Ўзбекистон – ИМА: дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ баррасӣ шуд

18 октябр дар доираи форуми минтақавии барномаи "Education USA" мулоқоти муовини вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия Сарвархон Бузрукхонов бо намояндагони Департаменти давлатии ИМА ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷонатан Дэвид Ҳеник баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла мубодилаи донишҷӯён, таҷрибаомӯзии профессорону омӯзгорон дар донишгоҳҳои ИМА-ро баррасӣ карданд.

Дар рафти муҳокима барои боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳо дар як қатор соҳаҳо як қатор таклифҳо ба миён гузошта шуданд.

«Мо аз таҳкими минбаъдаи робитаҳо ҷиҳати табодули мутақобилаи донишҷӯён, таҷрибаомӯзии профессорону омӯзгорон дар донишгоҳҳои ИМА ва роҳандозии тадбирҳои мақсаднок манфиатдорем», - гуфт С.Бузрукхонов.

Ҳамзамон пешниҳодҳо оид ба таъсиси барномаҳои таълимӣ дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон мутобиқи тамоюлҳои муосир дар донишгоҳҳои Амрико, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар бораи стипендия ва имтиёзҳо барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии Амрико изҳор карда шуданд.

Дэвид Ҳенник аз суръат бахшидан ба ҳамкориҳо ва пуштибонӣ аз ин пешниҳодҳо изҳори қаноатмандӣ кард.

Дар натиҷаи муколама дар бораи имзои барномаи муштараки табодули донишҷӯён ва таҷрибаомӯзии профессорону муаллимони донишгоҳҳои ИМА созиш ҳосил гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: