ЖУРНАЛИСТИ КАСБӢ

Мирасрор шояд ҳанӯз вақте дар мактаби миёнаи зодгоҳи хеш — деҳаи Ҳушёри ноҳияи овозадори Сӯх таҳсил дошт, дар дил орзуи журналист шуданро мепарварид.

Вақте хабару мақолаҳояш дар рӯзномаи ноҳиявӣ чоп мешуданд, шодию хурсандияш ҳадду канор надошт.
Баъди хатми мактаб бино ба салоҳдиди падари омӯзгор ва наздикони хеш роҳи Душанбешаҳрро пеш гирифт. Ҳуҷҷатҳояшро ба факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе супорид. Аммо, ба сабаби кам будани донишҳояш аз фанни математика, бахт ба рӯяш нахандид. Ҷавони қавиирода ба деҳа барнагашт. Вақте огоҳӣ пайдо кард, ки дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бахши журналистика низ ҳаст, рӯзона дар фабрикаи пойафзордӯзии Душанбе ба сифати коргар кор кард ва шабона дар курси тайёрии пулакӣ машғул ба хондан шуд. Ҳамон солҳо дохилшавӣ ба факултаи филологияи донишгоҳ ва аз курси дувум таҳсил дар бахши журналистикаро ҷавонони зиёд орзу мекарданд. 
Таҳсил дар курси тайёрӣ бенатиҷа намонд. Соли дигар ба факултаи филология бо холҳои баланд дохил шуд. Панҷ соли таҳсил паси сар мешуд. Дарвоқеъ, дар он солҳо аз зумраи донишҷӯёни беҳтарин 11 нафар ба узвияти бюрои комсомолӣ  интихоб мешуданд. Яке аз ин 11 нафар Мирасрор буд ва дар курси панҷум бо як гурӯҳ донишҷӯён ба сафари Олмони Шарқӣ рафт.
Вақте ба хона бо дипломи донишгоҳ баргашт, қабл аз ҳама шодию хурсандии падар ва модари омӯзгораш интиҳо надошт.
Дар рӯзномаи ноҳиявии «Риштон ҳақиқати» ба сифати мусаҳҳеҳ ба кор шурӯъ кард. Як муддат дар мактаби таълими ҳамагонии ноҳияи Риштон омӯзгор буд. Сипас, дар Афғонистон, ба қавле, қарзи интернатсионалии худро адо намуд. Солҳои 1986-1988 такрор ба Афғонистон сафарбар шуд ва ин бор ба сифати тарҷумон кор кард. Баъди бозгашт як муддат дар саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Риштон ҳақиқати» ба сифати масъули он фаъолият кард. 
 — Вақте ки устоди шодравонам — Очилдӣ Ашуров маро барои кор ба шӯрои қишлоқи “Ҳушёр” даъват карданд, чоруним соли ҳаётамро ба навиштани гувоҳномаҳои таваллуд, ба қайди никоҳ даровардани ҷавонон, иҷрои корҳои дигари шӯрои қишлоқ сарф намудам. Дар ин давра барои тифлакони зиёди мардум исму насаби тоҷикӣ гузоштам ва аз навишти давраи шӯравӣ парҳез намудам. Сонӣ дар мактаб аввал ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат ва баъд директор шуда кор кардам, — мегӯяд Мирасрор Аҳроров.
 Аммо дар дилаш бештар оташи ишқи хабарнигорӣ забона мезад. Баъзан чунин мепиндошт, ки ҳаёташ дур аз маънӣ ва мундариҷа, бидуни шавқу шӯр мегузарад. 
Соли 1995 вай ба ҳайси фрилонс-хабарнигори ғайриштатии бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар водии Фарғона пазируфта шуд ва аз минтақаҳои тоҷикнишини он гузоришҳо таҳияву таълиф менамуд ва ба Прага мефиристод. Орзу мекард, ки мисли дигарон дар ҷамъомадҳои калону бонуфуз иштирок кунад ва аз ҷараёни он гузоришҳо таҳия намояд. Талошҳояш бор оварданд ва солҳо хабарнигори хоси ин радио дар Тошканду Бишкек  таъин гардид.
Як муддат мақоми мудири иҷроияи Иттиҳодияи хабарнигорони хориҷиро ишғол намуд. Баъдан то соли 2010 дар шаҳри Бишкек ба фаъолияти хабарнигории худ дар ин расона идома дод. 
 Солҳои 2011-2012 бори сармуҳарририи Ширкати садо ва симои вилояти Фарғонаро бар дӯш гирифт. Маълум шуд, ки садои тоҷикии ин радио бо айби чанд нафар кормандони он хомӯш шудааст. Қобил ба ёдоварист, ки муддати 43 сол ин радио ҳафтае се маротиба гуфторҳои тоҷикии худро дар мавҷ пахш менамуд. Бо мусоидати роҳбарият ин радиоро барқарор намуд ва тамоми ҳафта барномаи 20-дақиқагиро ба роҳ монд.   
Солҳои 2013-2014 ба ҳайси хабарнигори телевизиони “Орзу”-и Афғонистон кор кард. Соли 2015 ӯ хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилоятҳои Фарғонаю Андиҷон таъин гардид. Бар илова як сол аст, ки ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и Тоҷикистон дар Ӯзбекистон фаъолият дорад.  
Журналистика низ мисли адабиёт жанрҳои худро дорад. Ӯ чун журналисти касбӣ дар ҳамаи жанрҳои он дасти тамом дорад. Хабару мақола ва гузоришу очеркҳои ӯ, ки бевосита дар ҷойи ҳодиса руйи коғаз меоянд, ҷолибу хонданиянд. Солҳои охир ба сифати як паёмнигор аз бисёр корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва мавзеъҳое, ки иншооти бузурги аср бунёд мегарданд, дидан кардаву хабару мақола ва гузоришҳои хонданӣ омода намуд.
Мавсуф аз рӯйи вазифа, ба сифати як хабарнигори варзида, бо бисёр сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот анҷом додааст.  
Ӯ табъи шоирӣ низ дорад, ба қавли худаш, барои худ шеър мегӯяд. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик як маҷмӯаи шеърии ӯ низ ба дасти муштариёни каломи бадеъ бирасад.   
Вай дар навиштаҳояш вожаву ибораҳоеро мавриди корбурд қарор медиҳад, ки дар матбуоти ҳамзабонон фаровон истифода мешаванд. Ба фикрам, шеваю сабки дурустро интихоб намудааст. Зеро аҷдоди дуру наздики мо як шеваи умумифорсӣ доштанд. Аз нигоштаҳояшон кулли форсигӯёни дунё баҳра бурда метавонистанд.  Ӯ аз корбурди ифодаву ибораҳое, ки ба табиати забони мо бегонаанд, мисли «ҳосилдорӣ зиёд мешавад» («ҳосилдорлик кӯпаяди»), «чӣ гуна соҳиби истеъдод буданашонро намоён карданд» («қандай истеъдод эгаси эканликларини намоён этишди»), «объектҳои мазкур то ин вақт холӣ меистоданд») («мазкур  объектлар шу вақтгача бӯш турар эди»), «Кайфияти Лолаопаро мебардорем» («Лолаопани кайфиятини кӯтарамиз»)  ва амсоли он қатъиян парҳез мекунад...
Шоирон шеъру достон ва нависандагон роману қиссаҳояшонро дар шакли китоб ба дасти нашр медиҳанд. Вале журналистон очерку мақолаҳояшонро на ҳамеша дар шакли китоб ба хонандагон пешниҳод мекунанд. Мирасрор (Фарғонӣ) ин кори шоистаи таҳсинро анҷом дод. Чанде қабл нашриёти «Тамаддун нашр»-и пойтахт маҷмӯаи хабару мақола ва мусоҳибаву очеркҳои ӯро таҳти номи «Орзу ва ормон» бо ороишу пероиши олӣ чоп кард. Китоб очерку лавҳа, хабару мақола, мусоҳиба ва гузоришҳоеро, ки дар бораи одамони касбу корашон гуногуни Ӯзбекистон таълиф шудаанд, дар бар мегирад.  Дар маҷмӯа, ҳамчунин, қайдҳои сафар ва бардоштҳои ӯ аз кору фаъолият дар Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, инчунин анҷоми сафарҳои  вай ба Эрон, Туркия  ва Тоҷикистон акси худро ёфтаанд.
Китоб барои филолог ва журналистони ҷавон сарчашмаи омӯзиш мебошад. Ҳарчанд дар кишвари мо бо забони форсии тоҷикӣ чанд номгӯй рӯзномаву маҷалла чоп мешаванд, вале дар муассисаҳои таълими олии мамлакат факулта ё гурӯҳҳое, ки бо омода кардани кадрҳои соҳаи журналистика сарукор дошта бошанд, вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, онҳое, ки журналист шудан мехоҳанд, ё журналистони ҷавоне, ки имрӯзҳо дар нашрияҳои тоҷикӣ кору фаъолият доранд, метавонанд дар навиштани хабару мақола, гузориш, мусоҳиба, лавҳа ва очерк аз ин китоб гирумон омӯзанд.
— Дар мавриди нашри ин китоб муддати дароз фикр кардам. Баъд тасмим гирифтам, ки ба ин кор камари ҳиммат баставу дар чопи он ҷиддан иқдом намоям. Зеро навиштаҳои зиёдам дар саҳифаҳои “Овози тоҷик”  чоп шаванд ҳам, онро одамони зиёд мутолиа намекарданд. Як қисми онҳоро дар шабакаҳои интернет нашр намудам. Ин маро қонеъ накард, зеро ин саҳифаҳо имрӯз ҳастанд ва эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки фардо нопадид шуда мераванд. Барои ҳамин маводамро ҷамъбандӣ кардам ва дар шакли китоб мунташир намудам, — мегӯяд ҳамкорам Мирасрор Аҳроров.
 Ман ба ин ҳарфҳои ӯ ҳамовоз ҳастам. Зеро дар айни ҳол як қисми архиви рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро бо кофтан пайдо кардан амри муҳол гаштааст. Шояд бо дарназардошти ин ҳол чунин ҷамъбандӣ кардану дар шакли китоб чоп кардани матолибе, ки барои дигарон низ қобили пазириш аст, аз фоида холӣ набошад. 
 Вай соҳиби ҷоизаи Шӯрои иттилоърасонии ИМА ба номи Д.Бурк мебошад. Солҳои 2012 ҷоизаи “Журналисти сол”-и бахши вилоятӣ ва соли 2021 ҷоизаи “Журналисти сол”-и Иттифоқи журналистони Ӯзбекистонро ба даст овардааст. Китоби нахустини публитсистии ӯ соли 2008 бо номи “Баҳор боз меояд” дар Бишкек ба нашр расида буд. Мавсуф дар кори тарҷумонӣ низ маҳорату истеъдоди худро сайқал медиҳад. Мирасрор китоби “Гулистони туркӣ ё ахлоқ”-и Абдулло Авлонӣ, маҷмӯаи шеъру ҳикояҳои “Хиёбони дил”-и Юсуф Расул ва достони “Издивоҷи Манас бо Хоникей”-и Шоири халқии Қирғизистон Мар Байҷиевро аз ӯзбекӣ ва русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

А. СУБҲОНОВ.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: