аз назари роҳгузаре пинҳон намонд. Ӯ дарҳол ходими идораи посбонии Гвардияи миллии вилоятро ба кӯмак хост ва ҳарду дарҳол худро ба об андохта, модар ва тифлро аз панҷаи марг раҳо карданд. Офарин ба ин гуна инсонҳои фидоӣ. Вале агар онҳо дучор наомада монанд, аҳволи зан ва тифли ӯ чӣ мешуд?
Ба хаёли он зан, ки ҷавон ҳам не, таҳи чиҳил будааст, оё наомада бошад, ки худкушӣ нафақат гуноҳи азим, ба замми ин ҷиноят аз нуқтаи назари қонун. Бачакушӣ-чӣ, бар замми ин?
Сабаби ин ҳолатро «носозиҳо дар оила», гӯён шарҳ дод зани ба ҳаёти ду инсон қасдкарда.
Додситонии ноҳияи Учқӯрғони вилояти Намангон аз рӯи ин ҳолат мувофиқи моддаи 103 (қисми 1, саъй ба худкушӣ)-уми Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушод.
Мефаҳмем, гоҳо зиндагӣ душвор, вале дар муқобили ҳар гуна мушкилоти он бояд тобовар буд, тавба ва шукрро канда накард. Дигар, бо занҳое, ки рӯҳафтодаанд, бояд бештар кор бурд, дили онҳоро бардошт, меҳрро дареғ надошт. Дар баробари писарбача ва мардҳо духтарбача ва бонувонро, ҳарчанд «ҷонсахт» ва сабуртаранд, бояд эҳтиёт кард!

Ш. МАҲМУДҶОНОВ.

 

ОЛИҲИММАТ
Беҳуда намегӯянд, ки зиндагӣ арсаест бузург, майдонест кушод барои ҳама, чи мардҳо ва чи занон метавонанд дар он ҳартарафа худро нишон диҳанд. Ба қавли Горкийи бузургвор, дар зиндагӣ барои корнамоӣ барои ҳама ҷой ҳаст. Майдон, ки аз далер, далермард ва далерзанҳоямон баробар дар он иқтидор намоиш мекунанд.
Чанд нафар қаҳрамонҳои Ӯзбекистон баромаданд аз байни бонувон. Асосан муаллимаҳо, ки ҳаёти худро ба таълиму тарбияи ҳарҷонибаи насли наврас бахшидаанд. Боз ҳастанд муаллима-модарҳое низ, ки ҳанӯз соҳибаи ин унвони олӣ не, вале, фикр мекунем, қаҳрамонҳои воқеии замон!
Бигирем директори мактаби яке аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Сурхондарё Хосият Қароеваро. Синну солаш аз ҳаштод гузашта, вале ғайрат ва шуҷоати ҷавонӣ дар ҳастии вай ҳамон ҷӯш мезанад. Дар ҳиммат ва ҷавонмардӣ коре мекунад, ки на ҳар мард, на ҳар бойбачаи замон, ки миллиардҳо дорад, аз ӯҳдаи он баромада метавонад.
Хосиятапаи ба маънои воқеӣ олиҳиммат чанд сол аст, ки аз ҳисоби нафақаи худ ва даромади боғе, ки бо ҳамроҳии шавҳараш барпо кардааст, 3 миллион сӯмӣ ҷудо карда, ба хонандагони мактабии болаёқат, ки бо донишҳои амиқи замонавӣ мусаллаҳанд, онро ба сифати стипендия тақсим менамояд. Ба ҳар як толибилми иқтидорнок то 200 ҳазорсӯмӣ!
Ғайр аз ин қаҳрамони даврони мо вақте дид, ки бинои таълимии мактабе, ки дар он роҳбарӣ менамояд, барои толибилмон, ки торафт зиёд мешаванд, тангӣ карда истодааст, аз ҳисоби пасандози шахсиаш бинои иловагӣ барои 100 ҷой созонд.
Ҳама аҳсант хонда ва вақте суол мекунанд «муаллимаҷон, зиндагӣ пасту баландиҳо дорад, чун нафақа ва даромади боғатон ба стипендия нарасад, чӣ кор мекунед?» вай мегӯяд:
– Дуруст, баъзан ин тавр ҳам мешавад, вале шукри зиёд Офаридгорро, ки танҳо нестам, мӯйсафедам дар паҳлӯям, ӯ маро дастгирӣ менамояд.
«Зиҳ!» мегӯем олиҳимматонро ва бо кадом маъное «ҳотамтойҳо»-и замонро. Шоири тоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба хотир мерасад, ки гуфтааст:
Андоз назар ба пиру 
кампир,
Андоз назар. Бубин, 
сабақ гир!

Ш. ГУЛРУХСОР.

 

ҲАМЕША МАВРИДИ ЭЪТИБОР
Бо офарида шудани шароитҳое, ки ба соҳиби илм ва маърифат шудани бонувон мусоидат менамоянд, ҳар гуна ҷамъият, бешаку шубҳа, равнақ меёбад. Вақте модарон маърифатнок нестанд, фарзандҳо низ аз ин неъмати бузург бебаҳра монданашон мумкин. Ҷорӣ шудани сохтори рағбатноксозии занону духтароне, ки мехоҳанд хонда соҳиби маълумоти олӣ шаванд, вале ба ин шароити моддиашон халал мерасонад, аз ин ҷиҳат аҳамияти алоҳидаро молик мебошад.
Ба масъалаи таъмини занони эҳтиёҷманд ба манзил, офаридани шароитҳои мусоиди зист дар оила, ки шахсан Президент сарукор дорад, бонувони мамлакатамон мамнун ва ин гуна иқдоми роҳбари давлат вомедорад онҳо ба ояндаи хуби Ӯзбекистони нав бовар кунанд, азму иродаи қавӣ дошта бошанд.
Зан нафақат таъмингари давомнокии ҳаёт, балки зоти муқаддасест ҳар доим даст ба дуо, ки бо муноҷот аз Парвардигор хотирҷамъию ҳаловат, осудагию нишот мепурсад, поктарин эҳсос – муҳаббат ба фарзандонро дар қалб мепарварад, тимсоли сабр, матонат ва садоқат аст.
Корҳои васеъмиқёсе, ки имрӯзҳо ба ҳал намудани масъалаҳои занону духтарон ва ҳарҷониба дастгирӣ сохтани онҳо нигаронида шудаанд, ба аҳамияти калон молик мебошанд. Ягон масъала дар ин самт, гуфтан мумкин, аз эътибори роҳбари давлат дур намондааст.
Чандест, ки Шӯрои ҷамоатии занони ҷумҳурӣ фаъолият мебарад ва баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоию сиёсии бонувон, дастгирии соҳибкорӣ, кӯмак ба бонувоне, ки дар ҷустуҷӯи касбу кори муносибанд, ҳифзи саломатии модар ва тифл, ҳалли муаммоҳо марбут ба манзил аз муҳимтарин вазифаҳои он қарор гирифтааст. Фикр мекунем, Шӯрои мазкур таҳти сарпарастии раиси Сенат Танзила Норбоева дар ҳаёти занону духтарон саҳифаҳои дурахшон мекушояд. Бо мақсади дастгирии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, ки мунтазам ба ҳалли муаммоҳои бонувон машғуланд, барои онҳо ҷойҳои алоҳида ҷудо ва грантҳо меафзоянд. Роҳбарони секторҳо вазифадор гаштаанд ба бонувоне, ки дар «Дафтари занон» номнависанд, алоҳида кор баранд, тавассути ба роҳ гузоштани дӯзандагӣ, ҳунармандӣ, хонакорӣ, ки касбу корҳои занонаанд, ҳамчунин бо ҷудо кардани майдонҳои кишт бошуғлфарогирии онҳоро таъмин созанд.
Мо, бонувон, дар қалб ҳисси шукрона ба чунин рӯзҳо, бояд дар роҳи расидан ба мақсадҳои нек муттаҳид шавем, баҳри равнақи Модар-ватан ва ояндаи дурахшони фарзандон дониш ва салоҳияти худро сафарбар созем.

В. ПРИМОВА,
омӯзгори литсейи академии назди Донишгоҳи 
давлатии нақлиёти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: